Сохтмони биноҳои 220 миллион долларии ҳукумату порлумон оғоз мешавад.ВИДЕО

Тарҳи бинои порлумони Тоҷикистон

Мақомоти расмӣ мегӯянд, бунёди бинои нави порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе ба зудӣ оғоз мешавад. Барои сохтмони ду бинои боҳашамат Чин 220 миллион доллар кӯмаки бебозгашт ихтисос додааст.

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон рӯзи 17-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт сохтмони ҳарду бино ба камияш чаҳор сол тӯл мекашад. Ӯ афзуд: “Биноҳо бисёр калон аст. Масоҳати бино аз 42 то 44 ҳазор метри мураббаъ, ки аст, то се–чаҳор солро дар бар мегирад ва ба сифат низ аҳамияти зиёд медиҳем.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сохтмони биноҳои 220 миллион долларии Тоҷикистон оғоз мешавад

Ҷамшед Аҳмадзода ҳамчунин гуфт, мутахассисони чинӣ як бор ба Душанбе омаданд, вале ба сабаби пандемияи коронавирус кор ба таъхир афтод. Мақомот мегӯянд, ки дар сохтмон муҳандисони чинӣ ҷалб мешаванд, вале бар асоси мувофиқа 80 дарсад кормандон аз Тоҷикистон хоҳанд буд. Бунёди биноҳои нави порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон дар ҷойи бинои собиқи шаҳрдории Душанбе ва Вазорати кишоварзӣ сохта мешавад. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз 70 метрро ташкил медиҳад.

Хабари сохтмони ин биноҳо ҳанӯз панҷ сол пеш расонаӣ гардид ва матбуот бо такя ба қавли мақомот гуфта буданд, ки ҳазинаи тарҳро Арабистони Саудӣ пардохт мекунад. Баъдан, ин сарусадоро Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх, раиси Маҷлиси Аш-Шӯро ё порлумони Саудӣ, ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон таъйид кард. Вале баъдан сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кишвараш сохтмони бинои нави порлумонро сармоягузорӣ намекунад ва ба ин баҳс дар матбуот нуқта гузошт.

Бинои ҳукумати Тоҷикистон бояд чунин шавад.

Бинои ҳозираи порлумони Тоҷикистон дар аввали солҳои 1950-ум аз рӯи тарҳи меъмор Стефан Анисимов бунёд шуда, ба истилоҳ “неокласисизм” аст. Қаблан ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар як нома ба унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хоста буданд, ки ҳадди ақал 10 бинои таърихӣ дар пойтахти кишвар бо шумули чойхонаи "Роҳат", бинои шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзӣ, Театри Лоҳутӣ, Кохи раёсати ҷумҳурӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон нигаҳ дошта шаванд.

Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд ва мегӯянд, ҳудуди пойтахт аз ҳисоби заминҳои атроф васеъ карда шавад. Ғафур Шерматов, муаррихи тоҷик дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд: “Ҳоло дар Душанбе кӯчаҳои қадимӣ намондаанд. Мо маркази таърихии шаҳрро аз даст медиҳем. Дуруст аст, ки хиёбонҳо мемонанд, аммо бинову ҳавлиҳои қадимӣ аз байн бурда мешаванд. Ҳатто дарахтҳои қадимӣ бурида шудаанд. Барои чӣ мардуми тамоми ҷаҳон мехоҳанд ба Париж сафар кунанд? Онҳо мехоҳанд, кӯчаҳои қадимии ин шаҳрро бинанд. Зеро дар ин шаҳр биноҳо аз қарни 13 мондааст. Барои чӣ мардум ба Прага мераванд? Зеро, мехоҳанд шаҳри қадимиро бубинанд. Агар мо ҳадаф дорем, ки сайёҳиро рушд диҳем, бояд кӯчаҳои қадимии Душанберо ҳифз кунем”.

Аммо мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақа сохта шавад. Чин дар ҳоли ҳозир яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Ин кишвар то кунун чандин иншоотро бо кӯмакҳои молии бебозгашт ва қарзҳои дарозмуддат дар Тоҷикистон сохта ва ба истифода додааст.

Мунтақидони ҳукумат ҳамчунин гуфтаанд, ки беҳтар аст, ҳукумат ба ҷойи ҷалби маблағ барои сохтмонҳои боҳашамат барои арсаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла соҳаи маориф, сармоя ҷалб кунад, ки мактабу муаллимони кофӣ надорад.