Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, раҳбари тоҷики Ҳизби таҳрирро боздошт кардааст


Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, дар пайи амалиёти махсус як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро ба гумони раҳбарии бахши созмони ифротгарои "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар Маскав боздошт намудааст.

Вазорати корҳои дохилии Русия аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон хабар дода ва ӯро аз раҳбарони Ҳизби мамнӯи таҳрир (Ҳизб-ут-таҳрир) дар Маскав муаррифӣ кардааст. Елена Алексеева, намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия, гуфтааст, боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи амалиёти муштараки Сарраёсати мубориза бо бунёдгароии ВКД ва Хадамоти амнияти Русия имконпазир шудааст.

Ин ҷавони 25-солаи тоҷик, ки намояндаи расмии ВКД-и Русия аз бурдани номаш худдорӣ намудааст, ба ҳангоми боздошт ба кормандони ниҳодҳои интизомию амниятӣ муқовимат кардааст. Хонуми Алексеева гуфтааст, "фарди боздоштшуда ба ҷалби фаъоли аъзо ба ин созмони террористӣ, таблиғи ғояҳои тундрави исломӣ, паҳн кардани варақаҳо, даъват барои муқобила бо ниҳодҳои интизомӣ ва талош барои бунёди хилофати исломӣ дар ҳудуди Русия машғул будааст".

Рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ кормандони ниҳодҳои интизомию амниятии Русия дар Маскав амалиёти вижаеро роҳандозӣ карданд, ки дар ҷараёни он 22 узви фаъоли Ҳизб-ут-таҳрир боздошт шуда буданд. Бино ба иттилои расонаҳои Русия, бештари афроди боздоштшударо шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, шабакаи телевизионии РЕН ТВ шумори тоҷиконе, ки аз ҷониби ниҳодҳои интизомии шаҳри Маскав боздошт шудаанд, 20 нафар гуфта буд.

Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон Сӯҳроб Иронов ва Аҳрор Раҳимов бар асоси қарори додгоҳи Мешанскии шаҳри Маскав бо моддаи “ташкили созмони фаъолияташ дар Русия мамнӯъ”дастгир шуда ва то 12 декабри соли ҷорӣ дар боздошт ба сар хоҳанд бурд.

Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли муфаттишон далели нигаҳдории ин афрод дар боздоштгоҳро “ба имкони фирори гумонбар дар ҷараёни бозрасӣ ва эҳтимоли таҳдиди онҳо ба шоҳидон” арзёбӣ кард.

Ин барои бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба иттиҳоми узвият дар ин созмони фаъолияташ мамнӯъ боздошт мешаванд. Дар моҳи июни соли ҷорӣ мақомоти ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – дар вилояти Тула Ш.Султонов ном шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи ифротӣ дастгир кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, Ш.Султонов қаблан ба далели иртиботаш бо созмони Ҳизб-ут-таҳрир, ки фаъолияти он дар қаламрави Русия манъ шудааст, аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шуда буд.

Зимнан, Ҳизб-ут-таҳрир як гурӯҳи пинҳонкори мазҳабист, ки ҳанӯз дар солҳои 50-уми асри гузашта дар сарзаминҳои фаластинӣ таъсис ёфта, барои сохтани хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад. Дар нимаи дуюми 1990 бахшҳои ин ҳизб нахуст дар Узбакистон ва баъдан дар Тоҷикистону Қирғизистон ба таври махфӣ фаъол шуданд.

Фаъолияти “Ҳизб-ут-таҳрир”, ки ҳадафи ниҳоии худро ташкили Хилофати исломӣ эълом кардааст, дар Русия, Белорус, Украина, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумули Тоҷикистон мамнӯъ аст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки даҳҳо нафар дар Тоҷикистон барои узвият дар ин созмон боздошт шуда ва дар зиндон ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG