Ҳунарпешаи ҷавони тоҷик Нилуфар Файзиева дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар шаҳри Чебоксарии Русия сазовори ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан” шуд.
Аз 19 то 24 май дар шаҳри Чебоксарии Русия ҷашнвораи 7-уми байналмилалии синамо баргузор шуд. Дар он филми ҳунарии коргардони рус Лариса Садилова бо номи “Она” ширкат дошт. Дар ин филм нақши аслии занро Нилуфар Файзиева - духтари тоҷик бозӣ кардааст. Ҳайати доварон дар поёни ҷашнвора Нилуфарро барандаи ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан”эълон карданд.
Се сол пеш замоне ки Нилуфарро ба наворбардории филм ба Маскав даъват карданд, вай дар бораи синамо ва офаридани нақш тассаввурот надошт. Коргардонон нақшҳои аслиро маъмулан ба ҳунармандони ҳирфаии синамо медиҳанд, вале дар нақши Мая - қаҳрамони филм - духтаре дар ҳамин синну соли Нилуфар бояд нақш меофарид.
Дастандаркорони филми “Она” ба Душанбе омаданд, то қаҳрамонони филми худро интихоб кунанд. Ин қаҳрамонон бояд нақши муҳоҷири кории тоҷик ва духтари дӯстдоштаи вайро бозӣ мекарданд. Коргардон Лариса Садилова барои иҷрои нақши Ҳамид - писари муҳоҷир Махсум Абдуллоеви донишҷӯ ва барои нақши Майя - духтари дӯстдоштаи вай Нилуфарро интихоб карданд.
Нилуфар дар солҳои таҳсил дар мактаби рақами 1 шаҳри Душанбе дар театр-студияи “Падида” рақси касбиро машқ мекард. Ҳангоми ҷустуҷӯи қаҳрамони муносиб дастандаркорони филм дар ҳамин гуна марказҳои ҳунарӣ бояд “Мая”-ро пайдо мекарданд. Баъд аз сӯҳбат бо Нилуфар онҳо ҳамкорӣ бо вайро пешниҳод намуданд ва баъд аз муддате Нилуфар ба Маскав рафт.
Нилуфар мегӯяд, ки бояд баъд аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳ дохил мешуд, вале дар ҷараёни наворбардории филм дар вилоятҳои Брянск ва Калугаи Русия натавонист ба Душанбе баргардад ва ба донишгоҳ дохил шавад. Ба ин далел ин нақшааш як сол ба ақиб афтод ва як сол баъд ба Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидматрасонии Тоҷикистон дохил шуд ва ҳоло дар Душанбе донишҷӯи соли дуввуми ин донишгоҳ аст.
Ҷоизаи “Нақши беҳтарини зан” дар ҷашнвораи байналмилалии синаморо Нилуфар дар ҳоле дарёфт кард, ки ба маросими арӯсиаш омодагӣ мегирад. Тобистони соли ҷорӣ вай бо дӯстдори худ аз хонаводаи ҳунармандони касбии синамои тоҷик арӯсӣ ва ба қавли худаш, зиндагии навро оғоз мекунад. Вале пеш аз арӯсӣ Нилуфар нахост тавассути матбуот номи дӯстдошта ё ҳамсафари зиндагии ояндаи худро ифшо кунад, танҳо гуфт, ки вай кор мекунад ва ҳунарманд аст.
Бо назардошти ин, ки нақши ягона ва аввалини офаридаи Нилуфар хеле муваффақиятомез аст ва соҳиби чанд ҷоиза низ шудааст, аз вай мепурсам, оё мехоҳад дар оянда низ дар синамо нақш бозӣ кунад?
Нилуфар: “Ман дар ин бора фикр кардам. Ин барои ман хеле душвор аст. Вале ман метавонам дар ин бора фикрамро дигар кунам, чунки ояндаи ман дар пеш аст. Дар айни замон намехоҳам. Албатта, лаҳзаҳое ки нақш бозӣ мекардам, барои ман гуворо буд. Ҳоло ба ман занг мезананд, табрик мегӯянд. Аз Русия занг мезананд. Ман бори аввал аз забони Лариса Садилова - коргардони филм шунидам, ки нақши асосии филм ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан”-ро соҳиб шудааст. Барои ман ин хабари хушҳолкунанда буд. Ифтихор аст, агар инро дар назар гирем, ки як духтари бетаҷриба ва “ҳунарманд”-и ғайрикасбӣ бори аввал нақш бозӣ кардааст. То ҳол Тоҷикистон ин гуна ҷоиза надошт. Барои худи ман ҳам, албатта, ин ғайриинтизор буд.”
