Сироҷиддин ба орзуяш расид. ВИДЕО

Сироҷиддин нахустин бор ба Душанбе омад.

Сироҷиддин Қаландарови 14-сола аз як рустои дурдаст бори аввал дар ҳаёташ ба дидани пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рафт. Барои сафари Сироҷиддин ба Душанбе Радиои Озодӣ кӯмак кард. Дар як гузориш дар бораи мушкили оби деҳаи Лолазори ноҳияи Данғара, ки рӯзи 20 август нашр шуд, Сироҷиддин иқрор шуд, ки ба ғайр аз деҳаи худ ҷоеро надидааст ва орзу дорад Душанберо бубинад.

Ин ҳамон лаҳзаҳое буд, ки Сироҷиддин ва дигар кӯдакони деҳа дар сатилҳои калон ба хона об мебурданд ва мегуфтанд, ки эҳтимол таътили ҳамсолони онҳо дар Душанбе бо тафреҳи зиёд мегузарад.

Рӯзи 15 октябр хабарнигори Радиои Озодӣ бо иҷозати модари Сироҷиддин ӯро аз хонааш дар деҳаи Лолазор гирифт ва савори мошин ба самти Душанбе ҳаракат кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сафари аввалини Сироҷиддини 14-сола аз Лолазор ба Душанбе

Сироҷиддин ҳаяҷон дошт, ки мегуфт, “Хушҳолам, ки ба Душанбе меравам.” Роҳи дароз аз Данғара то Душанбе барои Сироҷиддин каме мушкил шуд. Дар роҳ чанд дафъа дилаш шӯрид ва мошинро нигоҳ дошта, ба ҳавои тоза баромад.

Ниҳоят 140 километр роҳ пушти сар шуд ва мошини "Опел"-и ронандаи ношинос Сироҷиддину хабарнигорро ба Душанбе овард. Яке аз аввалин ҳарфҳое, ки аз забони Сироҷиддин баробари дидани хиёбони марказии пойтахт – Рӯдакӣ садо дод, чунин буд: «Шаҳре, ки дар телевизион дидаам, воқеан зебо будааст. Ин ҷо ҳама сабз аст, гул мешукуфад. Кош дар деҳаи мо ҳам об фаровон буд ва дарахтон сабзу дилкаш мешуданд».

Меҳмони нав Душанберо боронӣ дид, вале аз ин нороҳаат набуд. Мехост ҳамаро бубинад, ба телефони ҳамроҳаш селфӣ кунад, то ба дӯстону ҳамдеҳагонаш нишон диҳад. Қасри миллат, парчам, китобхонаи миллӣ…. Ин ҳамаро Сироҷиддин дигар на аз наворҳои телевизион, балки аз дидаҳояш медонад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз хокбозӣ то олами маҷозӣ. Ҳаққи падар барои назорати писар дар Интернет. ВИДЕО

Сироҷиддин ҳамагӣ 14 сол дорад ва намедонад, ки дар оянда бо чӣ кор машғул мешавад. Вале баъди дидан Душанбе дар дил як ҳавасу орзу нав пайдо кард, ки шояд вақте бузург шуд, дар пойтахт кору зиндагӣ кунад.

Зимнан, омӯзгорони мактаби 58-и ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш, ки Сироҷиддин Қаландаров онҷо таҳсил мекунад, ӯро як шогирди фаъол ва зирак меноманд ва мегӯянд, агар баъди хатми мактаб ин писар дар як донишгоҳи Душанбе таҳсил кунад, аз ӯҳдааш мебарояд.

Сафари якрӯза ба Душанбе зуд анҷом ёфт, фурсати бозгашт ба Данғара ҳам расид. Дили Сироҷиддин пур аз фараҳ буд. Гуфт, барои модар як ҳадяи хубе мебарад, ки ин ҳам нигористони аксҳо аз Душанбе ва селфиҳояш мебошад.