Ин филм, ки дар шаҳрҳои Брянску Маскав наворбардорӣ шудааст, қиссаи духтараки мактабхонеро нақл мекунад, ки дар Русия танҳо ва бепушту паноҳ монда, ошиқ мешавад ва мушкилоти мухталифро паси сар мекунад.
Садилова дар сӯҳбат бо сомонаи интернетии www.proficinema.ru гуфтааст, идеяи ин қисса аз ҳодисаи ҳаётие, ки шахсан худаш шоҳид будааст, гирифта шудааст.
Ӯ мегӯяд, шояд баъд аз дидани ин филм бисёр модарон нагузоранд, ки фарзандонашон ба Русия барои корҷӯӣ раванд, чунки ӯ талош кардааст, ҳолати сангини муҳоҷиронро инъикос намояд. “Шахсан, чун як сокини Маскав, тарафдори ҷорӣ кардани виза барои муҳоҷирон ҳастам, чун мутмаинам, ки дар ин сурат шароити буду боши онҳо комилан дигар мешавад”,-гуфтааст ӯ дар мусоҳибааш. Ин коргардон, ки ҳамсараш Рустам Аҳадов решаҳои тоҷикӣ дорад, хостааст, бахше аз саҳнаҳои филмро дар Тоҷикистон наворбардорӣ кунад, вале натавонистааст чунин як иҷозате бигирад.
Вале, ба гуфтаи ӯ, азбаски мӯҳлати наворбардории филм дуруст ба шабу рӯзи ҷанҷоли сари халабонҳои ширкати “Ролкан” ва муддате ҳабс шудани ҳавопаймоҳои онҳо (тирамоҳу зимистони соли 2011) мувофиқ омадааст, барояшон иҷозати сафар ба Тоҷикистонро бо ҳадафи филмбардорӣ надодаанд.
Лариса Садилова умед дорад, баъд аз намоиши филми наваш дар ҷашнвораҳои синамо, ӯ метавонад ин филмро дар "прокат" гузошта, ба доираи васеи тамошобинон, бахусус муҳоҷирони корӣ, муаррифӣ кунад.