Додгоҳи низомии ҳавзаи Маскав дар як мурофиаи сайёр дар шаҳри Архангелск шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Шаҳбоз Азимовро бо ҷурми ифротгароӣ ба 3 соли “колония – поселение” маҳкум кард. Шаҳбоз Азимов аз сӯи мақомоти ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия дар дар вилояти Архангелск дастгир шуда буд. Тафтишот мегӯяд, ки Шаҳбоз Азимов аз сентябри соли 2013 то июни соли 2014, ки гоҳ дар Архангелску гоҳ дар Қазон ба сар мебурд, дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” як силсила аксу видеову шарҳҳоеро нашр кардааст, ки намояндагони гурӯҳҳои мазҳабии ғайримусалмонро ба гунаи таҳқиоромез тасвир мекарданд. Тафтишот ин маводи нашршударо “даъвати рӯирост дар мазҳари ом ба фаъолияти ифротгароёна” ва “тавҷеҳи терроризм” таъбир кардааст.
Додгоҳи низомии ҳавзаи Маскав Шаҳбоз Азимовро бар асоси моддаҳои 205, 280 ва 282-юми Кодекси ҷиноии Русия дар барангехтани адоват, хусумат ва таҳқири шарафи инсонии гурӯҳи мардум дар заминаи равияи мазҳабии онҳо, даъватҳои оммавӣ ба анҷоми фаъолиятҳои ифротгароёна, даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва дар мазҳари ом сафед ё тавҷеҳ кардани терроризм муҷрим шинохтааст.
Аммо яке аз наздикони Шаҳбоз Азимов, ки бидуни бурдани ном сӯҳбат мекард, рӯзи 13 ноябр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, Шаҳбоз дар асл одами хеле мутаассиб набуд, вале мисли ҷавонони дигари ноогоҳи тоҷик дунболи “муд” рафта, дар саҳифааш наворҳои дар ҳар куҷо дар Интернет дидаашро бознашр мекард. Ӯ гуфт, Шаҳбоз ҳатто дарк намекард, ки барои ин метавонанд боздошт шавад ва он ҳам аз тарафи ФСБ.
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия солҳои ахир бештар бо ҷурми даст доштан дар фаъолиятҳои ифротии мазҳабӣ ва нашри наворҳои ифротӣ дар Интернет боздошт ва маҳкум мешаванд.
Рӯзи 8 ноябр пулиси вилояти Свердловски Русия Аслиддин Нуров ном шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кард, ки ба гуфтаи пулис, қаблан дар манотиқи марзи Покистон бо Афғонистон дар сафи гурӯҳи тундрави Толибон меҷангидааст. Додгоҳи ҷумҳурии Ёқутистони Русия дар тобистони имсол як шаҳрванди тоҷикро бо ҷурми таъмини молии Толибон ва ҷалби афрод ба сафи ин ҷунбиши мамнӯъ ба 4 соли зиндон маҳкум кард.
Дар моҳи июни соли ҷорӣ додситонии ноҳияи Ленини шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловск дар минтақаи Урали Русия аз анҷоми таҳқиқи парвандаи як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон хабар дод, ки ба гуфтаи мақомот, дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” видеоҳои манъшудаи мазҳабиро, ки саршори таҳрик ба адовати мазҳабӣ, аз ҷумла алайҳи масеҳиён ва яҳудиён ташхис шудаанд, нашр кардааст.
Дар моҳи феврали соли равон пулиси шаҳри Маскав аз боздошти як зодаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар Интернет аз номи ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” сомона боз карда, наворҳои видеоии ифротии ин гурӯҳро дар ин сомона нашр мекардааст. Хабаргузориҳо аз қавли мақомоти умури дохилии пойтахти Русия навишта буданд, ки ин мард, ки кӯчаи Образтсов, дар наздикии маркази тиҷории “Савеловский”-и шаҳри Маскав дастгир шуд,бо нашри наворҳои тарғиботии “Давлати исломӣ” амалан ҳамчун мубаллиғи ин гурӯҳи террористӣ фаъолият мекард ва “мардумро ба фаъолиятҳои террористӣ даъват ва терроризмро дар мазҳари ом таблиғ ва сафед мекард.”
Дар Русия ҳудудан 1 миллион аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомот ва коршиносон ин қишри ба сурати умум беҳуқуқро дар муқобили ташвиқу даъватҳои гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хеле осебпазир мешуморанд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки ҳадди аксар аз беш аз 500 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, маҳз дар Русия ба ин ба ном “ҷиҳод” ҷалб шудаанд. Аз ҷумла аз тариқи Интернет ва тавассути наворҳое, ки ҷавононе мисли Шаҳбоз Азимов ноогоҳона ба наворҳои тундрави мазҳабӣ “лайк” ё “класс” мегузоранд ваё ин наворҳоро дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр мекунанд. Бехабар аз онки ин амали онҳо метавонад ҳамчун таблиғи ифротгароӣ ва терроризм таъбир шавад.