Қосимшоҳ Искандаров -- мудири Маркази мутолеоти низоъҳои минтақа ва Афғонистон зери тасарруфи Толибон даромадани то ҳаштод дарсад аз вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистонро аз воқеият дур хонд. Аммо Искандаров, ки 16 май дар ҳамоиши "Чолишҳои муосир дар бахши амнияти Осиёи Марказӣ" дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, "дуруст аст, ки ин гурӯҳҳо дар Бадахшон ва Кундузу Тахор ҳузур доранд ва ҳадафашон кӯч додани ноамниҳо ба шимоли Афғонистон аст".
Ӯ афзуд, "маълум аст, ин гурӯҳҳоро аз Вазиристони шимолии Покистон бо аҳли оилаашон ба ин минтақаҳо кӯч додаанд. Дар назар аст, инҳо ба таври доим ва барои нигарон сохтани кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ фаъолият дошта бошанд."
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории ТАСС рӯзи ҷумъа бо такя ба қавли ҳамсӯҳбатонаш дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон навишт, ки Толибон ҳаштод дарсади Бадахшони Афғонистонро зери тасарруфи худ гирифта, ҳамин тавр, ба марзҳои Тоҷикистон наздиктар меоянд. ТАСС мегӯяд, дар ҳоли ҳозир бархе аз ин гурӯҳҳо дар масофаи хеле наздик бо Тоҷикистон қарор доштаанд ва ин вазъ наметавонад Душанберо ором бигузорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қосимшоҳ Искандаров дар сӯҳбат бо мо интиқоли нерӯҳои ифротӣ ва террористӣ ба шимоли Афғонистонро барномаи тарҳрезишуда донист ва гуфт, шояд ҳадафи аслӣ тарс додани Русия ва Чин бошад, ки яке солҳои сол боз дар ин минтақа қудрат меронад ва дигаре аз роҳи сармоягузорӣ ё "шикам" дар минтақа ҷойи пой дуруст карданист.
Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик, таҳдиди бештарро аз ҳамон гурӯҳҳое медонад, ки аъзояш бархостаи ҳамин минтақа ҳастанд. Ӯ мегӯяд, "бояд аз тоҷикону қирғизҳо ва узбакҳову қазоқҳое, ки шомили ин гурӯҳҳо ҳастанд, тарсид. Зеро афғон дар кишвараш мемонад, аммо ғайриафғон ин тараф меояд. Барои таҳкими амният тавре бояд кард, ки ин гурӯҳҳо агар қасди убури марзро дошта бошанд, бо силоҳ пешвоз гирифта шаванд."
Ҳамин тавр, агарчӣ таҳлилгарони масоили амниятӣ таҷаммӯи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористиро дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд, вале ҳуҷуми онҳоро зери суол мебаранд. Ба бовари ин таҳлилгарон, гурӯҳҳои мазкур ҳомиёни хориҷӣ доранд ва агар онҳо дастури ҳуҷуми низомии васеъ ба кишварҳои Осиёи Маркзиро бидиҳанд, ба вокунишҳои ҷиддии амниятӣ ва низомии Русия рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси минтақаӣ бар ин аст, ки имкон дорад, ба баҳонаи саргарм нигаҳ доштани ҳукуматҳо ва ҷомеаи ин кишварҳо гурӯҳҳои нисбатан хурд беназмӣ ва бесуботиро дар марз ба вуҷуд оранд: "Ин мавзӯъ ба сурати табиӣ иҷрои бархе аз тарҳҳои муҳим дар Осиёи Марказиро монеъ хоҳад шуд. Пеш аз ҳама тарҳҳое, ҳастанд, ки муҷиби ҳассосиятҳо ва рақобатҳои геополитикӣ дар сатҳи қудратҳо мешавад. Манзур қабл аз ҳама идомаи густариши пружаҳои интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин аст. Сохти хатти лӯлаи гази Туркманистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, ҳамчунин сохти баъзе аз роҳи оҳан ва мошингард байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва аз тариқи Афғонистон бо Эрон ва ҳамчунин бо Чину Покистон мебошад. Ман фикр мекунам ба эҳтимоли зиёд ҳадаф аз ҳузур ва таҷаммӯи ин гурӯҳҳо дар марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиё Марказӣ маҳз ҳамин аст."
Дар ҳамин ҳол, Кристиан Форнек, намояндаи Бундестаги Олмон, ки рӯзи шанбе дар "Чолишҳои муосир дар бахши амнияти Осиёи Марказӣ" дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, Олмон намехоҳад Афғонистон ба ҳамн вазъе баргардад, ки дар замони Толибон буд. "Вақте ҳукумат ба
дасти исломиҳо меуфтад, баргардонданаш хеле мушкил хоҳад буд,"--афзуд вай.
Оқои Форнек дар мавриди наздик омадани гурӯҳҳои террористӣ ба марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, "ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худ иҷоза дода наметавонад, ки боз як минтқаи ноором бештар шавад. Аз ин рӯ, Олмон таваҷҷуҳи худро ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бештар хоҳад кард."
Зимнан, рӯзи 14 май Русия наздик ба 500 сарбози нерӯҳои ҳавобурд ё десантиашро ба хотири ширкат дар тамринҳои Паймони амнияти дастҷамъӣ вориди Тоҷикистон кард. Бар хилофи размоишҳои гузаштаи СПАД ин бор чунин машқ бидуни огаҳии пешакӣ сар шуд ва дараҷаи омодагии кишварҳои узвро дар ҳолатҳои изтирорӣ ба намоиш гузошт. Ин аст, ки таҳлилгарон мегӯянд, як сабаби баргузор кардани тамринҳои СПАД дар қаламрави Тоҷикистон ҳам хатарҳои эҳтимолии ношӣ аз Афғонистон аст.