Нилуфар мегӯяд, вай бояд хислатҳо ва рафтори Мая ё духтари камтаҷрибаи тоҷикро дар худ таҷассум мекард, ки ба хотири дӯстдораш зодгоҳашро тарк кардааст, то бо вай якҷо бошад ва мушкилиҳои зиндагиро бо ҳам бубинанд. Онҳо дар шароити ногувори муҳоҷират дар як шаҳраки Русия дар хоначаи худсохт ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд ва гаҳ-гоҳе мавриди таъқиб ва таҳқири кормандони интизомии маҳаллӣ қарор мегиранд. Дар ин филм Ҳамид - дӯстдоштаи Майя низ ҷавони тоҷик ва ҳунарманди ғайрикасбист ва дар донишгоҳ таҳсил мекунад.
Лариса Садилова - коргардони филми “Она” дар як сӯҳбати матбуотӣ дар бораи ин филм чунин гуфтааст: “Медонед, дар шаҳраки маҷозии мо дар филм саргузаште пеш меояд, ҷавоне ба он ҷо меояд, духтари дӯстдоштаи худро аз Тоҷикистон даъват карда меорад, вале баъдтар вайро тарк мекунад ва вайро ба ҳоли худ мегузорад.”
Филм бо он поён меёбад, ки дӯстдоштаи Майя худаш танҳо ба Тоҷикистон бармегардад, то дар он ҷо бо духтари дигар арӯсӣ кунад. Вай дар ин бора пеш аз сафар ба Тоҷикистон ба Майя чизе намегӯяд. Майя бо сарнавишти номаълуму торик дар шароити сахт бо ҳоли ногувор танҳо мемонад. Чунин сарнавишт ба ҳақиқати рӯзгори ҷавонони зиёди тоҷик дуруст меояд, ки нокомӣ домангирашон шудааст.
Коргардон Лариса Садилова ва таҳиягар Рустам Аҳадов дар филм нақши ҳамин гуна ҷавонони нокому саргардонро ба намоиш гузоштаанд. Сарнавишти такондиҳандаи чунин ҷавонон баъд аз тамошои филм касро ба андеша водор мекунад. Нақши Майя ва дӯстдоштааш Ҳамид аз зиндагии воқеии муҳоҷирони таҳқирдида, ки дар вазъи беҳуқуқиву ногувор дар шаҳрҳои мухталифи Русия кор мекунанд, гирифта шудааст.
Нилуфар дар бораи рӯзҳои аввали наворбардорӣ чунин мегӯяд: “Ман ҳеҷ гоҳ дар филм нақш бозӣ накарда будам. Бори аввал буд ин. Барои ҳамин дар оғоз мушкилиҳо вуҷуд дошт. Мушкилӣ, албатта, аз аввал то охир буд, вале ман тадриҷан одат кардам ва фаҳмидам, ки ман чӣ нақш бозӣ мекунам. Ба ҳар ҳол, осон набуд.”
Наворбардорӣ ва таҳияи филм се сол давом кард ва нахустнамоиши он соли 2013 дар дар шаҳрҳои Душанбе ва Бишкек барпо шуд, дар пойтахтҳои ду кишвари ба истилоҳ “муҳоҷирфирист”-, ки бештар аз дигарон муҳоҷири корӣ “содир” мекунанд ва пойбанди пулҳои бо машаққат дар чунин шароит ба дастовардаи онҳо мебошанд.
Мавзӯи филм билофосила таваҷҷӯҳи коршиносони синаморо ба худ ҷалб кард ва он дар муддати кӯтоҳ дар ду ҷашнвора ширкат ва барандаи ҷоиза шуд.
Соли гузашта аз 8 то 15 август филми “Она” дар ҷашнвораи 21-уми синамои Русия бо номи “Окно в Европу” дар шаҳри Виборги вилояти Ленинград ширкат дошт. Дар ин ҷашнвора 13 филми беҳтарин дар се бахш ба намоиш даромада буд ва филми “Она” ҳам дар яке аз бахшҳо соҳиби ҷоиза гардид.
Сипас филмро моҳи сентябр дар ҷашнвораи “Московская премьера” ба намоиш гузоштанд. Комёбии ахири ин филм ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан” дар ҷашнвораи Чебоксарӣ, пойтахти Ҷумҳурии мухтори Чувашистони Русия аст, ки Нилуфарро барои офаридани нақши Майя ба як ситораи синамо табдил медиҳад.