Гуфтам, агар айби кӯдак аст, ба 70-солагиам нигоҳ накарда, аз муаллимаш узр мепурсам. Дигар бо ҳамин набераамро надидам
Пас аз тафтиши қазияи худкушии Саидакбар Мӯсоев, хонандаи синфи 8-и мактаби рақами 62 дар деҳаи Сариқамиши ноҳияи Ёвон, нисбат ба муаллими ин мактаб парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Як манбаъ дар додситонии ноҳияи Ёвон рӯзи 30-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Наврӯз Содиров – омӯзгори 34-солаи ноҳия – барои “иҷро накардани масъулиятҳои худ оид ба тарбияи ноболиғ” гумонбар дониста мешавад.
Муаллим дар бозпурсӣ чӣ гуфт?
Ба қавли манбаъ, ҳангоми бозпурсӣ омӯзгор тасдиқ кардааст, ки барои халал расондан ба дарс Саидакбар Мӯсоевро “гӯшмол” дод ва аз синф берун намуд. “Муаллим гуфт, хонанда дар синф бетартибӣ кард ва ӯро як-ду шапалоқ зада аз дарс пеш кардааст”, - афзуд мусоҳиби мо дар Додситонии ноҳияи Ёвон.
Саидакбар Мӯсоев, хонандаи синфи 8-ум, рӯзи 18-уми майи имсол, баъди бозгашт аз мактаб дар манзили зисташон худро ба дор овехт. Бархе аз хонандаҳои мактаб ва сокинони деҳа, он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки худкушии Саидакбар дар пайи сарзаниш ва “гӯшмол” шудани ӯ дар мактаб рух дод.
Ба нақли онҳо Саидакбар бо шӯхиву луқмапартоӣ, хашми муаллими навро меорад ва дар натиҷа омӯзгор ӯро аз гӯшаш кашида, аз синф берун мекунад.
Хонанда узр хоста, ба дарс баргаштааст
Аммо таҳқиқи додситонии Ёвон ҳолати ба худкушӣ расонидани хонанда аз сӯйи омӯзгорро ошкор накардааст. Ҳамсуҳбати мо дар ин ниҳод гуфт, “хонанда баъд аз ин “гӯшмол” аз муаллим бахшиш пурсида, дар соати севуми дарс иштирок кардааст. Пас аз дарсҳо низ бо хушҳолӣ ҳамроҳи ҳамсинфонаш аз мактаб рафтааст.”
Афроди огоҳ аз ин парванда бар ин андешаанд, ки эҳтимол хонанда аз тарси онки барои ин амалаш дар мактаб ва ранҷондани омӯзгор, дар хона сарзаниш мешавад, худкушӣ кардааст. Дар зимн, баъди баҳси байни Саидакбар ва омӯзгор бобои ӯ (падараш дар муҳоҷират буд) ба мактаб даъват шудааст.
Бобо: Дигар набераамро надидам
Қурбон Мӯсоев, бобои Саидакбар, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ ӯ аз қазияи сарзаниш шудани наберааш аз тарафи омӯзгор огоҳ буд. Ва дар ҳузури мудири мактаб ва муаллими таърих ӯ ваъда додааст, ки агар воқеан наберааш дар ин қазия гунаҳкор аст, узр хоҳад пурсид. Аммо ба гуфтаи Қурбон Мӯсоев, ӯ ҳанӯз баъди ин гуфтугӯ набераашро аз наздик надида, хабари марги ӯро шунид.
“Ман ба утоқи мудири мактабам даромадам. Муаллим бо журнал ба наздам омад. Журналро кушода, баҳои набераамро дидам. Он ҷо баҳои хубу аъло дидам. Гуфтам, агар айб аз тарафи кӯдак аст, ман ба 70-солагиам нигоҳ накарда, аз муаллим узр мепурсам. Дигар бо ҳамин ман набераамро надидам”, - нақл кард ӯ.
Қурбон Мӯсоев, бобои Саидакбар мегӯяд, наберааш ягон беморӣ надошт ва бо баҳои хубу аъло мехонд. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Ёвон, ки аз қазия хуб огоҳ аст, гуфт, барои пешгирӣ аз худкушиву нофаҳмиҳо байни омӯзгору хонанда дар мактабҳои ноҳия чорабиниҳо баргузор мекунанд.
Омӯзгор се моҳ пеш ба кор шуруъ карда буд
Наврӯз Содиров, омӯзгоре, ки чанд соат пеш аз худкушии Саидакбар Мӯсоев хонандаи синфи 8, ӯро “гӯшмол” дода буд, дар асоси роҳхати шӯъбаи маорифи Ёвон аз 8-уми марти соли 2018 дар муассисаи таълимии рақами 62- ин ноҳия ба кор сар кардааст. Вай аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс мегуфт. Ҳоло парвандаи омӯзгор ба додгоҳи ноҳияи Ёвон фиристода шудааст ва худи муаллим дар озодист. Дар ҳолати исбот шудани гуноҳи омӯзгор дар додгоҳ ба ӯ бар асоси модаи 174 -и Кодекси ҷиноӣ маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол таҳдид мекунад.
Се сол пеш, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Асламшоҳ Султоншоев, муаллими риёзиёти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзиширо барои "гӯшмол"-и шогирдаш 10 ҳазор сомонӣ ҷарима карда буд.
Парванда алайҳи ин омӯзгор ва сару садоҳо дар бораи худкушии хонандаи синфи 8 дар Ёвон пас аз баҳсу сарзаниш шудан аз сӯйи омӯзгор дар ҳолест, ки ахиран додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт як омӯзгори 26-соларо барои латту кӯб ва муносибати бераҳмона бо хонанда 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.
Дар хабаре, ки Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нашр кард, гуфта шудааст, муаллимаи фанни забону адабиёт моҳи октябри соли 2017 барои ҳозир нашудан дар дарс хонандаро задааст.
Муҷозоти муаллима барои "гӯшмол"-и хонанда
Бино ба иттилои расмӣ, дар 3 соли охир шаш ҳазор омӯзгор барои иҷро накардани масъулиятҳои худ ва ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба додгоҳ кашида шудаанд. Дақиқ нест, ки чӣ теъдод аз ин омӯзгорон барои латту кӯб ё паст задани шаъну шарафи хонанда ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Се сол пеш, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ Асламшоҳ Султоншоев, муаллими риёзиёти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзиширо барои "гӯшмол"-и шогирдаш 10 ҳазор сомонӣ ҷарима карда буд. Лаҳзаҳои "гӯшмол" додани шогирд аз ҷониби ин устод наворбардорӣ шуда, дар шабакаи Ютуб нашр гардид.
Ба ҷавобгарӣ кашида шудани омӯзгорон ва шикояти волидон аз муносибати нодуруст ва ҳатто аз зӯроварӣ нисбат ба наврасон дар ҳолест, ки омӯзгорон аз мушкил шудани тарбияи насли наврас ва одобу ахлоқи онҳо нигаронӣ доранд. Онҳо мегӯянд, наврасон дар бархе маврид омӯзгоронро асабӣ мекунанд.
Омӯзгори як мактаби миёна гуфт, ҳоло онҳо агар кӯдак дар дарс бетаваҷҷӯҳӣ ва халал ворид созад ҳам, дигар метарсанд танбеҳ диҳанд ё сарзаниш кунанд.