Сокинони Тоҷикистон шоми 14 ноябр "супермун" ё абармоҳро мушоҳида карданд, ки ба қавли онҳо аз моҳи маъмулӣ фарқ дошт. Донишмандон низ мегӯянд, дар ин шаб моҳ ба андозаи 28 ҳазор километр ба сайёраи замин наздик шуда, ҳаҷмаш 7 дар сад ва дурахшандагиаш 15 дар сад меафзояд.
Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки зоҳир шудани абармоҳро аз тариқи расадхонаи Ҳисор мушоҳида кунад.
Умед Ҳамроев, ходими илмии Пажуҳишгоҳи астрофизика, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, моҳ тақрибан дар соати 16-и рӯзи душанбе ба замин наздик шуд, вале дар фазои Тоҷикистон дар соати 19 мушоҳида гардид. Вай афзуд, "аслан ҳаҷми моҳ бузург намешавад, вале вақте ба замин наздик меояд, ба назар калон менамояд." Чунин ҳолат 67 сол қабл, дар соли 1948, рух дода будааст.
Бархе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, аз рӯи шуниди онҳо наздик гардидани моҳ ба замин боиси фалокат, аз ҷумла сар задани мадду ҷазр дар баҳру уқёнус ва эҳтимоли заминларзаву ҳодисаҳои нохуш дар сайёраи замин хоҳад шуд. Вале нуҷумшиносон ин боварҳоро рад карда, онро як ҳодисаи табиии астрономӣ донистанд. Умед Ҳамроев гуфт, "бар асари фишори моҳ имкон дорад, дар баҳрҳову уқёнусҳо мадду ҷазр ба вуҷуд ояд, вале дар шароити кӯҳистон ҳеҷ ҳодисаи нохуш рух нахоҳад дод."
Баъзе аз сокинони Тоҷикистон дар суҳбати сарироҳӣ гуфтанд, дар бораи наздик шудани моҳ ба замин аз Фейсбук ва расонаҳо хабардор шудаанд, аммо дар мавриди эҳтимоли рух додани фалокат ё нохушиҳо аз забони бузургсолҳо шунидаанд. Бо ин ҳол, яке аз роҳгузарон гуфт, "ҳамаи ҳодисаи заминиву осмониро аз Худо бояд дид. Чӣ воқеае рух диҳад, хости ӯст. Ман дар Фейсбук фаҳмидам, ки моҳ ба замин наздик мешудааст, вале дар бораи рух додани ягон ҳодисаи нохуш бовар надорам."
Хурсанд Ибоддинов, нуҷумшиноси тоҷик ва собиқ масъули Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, низ мегӯяд, абармоҳ бо наздик шуданаш ба сайёраи замин ҳеҷ хатаре нахоҳад дошт. Ӯ гуфт, “азбаски масофаи гӯшаҳои мадори моҳ бо замин фарқ мекунанд, дар вақти чарх задани он дар муддатҳои 60 ё 70 сол кунҷҳои он ба замин наздик шуда, нурафшонии моҳ бештар мешавад. Дигар тамом.”
Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, зоҳир шудани абармоҳро аз тариқи расадхонаи Ҳисор мушоҳида кунад ва ба ин муносибат кормандони ин пажӯҳишгоҳ гуфтанд, аз мушоҳидаҳояшон аксҳоеро дар матбуот ба нашр хоҳанд расонд. Дар назар аст, 25 ноябри соли 2034 боз абармоҳ дубора ба сайёраи замин наздик шавад.
Видеои абармоҳ дар Испания:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад