Додситонии ноҳияи Ленини шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловск дар минтақаи Урали Русия таҳқиқи парвандаи як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми нашри наворҳои мазҳабии ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Интернетро ба поён оварда, барои муҳокима ба додгоҳи ҳамин ноҳия фиристодааст.
Денис Велябовский, додситони ноҳияи Ленин рӯзи 25 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ифшои номи ин ҷавон худдорӣ кард, вале гуфт, хулосаи айбдоркунӣ алайҳи ӯ бар асоси қисми якуми моддаи 282-юми Кодекси ҷиноии Русия таҳия шудааст. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия (ҳаракатҳо ба хотири таҳрики адоват ва душманӣ, ҳамчунин паст задани шаъну шарафи инсон ваё гурӯҳи одамон ба далели миллат, мазҳаб ваё иртиботаш ба ягон қишри иҷтимоӣ ва бо истифода аз шабакаҳои иттилоотиву телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла аз шабакаи Интернет) ба сифати ҷазо ҷарима ба маблағи аз 100 000 то 300 000 рубл, муодили аз 2 то 6 ҳазор доллар, ваё корҳои маҷбурӣ ба муддати аз 100 то 180 соат, корҳои ислоҳӣ ба муддати то як сол ваё ҳукми зиндон ба муддати то 2 солро пешбинӣ мекунад.
Денис Велябовский гуфт, ин зодаи Тоҷикистон корбари шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” буда, рӯзи 2 апрели соли равон вақте дастгир шуд, ки дар саҳифаи шахсиаш дар ин шабака видеоҳои манъшудаи мазҳабиро, ки ба ақидаи мақомот, саршори таҳрик ба адовати мазҳабӣ, аз ҷумла алайҳи масеҳиён ва яҳудиёнанд, нашр кардааст.
Артём Грасинёв, ёвари додситони ноҳияи Ленини шаҳри Нижний Тагил ба Озодӣгуфт, ин ҷавони дастгиршуда дар асл ба ягон гурӯҳи тундрав рабт надошт,вале ба хотири нишон додани ҷасораташ ин видеоҳоро нашр кардааст: “Ӯ дар ҷараёни тафтиш иқрор кард, ки фақат мехост ба дӯстонаш нишон диҳад, ки чӣ қадар имони қавӣ дорад ва барои дини худ тайёр аст, ҷонашро фидо кунад. Бисёри ҷавонон бидуни андеша ҳарчиро дар саҳифаҳояшон бознашр мекунанд ва ҳатто намефаҳманд, ки нашри адабиёти мамнӯъ ҷиноят аст ва метавонад сабаби боз шудани парванда алайҳи онҳо шавад.”
Тафтишот мегӯяд, яке аз видеоҳои бознашршуда дар саҳифаи ин ҷавони тоҷикистонӣ бо номи “Зов к исламской умме” (“Даъват аз уммати Ислом”)-ро мақомоти Русия ҳанӯз дар соли 2007 ба “рӯйхати сиёҳ”-и наворҳои ифротӣ шомил кардаанд, чунки “ин филм ҳиссибадбинӣ нисбат ба аврупоиҳо, яҳудиҳо, амрикоиҳо ва тамоми мардуми ғайримусалмонро таҳрик медиҳад.” Дар ҳукми манъи ин видео аз ҷумла гуфта мешуд, ки бархе кадрҳои филм ба таври ошкоро ба интиқом ва муқовимати мусаллаҳона даъват карда, низ ба сурати ошкор ходимони сиёсиву низомиеро зикр мекунанд, ки бояд мусалмонон алайҳи онҳо силоҳ бардоранд.
Ин нахустин мавриди боздошти шаҳрвандону зодагони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми нашри наворҳои ифротӣ дар Интернет нест.
Дар моҳи феврали соли равон пулиси шаҳри Маскав аз боздошти як зодаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар Интернет аз номи ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” сомона боз карда, наворҳои видеоии ифротии ин гурӯҳро дар ин сомона нашр мекардааст. Хабаргузориҳо аз қавли мақомоти умури дохилии пойтахти Русия навишта буданд, ки ин мард, ки кӯчаи Образтсов, дар наздикии маркази тиҷории “Савеловский”-и шаҳри Маскав дастгир шуд,бо нашри наворҳои тарғиботии “Давлати исломӣ” амалан ҳамчун мубаллиғи ин гурӯҳи террористӣ фаъолият мекард ва “ мардумро ба фаъолиятҳои террористӣ даъват ва терроризмро дар мазҳари ом таблиғ ва сафед мекард.”
“Давлати исломӣ”як гурӯҳи ифротиест, ки соли гузашта қисматҳое аз Ироқу Сурияро тасарруф кард ва бо ҷорӣ кардани қонунҳои мазҳабии ифротӣ ва қатлҳои ваҳшиёна, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ном баровардааст.
Додгоҳи олии Русия созмонҳои тундрави “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-Нусра”-ро, ки алайҳи ҳукумати кунунии Ироқ ва режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад меҷанганд, ҳанӯз дар поёни моҳи декабри соли 2014 созмони террористӣ эътироф карда, фаъолияти ҳардуро дар қаламрави Русия қонунан манъ кардааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон низ ин ду созмонро моҳи апрели соли ҷорӣ расман манъ кард.
Дар ҳоли ҳозир “рӯйхати сиёҳ”-и адабиёту наворҳои мамнӯъи Русия то санаи 26 майи соли ҷорӣ 2774 китобу навори садоӣ ва видеову филмҳоро дар бар мегирад. Як бахши аъзами ин “рӯйхати сиёҳ”-ро, ки ҳар моҳ дар “Российская газета” – нашрияи расмии ҳукумати Русия – бо охирин иловаҳо аз нав нашр мешавад.
Як бахши аъзами ин “рӯйхати сиёҳ” аз маводи марбут ба гурӯҳҳои тундрави исломӣ, мисли видеои "Ислам победит!" ваё таронаи “Исламскя умма”,иборат аст, ки ба далели таблиғи адовати мазҳабӣ ва вуҷуди саҳнаҳои даҳшатовар манъ шудаанд.
Вале тақрибан нисфе дигар аз адабиёти мамнӯъ дар Русияро видеороликҳову филмҳо ва китобу маводи дигари гурӯҳҳои қавмгарои худи Русия, ба мисли видеои "Нейтрализация Таджика-педофила", китоби “Россия для русских” ё акс бо навиштаи “Убивай чурбанов! Это весело! Это модно!”, ташкил медиҳад.