“Доғи сиёҳ”-и қисмҳои низомии Тоҷикистон

Додгоҳи низомии Тоҷикистон ҳукми як сарбозеро бетағйир гузошт, ки бо гуноҳи ба марг расонидани ҳамхидматаш Шӯҳрат Таваллоев ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст. Марги мармузи сарбози артиш дар моҳи октябри соли гузашта бори дигар таваҷҷӯҳро ба муносибати байни сарбозону нақши фармондеҳони онҳо ба ҳангоми ихтилофҳо эҷод кард.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегӯянд, ки асрори бархе ҷинояту фоҷеаҳо дар артиши Тоҷикистон то охир нокушода мемонад, чун дар таҳқиқи комилу мунсифонаи ин қазияҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҳодисаҳо, ки гоҳҳо афсарон ҳам мебошанд, ба манфиат нест.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегӯянд, ки асрори бархе ҷинояту фоҷеаҳо дар артиши кишвар то охир нокушода мемонад.

Натиҷаҳои тафтиши навбатии марги мармузи сарбози қаторӣ Шӯҳрат Таваллоев сабабҳои худкушии эҳтимолии ин ҷавонро собит накард.

Ба қавли Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои волидони сарбози кушташуда, “тафтишот латту кӯб шудани Шӯҳрат Таваллоев аз тарафи Мирзоҳомид Мирзобоевро собит кардааст, вале барои чӣ Шӯҳрат худашро парондааст маълум нест ва ошкор нашудааст. “ –гуфт Дилшод Ҷӯраев.

Ба қавли вакили дифои тоҷик, онҳо ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд. Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе, Мирзоҳомид Мирзобоевро моҳи январ бо гуноҳи “муносибатҳои ғайрионномавӣ “ ва ё бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Имомдод Таваллоев, падари сарбози ба ҳалокатрасида Шӯҳрат Таваллоев.

Ба гуфтаи додситонҳо, Мирзоҳомид Мирзобоев 16-уми октябри соли гузашта, се ҳамхидматаш, аз ҷумла Шӯҳрати 21-сола ва ду сарбози дигарро ба утоқе дароварда ва бо камарбанди сарбозӣ, ба сару манаҳи онҳо задааст. Гӯё баъди ин ҳодиса Шӯҳрат Таваллоев ба ин рафтори ҳамхизмати худ тоб наоварда “худи ҳамон рӯз, ҳангоми дар ҳайати посбонӣ қарор доштан, бо силоҳе, ки дошт, ба зери манаҳаш ду тир меандозад.”

Ин ривоятест, ки волидони Шӯҳрат Таваллоев, сокинони ноҳияи Роштқалъа ба он бовар надоранд ба ин далел, ки ба бовари онҳо, як нафар наметавонад ба худ якбора ду тир бизанад. Онҳое, ки ҳамингуна ба хулосаҳои расмии тафтишот дар заминаи марги фарзандонашон дар артиш бовар надоранд, кам нестанд. Дар миёни онҳо бисёриҳо бовар доранд, ки дар ҳолатҳои зиёд омилони аслии ҷиноятҳо беҷавоб мемонанд ва бо ҳамин сабаб ҳам, вазъи хушунат дар артиш, ки аз масъалаи меҳтарсолорӣ об мехӯрад, ҳалношуда боқӣ мемонад.

Дилрабо Самадова.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки панҷ соли пеш мушкили меҳтарсолориро “як анъанаи манфии хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон” номида буд, мегӯяд, дар давоми се соли охир 13 ҳолати ҷиноие ба қайд гирифта шудааст, ки бо иштироки афсарону фармондеҳон рух дода, аз ин миён дар 9 ҳолат бо марги сарбозон анҷомидааст.

Дилрабо Самадова, раҳбари созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, дар муддати се соли ахир муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳодисаҳои нохуш дар қисмҳои ҳарбӣ афзудааст. Вай мегӯяд, ки масъулиятшиносии афсарони қисмҳои ҳарбӣ, бахусус фармондеҳони ротаву баталёнҳо хеле муҳим аст, чунки дар бисёр ҳолатҳо онҳо ҷавобгар ҳастанд, ки ин ё он ҳодисаи ғайриоинномавӣ рух додааст.

