Мақомоти Бодғис мегӯянд, ки минтақаи Ҷунди ин вилояти Афғонистон шаби 9 ба 10 май ба дасти гурӯҳи Толибони мусаллаҳ суқут кардааст. Ба қавли онҳо, нерӯҳои амниятии мустақар дар ин вулусволӣ ба хотири камбуди таҷҳизоти зарурии ҷангӣ натавонистаанд пеши роҳи ҷангҷӯёнро бигиранд.
Баҳоваддин Қодсӣ, раиси Шӯрои вилоятии Бодғис, 10 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир вулусволии Ҷунди ин вилоят таҳти назорати афроди вобаста ба гурӯҳи Толибон қарор дорад. Оқои Қодсӣ афзуд, "вулусволӣ ва ниҳоди амниятии Ҷунд дар муҳосираи Толибони мусаллаҳанд ва онҳо интизори кумаки нерӯҳои иловагиро мекашанд."
Аз сӯи дигар, Мирвайс Мирзаквол, сухангӯи сарпарасти вилояти Бодғис мегӯяд, то кунун омори дақиқ аз талафот дар пайи даргириҳои мусаллаҳона миёни нерӯҳои амниятӣ ва Толибон дар Ҷунд мушаххас нашудааст. Аммо гузоришҳо ҳикоят аз он доранд, ки то ин дам шаш тан аз нерӯҳои афғон дар ҷараёни задухӯрдҳои мусаллаҳонаи шаби гузашта ҷон додаанд.
Ӯ афзуд, ба камияш шашсад тан аз мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон шаби 9 ба 10 май болои вулусволии Ҷунд ҳамла кардаанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ низ будаанд. Бо ин ҳол, Сафия, намояндаи мардуми Бодғис дар Вулуси Ҷиргаи Афғонистон вазъи амниятии Ҷундро шикананда хонда, иддао кард, ки ин масъаларо борҳо бо мақомоти марказии Афғонистон дар миён гузоштааст, аммо онҳо нисбат ба ин вазъият бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намудаанд.
Ӯ мегӯяд, набуди нерӯҳои амниятии кофӣ дар ин вулусволии дурдаст сабаб шудааст, ки Толибони мусаллаҳ ҳар гоҳ болои ин минтақа ҳамлаҳои мусаллаҳона анҷом диҳанд. Мақомоти маҳаллӣ дар Бодғис дар ҳоле аз суқути ин вулусволӣ ба дасти Толибон сухан мегӯянд, ки ҳудуди ду ҳафта қабл ин гурӯҳи мусаллаҳ ҳамлаҳои мушобеҳро дар минтақаи наздик ба сарҳади Туркманистон анҷом дода буданд.
Аз 24 апрели соли ҷорӣ боз даргириҳо дар вилояти Кундузи Афғонистон, наздик ба марзи Тоҷикистон, низ идома дорад. Ба иттилои мақомоти афғон, ин даргириҳо то кунун сад ҳазор нафарро барои тарки ҷои зисташон маҷбур кардаанд.
Муҳаммадумар Софӣ, волии Кундузи Афғонистон мегӯяд, ҷасади 18 ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин вилоятро пайдо кардаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркияву Чеченистон ҳастанд. Ба қавли Софӣ, ин ҷангҷӯёни хориҷӣ аз Толибон ҳимояти молӣ ва фаннӣ ё техникӣ мекарданд. Волии Кундуз ба ин бовар аст, ки ин афрод фориғуттаҳсили мадрасаҳои Покистону Афғонистон буда, таҷрубаи ками ҷангро доштанд.
Ҳамин тавр, вилоятҳои Кундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки бо вилоятҳои Хатлону Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак доранд, бо оғози мавсими гармо ва шурӯи ҳамлаҳои баҳории Толибон ва дигар гурӯҳҳои ҳампаймони онҳо, ҳоло дар нооромӣ ба сар мебаранд. Бисёре аз минтақаҳо дар вилояти Қундуз ҳоло зери назорати Толибон қарор доранд ва ҳатто бархе аз мақомоти афғон аз суқути ин вилоят ба дасти шӯришиён ҳушдор дода буданд.
Вилояти Бадахшон ҳам чандон ором нест дар тозатарин таҳаввулот, шаби 3 ба 4 май бар асари ҳамлаи Толибон ба як постгоҳ дар вулусволии ноороми Вардуҷ, ба камияш 16 корманди пулис кушта ва даҳҳо нафари дигар нопадид шуданд. Тақрибан як моҳ қабл дар ҳамин гуна ҳамла дар вулусволии Ҷурми ҳамин вилоят, тақрибан 30 низомии афғон ба ҳалокат расида буданд.