Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 муҷрими тоҷик дар Чин ва 3 чинӣ дар Тоҷикистон


Тибқи иттилои додситонии кулли Тоҷикистон дар зиндонҳои Чин 16 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо карда ва 3 шаҳрванди чинӣ дар зиндонҳои Тоҷикистонанд. Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 20 май зимни муаррифии “Созишномаи миёни Тоҷикистон ва Чин дар бораи бозпас гардонидани маҳкумшудагон” гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 16 шаҳрванди Тоҷикистон ва 3 шаҳрванди Чин дар зиндонҳои ҳамдигар адои ҷазо мекунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, аз 16 шаҳрванди Тоҷикистон, ки муртакиби ҷинояти қоҷоқи маводи мухаддир шудаанд, 9 нафар мард ва 7 тани дигар занонанд. Аммо ба иттилои ҷаноби Раҳмонов, 3 шаҳрванди чинӣ, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, яке муртакиби ҷурми таҷовуз ба номус буда ва бақия барои расонидани зарари вазнин ва қочоқи маводи мухаддир, муҷрим шинохта шудаанд. Интизор меравад, Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин дар мавриди бозпас гардонидани маҳкумшудагонро ба тасвиб расонад.

XS
SM
MD
LG