Коршиносон мегӯянд, дар бисёр ҳолатҳо афсарони ҳамин сатҳ аз вуҷуди ихтилофи миёни сарбозон хабар доранд, вале инро аз дигарон пинҳон мекунанд. Барои бархе агар ингуна ҳодисаҳо боиси эҷоди мушкили корӣ аз ҷониби фармондеҳони сатҳи боло шавад, барои дигарҳо бештар масъалаи обрӯ аст, ки ба қавли онҳо, “ба обрӯи ҳарбии онҳо доғ мезанад”.

“Ҳимоят аз афсарони қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти зидахли қудратии кишвар дар баҳсҳои судӣ ва ё пинҳон доштани ҳодисаҳои латту куб ва шиканҷаи сарбозон ба хотири шарафи ҳарбӣ ё худ “честь мундира” ба афзоиши латту куб ва ҳатто маргу мири сарбозон дар қисмҳо мусоидат хоҳад кард”.

Нуралишо Назаров.

Нуралишо Назаров, генерали бознишастаи нерӯҳои сарҳадбонӣ рӯзи 13 феврал дар иртибот ба ин масъала ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳимоят аз “обрӯи ҳарбӣ” дар баъзе ҳолатҳо водор мекунад, ки фармондеҳи қисми ҳарбӣ ва ё раҳбари ниҳоди қудратӣ ҳодисаҳои нангин дар сафҳои худро пардапӯш кунанд ва дар ниҳоят чунин муносибат ҳодисаҳои зӯроварӣ ва шиканҷаву дигар воқеъаҳои нохушро кам намекунад. “Чунин воқеаҳо дар аксари қисмҳои ҳарбӣ дар вазорати мудофиа, сарҳадбонӣ, умури дохила вуҷуд дорад ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ кӯшиш мекунанд барои доғи сиёҳ нагирифтан ва ҳаргуна овозаҳо нашудан, ҳодисаҳои латту куб ва шиканҷаву дигар ҳодисаҳои нохушро пинҳон доранд ва аз тариқи радио ва телевизионҳо пахш намекунанд, ки мардум огоҳ шаванд ва афсарони қисмҳои ҳарбӣ низ эҳсоси масъулият кунанд”, гуфт генереали маъруф.

Бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мутмаинанд, ки дар ҳолати ошкор кардани ингуна ҳодисаҳову ба ҷавобгарӣ кашидани омилон, баръакс мешавад “маризии меҳтарсолорӣ”-ро муолиҷа ва аз такрори фоҷеа дар

Шаҳбол Мирзоев.

оянда худдорӣ кард. Намунаи ин ҳодисаҳо – парвандаи Шаҳбол Мирзоев ва баҳси додгоҳиаш бо Сарраёсати сарҳадбонӣ аст, ки баъди се соли пеш маъюб шуданаш дар як латукӯби шадиде дар артиш, то ҳол рӯи ҷогаҳ аст. Саррраёсати сарҳадбонӣ аз пардохти харҷи пурраи табобати ин сарбоз саркашӣ мекунад.

Волидони Фирдавс Раҳматов, сарбози дигари як қисми ҳарбии Вазорати дифоъ ҳам барои марги писар пардохти танҳо 5 ҳазор сомонӣ маблағро ночиз меҳисобанд. Дар аксари ҳодисаҳои маргу мири сарбозон дар артиш афсарони фармондеҳи онҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва ё бо ҳукми шартиву рамзӣ озод шуда, танҳо ҳамхизматонашон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Вале дар сӯҳбат бо хабарнигорон мақомот эътироф мекунанд, ки бархӯрди ҷиддитар ба масъала ва омилони ҷиноятҳо метавонад вазъро ислоҳ кунад.

Генерал Хушбахт Мироваров, собиқ муовини раиси Кумиссиюни ҳукуматии даъват ба артиш ба Радиои Озодӣ гуфт, Вазорати дифоъ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки чунин ҳолатҳо кам шавад ва барои мубориза бо ин мушкилот ҳамкории наздики мақомот ва матбуот ҳаётан муҳим аст. Аз сӯи дигар, Созмони дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, беҷазо мондани гунаҳкорон, дар дохили қисмҳои ҳарбӣ ба афзоиши ҷурму ҷиноят мусоидат кардааст. Вай меафзояд, аз 18 муроҷиати шаҳрвандон, ки ба созмони онҳо шудааст, дар бисёр маврид сарбозон аз тарс ҳодисаи латтукӯб ва ҳатто маргро пинҳон доштаанд.