Дуздӣ аз қабристон. Даҳҳо салибу панҷараи масеҳиён куҷо шуд?

Ҷамъияти беш аз 300-нафарии масеҳиёнро дар ноҳияи Ёвон дуздии салиб ва панҷараҳои қабристон ба ташвиш овардааст. Онҳо мегӯянд, сокинони маҳаллӣ ба хотири ҷамъоварии оҳанпора, ки ҳар килояш аз 1 то 5 сомонӣ қимат дорад, салибу панҷараҳои оҳаниро медузданд.

  • Дар ноҳияи Ёвон ду мазори масеҳиён ҷойгир шудааст.
Панҷараҳои атрофи қабри муаллимаамро дуздидаанд. Талош кардаанд, ки оҳанҳои атрофи қабри модарамро низ ба яғмо баранд.

"Ин аксро дар болои кадом гӯр насб кунем?"

Алексей Черков, сокини ноҳияи Ёвон, гуфт, онҳо ба хотири тоза нигаҳ доштани гӯрҳои наздикони худ ва дар байни қабрҳои дигар гум нашудани онҳо салиби оҳанӣ гузошта, атрофашро панҷара мегиранд. «Дар замони Шӯравӣ лавҳаҳои хотиравӣ аз оҳани махсуси титан хеле зиёд буд. Ҳоло чизе намондааст. Дигар он лавҳаҳои хотиравӣ нестанд», - гуфт ӯ рӯзи 24-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Тибқи маълумоти мақомот, масеҳиёни ин минтақа дар ҳар иду маросими мусалмонҳо иштирок карда, ба урфу одати онҳо эҳтиром мегузоранд ва чунин эҳтиромро аз мусалмонон интизор доранд. Черков гуфт, чанде пеш акси занеро ёфтанд, ки аз рӯи лавҳаи хотиравии гӯраш канда буданд. "Ҳоло намедонем, ин аксро дар болои кадом гӯр насб кунем", - афзуд ӯ.

"Панҷараҳои атрофи қабри муаллимаамро дуздиданд"

Сокинони ноҳияи Ёвон мегӯянд, «мисли ин қабрҳои бенишон бисёр шудаанд. Мо аз ин вазъ нигарон ҳастем ва мехоҳем, барои ҳифзи мазори гузаштаҳоямон мақомот ба мо ёрӣ кунанд.»

Ба иттилои ҷамъияти масеҳиёни ноҳияи Ёвон, солҳои охир ба камияш 50 салибу панҷараи атрофи қабрҳо дуздида шудаанд. Вера Тимофеева, раиси ҷамъияти масеҳиёни Ёвон, гуфт, мақомот ваъда додаанд, ки дуздҳоро пайдо карда, барои нигаҳдории қабристон аз ғоратгарон ба онҳо ёрӣ мерасонанд.

«Панҷараҳои атрофи қабри муаллимаамро дуздидаанд. Талош кардаанд, ки оҳанҳои атрофи қабри модарамро низ ба яғмо баранд. Азбаски оҳан мустаҳкам насб шуда буд, дуздон натавонистанд онро бо худ баранд. Ин кори кӯдакон нест. Кори одамоне ҳаст, ки ба тиҷорати оҳанпора машғуланд», - гуфт Тимофеева.

Мақомот: Хабар дорем

ВераТимофеева

Баъзе аз сокинони маҳаллӣ низ мегӯянд, шоҳиди дуздии баъзе салибҳои оҳанӣ ва панҷараи қабристони масеҳиён буданд. Бобораҷаб Норасидов, сокини 82-солаи ноҳияи Ёвон, гуфт, чанд ҷавонро дар ҳолати дуздии оҳани мазор дастгир кард ва ба мақомоти милиса супурд. «Аммо чӣ натиҷа дод, намедонам», - гуфт ӯ.

Исмат Азизов, як масъули Идораи дини ноҳияи Ёвон гуфт, ки бо масеҳиён ҳамкории хуб доранд ва ҳар моҳ мулоқоти корӣ анҷом медиҳанд. Аммо гуфт, аз кандани салибу тахриби санги мазори онҳо хабар надоранд: «Бовар надорем, ки чунин кор дар ноҳия сурат гирифта бошад».

Аммо дар ҷамоати шаҳраки ноҳияи Ёвон, ки ду қабристони масеҳиҳо дар тобеияти онҳост, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, аз тахриби санги мазор ё лавҳаи хотиравӣ ва кандани салибу панҷараҳо хабар доранд ва дар ин бора мақомоти итизомиро низ огоҳ кардаанд.

Ҷамъияти масеҳиёни Ёвон кӯчактар мешавад

Ҷамъияти як замон бузурги масеҳиён дар ноҳияи Ёвон рӯз то рӯз кӯчактар мешавад. Баъзеи онҳо ба Русия кӯч бастаанд ва бархеи дигар рӯзҳои мушкили пириро паси сар мекунанд. Онҳо дар гузашта кормандони корхонаҳои азими саноатӣ буданд.

  • Масеҳиёни ин минтақа асосан православҳо ва баптистҳо ҳастанд.

Бузургтарин ибодатгоҳи православӣ дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ), маркази вилояти Хатлон воқеъ аст, ки дар ҳоли бозсозӣ қарор дорад. Калонтарин қабристони масеҳиён дар минтақаи Кӯлоб дар ноҳияи Фархор ҷойгир буда, беш аз 3000 қабр дорад ва гирду атрофи он бо панҷараҳои оҳанӣ салибҳои хоси ин мазҳаб печонда шудааст.

Дар зимн, дуздӣ дар қабристон солҳои охир бо фаъол шудани корхонаҳои хурди оҳангудозӣ бештар рушд кард. Ғоратгарон натанҳо салибу панҷараҳои қабристони масеҳиҳо, балки санги мазор ва панҷараҳои атрофи гӯристони мусалмонҳоро ба яғмо мебаранд.