Таҳлил. Ҷаҳон аз Трамп 2.0 чиро интизор буда метавонад?

Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелания Трамп

Дар корзори таблиғоти интихоботӣ Доналд Трамп ваъдаҳои бузург дод, ки агар ба  Кохи Сафед баргардад, чӣ корҳое анҷом хоҳад дод. Вале амалан ӯ дар мақоми бозгирифтааш ба чӣ қодир хоҳад буд?

“Бо дастгирии Шумо мо қудрат, ҳукмронӣ, шукуфоӣ ва ғурури давлатамонро бармегардонем,” – мегуфт вай ду ҳафта пеш аз интихобот, - “Барои Амрико ин асри нави тилоӣ хоҳад шуд.”

Ҳоло ки Трамп даври дуюми президентии Амрикоро ба даст овард, аз ҳукумати ояндаи ӯ чиро метавон чашмдор буд?

Посухи ин суол бастагӣ ба посухдиҳанда хоҳад дошт. Ҷонибдорони Трамп дар дохил ва хориҷ бовар доранд, ки “ӯ Амрикоро дубора кабир” хоҳад кард. Бадхоҳонаш ҳушдор медиҳанд, ки Трамп демократияи Иёлоти Муттаҳидаро хоҳад ларзонд.

Ҷанг ва сулҳ

Шеваи корбурди таъсири Амрико ба тамоми ҷаҳон эҳтимол тағйир хоҳад кард.

Трамп гуфта буд, ки метавонад ҷанги Русия дар Украинаро дар “24 соат” поён бахшад. Вай аз Исроил, ки дар ду ҷабҳа дар Ховари Миёна зидди гурӯҳҳои таҳти ҳимояти Эрон меҷангад, хост “корро тамом кунад.”

Питер Скеррӣ, профессори улуми сиёсӣ дар Коллеҷи Бостон, гуфт, интизор дорад, ки Трамп ба “як навъ созише” байни Маскав ва Киев пойфишорӣ хоҳад кард, ки ба пешбинии вай маънии “гузашти бузурги Украина”-ро хоҳад дошт.”

Ба назари Скеррӣ, чандон рӯшан нест, ки Трамп дар мавриди Исроил чӣ хоҳад кард, аммо гуфт “вай шадидан аз Исроил ҳимоят хоҳад кард”, ҳарчанд ҳамзамон талош хоҳад кард, ки Паймони Иброҳимро (Abraham Accords) эҳё кунад. Ин Паймон соли 2020 миёни Исроил, Баҳрайн ва Иморот имзо шуда, ҳадаф аз он барқарор кардани робита байни кишварҳои арабӣ ва Исроил аст.

Чин, ки Трамп дар даври аввали президентияш бо ин кишвар ҷанги тиҷоратиро шурӯъ карда буд, ин бор як чистон хоҳад буд. Трамп ваъда кардааст, ки агар Пекин "ба Тайван ворид шавад" нархи боҷи маҳсулоти чиниро боло хоҳад бурд.

Қаблан вай гуфта буд, ки ба далели равобиташ бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, барои ҷилавгирӣ аз муҳосираи эҳтимолии Тайван аз тарафи Чин, нерӯи низомии Амрикоро ба кор нахоҳад бурд.

Нақши пойи ҷаҳонӣ

Дар 4 соли ҳокимияти пешинааш Трамп, кишварҳои узви НАТО-ро маҷбур кард, ки ҳаҷми зарурии сармоягузории мудофиаро таъмин намоянд, ки то ҳоло иҷро мешавад.

Трамп ҳамчунин Амрикоро аз созмони фарҳангии ЮНЕСКО, Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз (INF) бо Русия, созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, Созишномаи Париж барои коҳиши таъсири тағйири иқлим берун овард. Ва сармоягузории кишварашро ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои вокунишаш ба ҳамагирии Ковид боздошт.

Ҳукумати поёнёбандаи Байден нуфуз ё узвияти ИМА -ро дар ин паймону ниҳодҳо барқарор кард, аммо акнун бо омадани Трамп бисёриҳо амали чаппаро пешбинӣ мекунанд.

Ба гуфтаи сиёсатшинос, Скеррӣ, Трамп “бозигари якфикр ва худхоҳ аст”, ки ба масъалаҳои дохилӣ тамаркуз мекунад. Ва тааҷҷубовар нахоҳад буд, ки Трамп дубора ба маҳдуд кардани ҷойгоҳи Вашингтон дар бархе аз ниҳодҳои ҷаҳонӣ руҷуъ кунад.

Кейтс Нотон, ҳамбунёдгузори созмони амрикоии “Стратегияи Аксарияти Сокит”, гуфт, “Трамп мехоҳад, бештар якравӣ кунад”, вале афзуд, даргумон аст, ки Конгреси Амрико бо ӯ ҳампо шавад ва муқовимат накунад.

Фурсати интиқом

Яке аз тарафдорони Трамп

Трамп пайваста рақибони сиёсии худро танқид карда, онҳоро “душманони дохилӣ” меномид, ки ҳарбиён дар ҳарҷу марҷи пасоинтихоботӣ “ба осонӣ ҳисоби онҳоро хоҳанд ёфт ”

Ин гапи ӯ сабаб шуд, ки ноиб-президенти ҳозира ва рақиби мағлубшудаи ӯ дар интихоботи президентӣ Камала Ҳаррис, қабл аз овоздиҳӣ гуфт, Трамп “ташнаи интиқом, пур аз кинаву адоват ва дар орзуи қудрати номаҳдуд аст”.

Дар дохили кишвар, низоми додгоҳии ИМА яке аз бахшҳоест, ки интизор меравад Трамп онро поккорӣ кунад. Сабаб ҳам парвандаҳои ҷиноии сершуморест, ки ба даври аввали президентии ӯ рабт мегиранд, аз ҷумла парвандаи дахолати эҳтимолӣ ба интихобот ва кӯшиши барҳам задани интиқоли қудрат пас аз шикасти ӯ дар интихоботи соли 2020.

Эътирози тарафдорони Доналд Трамп дар назди бинои Капитолия. Январи 2021

Трамп ҳамчунин гуфтааст, ҷонибдоронашро, ки барои ҳамла ба Капитолий ва ихлол дар маросими тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден зиндонӣ шудаанд, “мутлақан” афв хоҳад кард.

Бештар аз ин аксарият ҳадс мезананд, ки Трамп “Тарҳи 2025”- лоиҳаеро, ки аз ҷониби маркази таҳлилии Heritage Foundation дар Вашингтон барои "маҳви давлати амиқ" ё шабакаи пинҳон тарҳрезӣ шудааст - ҳамчун як қолаб ё намуна барои сиёсатҳои худ истифода хоҳад кард.

Трамп дар маъракаҳои таблиғотии худ иддао кард, ки намедонад ин лоиҳа моли кӣ аст, вале таҳқиқ нишон дод, ки камаш 140 корманди собиқи маъмурияти Трамп дар ин лоиҳа даст доранд.

“Трамп сахт гуфтанро дӯст медорад, аммо хеле кам мешавад, ки корро то охир расонад", гуфт Нотон ва афзуд, "Ҳама гуна интиқомҷӯӣ беназм хоҳад буд ва аз кормандонаш хоҳад бархост. Фикр мекунам, дар Вазорати адлия тағйироти зиёд ба вуҷуд хоҳад омад”.