Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороти: "Сармоягузорӣ шавад, тоҷикон ба кайҳон хоҳанд рафт" ВИДЕО


Дороти Меткалф-Линденбургер
Дороти Меткалф-Линденбургер

Дороти Меткалф-Линденбургер мегӯяд, ки Тоҷикистон дар сурати сармоягузории бештар метавонад, кайҳоннавардони ҳирфаиро омода кунад. Ин кайҳоннаварди маъруфи амрикоӣ, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадааст, рӯзи 5 октябр дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар инҷо таваҷҷуҳи зиёди сокинонро ба коинот эҳсос кард.

Озодӣ: Соҳаи кайҳоннавардӣ дар Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Кайҳоннаврдӣ хеле гарон меафтад. Зеро барои фиристодани як кайҳоннавард ба кайҳон, ҳатто барои Амрико маблағи ҳангуфт сарф мешавад.

Дороти Меткалф-Линденбургер: "Дар ин рӯзҳои сафар мушоҳида кардам, ки ҷавонон ва мактаббачагону донишҷӯён ба кайҳон ва кайҳоннавардӣ таваҷҷӯҳ доранд. Саволҳои зиёд медиҳанд. Дарк мекунанд, ки бояд илмҳои дақиқ, аз ҷумла муҳандисӣ ва кайҳоннавардӣ омӯхта шавад. Ба ин хотир, эҳсос кардам, ки фаҳмиши шаҳрвандону ҷавонон ва наврасони тоҷик нисбат ба соҳаи кайҳоннавардӣ зиёд аст. Дар ҷараёни "Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳоннавардӣ" дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон тавонистам, бо мутаххасисони Пажӯҳишгоҳи астрофизика ва Академияи илмҳои Тоҷикистон низ мулоқот кунам, ки метавонад заминае барои барқарории равобиту ҳамкориҳо дар ин замина гардад."

Суҳбати видеоӣ инҷост:

Дороти: "Сармоягузорӣ шавад, тоҷикон кайҳонро фатҳ мекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Озодӣ: Оё дар оянда имкони барқарории равобиту ҳамкориҳо дар соҳаи кайҳоннавардӣ миёни Амрико ва Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Дороти Меткалф-Линденбургер: "Албатта. Ҳоло фарди бознишастаам ва шахси тасмимгиранда нестам. Вале огоҳам, ки 83 кишвари ҷаҳон дар барномаҳои кайҳоннавардӣ ширкат доранд. Фикр мекунам, Тоҷикистон ва тоҷикон низ дар ин барномаҳо метавонанд ширкати фаъол дошта бошанд."

Озодӣ: Дар бораи худатон метавонед қисса кунед? Чӣ тавр шуд, ки кайҳоннавард шудед?

Дороти Меткалф-Линденбургер: "Ҳангоме хурд будам, дар бораи парвоз ба кайҳон дидаму мутолиа кардам ва маро ин амр ба ҳаяҷон меовард. Ба ин хотир, фанҳои мухталиф, аз ҷумла нуҷумшиносӣ, математика, кимиёро омӯхтам ва ҳамин тавр ба ин ҷода қадам гузоштам. Завқи бештар маро дар оянда кайҳоннавард кард. Волидонам маро дастгирӣ карданд ва ҳатто дар хурдсолӣ маро ба лагер – осоишгоҳи марбут ба кайҳоннаврадӣ фиристоданд. Аз ҷониби шавҳарам низ пуштибонӣ ёфтам ва ӯ корашро тарк карда, ҳамроҳи ман ба Фюстон омад. Аммо, ҳангоме ки духтарчаам 3-сола буд, ба кайҳон парвоз кардам ва, албатта, вай дарк намекард, ки барои чӣ ман муддати ду ҳафта дар хона нестам."

Озодӣ: Гуфта мешавад Шумо дар кайҳон муддати 300 соат будед...

Дороти Меткалф-Линденбургер: "Оре, агар муддати ду ҳафтаро ба соат ҳисоб кунем, ин шояд 300 соат шавад. Рӯзи аввал худамро хуб ҳис накардам ва танҳо рӯзи дувум ба худ омадам ва рӯзи севум эҳсос кардам, ки ба ман маъқул аст. Барои ман таъсирбахш буд. Яке фазои бози кайҳонро дидам; дувум, сайёраи замин ва хонаи худро аз кайҳон дидам ва ниҳоят вулқонеро, ки дар Исландия рух дод, мушоҳида кардам."

Озодӣ: Амрико дар соҳаи кайҳоннавардӣ рушд кардааст ва дида мешавад то сайёраи Миррих расидааст. Чӣ зарурате ба ин буд?

Дороти Меткалф-Линденбургер: "Таҳқиқу омӯзиши сайёраи Марс ё Миррих хеле муҳим аст. Бояд ба суолҳо посух ёфт: Чаро ин сайёра дар аввал хушку гарм буд, ҳамакнун обӣ шудааст? Аз сӯи дигар дар ҳоли ҳозир мо захираҳои заминро истифода мекунем, аммо ояндаро низ бояд фикр кард. Зеро моро лозим меояд, то замоне сайёраи Заминро тарк кунем."

Озодӣ:Ба унвони як фарди ҳирфаӣ ояндаи соҳаи кайҳоннавардии Амрикоро чӣ гуна арёзбӣ мекунед?

Дороти Меткалф-Линденбургер
Дороти Меткалф-Линденбургер

Дороти Меткалф-Линденбургер: "Мо барои ҳимояти истгоҳи байналмилалӣ фаъолият мебарем, бо бахши кайҳоннавардии Русия ва Канада ҳамкорӣ дорем. Ҳамчунин, мо дар заминаи ҳассосияти бадани инсон дар сайёраи Замин ва муқобала бо бемориҳои мухталиф ва чӣ гуна кумак расонидан ба инсонҳо ҳангоми селу обхезӣ, сӯхтор ва дигар ҳаводиси фавқулода ва офатҳои табиӣ ва ҳазорҳо масоили мубрам омӯзишҳо анҷом медиҳем. Ҳамаи ин омӯзишҳо ба хотири таҳқиқи сайёраи Моҳ, астроидҳо ва ҳатто сайёраи Миррих муҳим мебошад."

Озодӣ: Аз назари Шумо чаро соҳаи кайҳоннавардӣ дар Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон рушд накардааст. Аз Тоҷикистон як кайҳоннавард ҳам набаромадааст?

Дороти Меткалф-Линденбургер: "Ман, ростӣ, намедонам, ки барномаи интихоб дар соҳаи кайҳоннавардӣ аз ҷониби Русия чӣ гуна сурат мегирад ва чаро аз Тоҷикистон ба феҳристи кайҳоннавардӣ касе ворид нашудааст. Аммо танҳо як чизро медонам, ки кайҳоннаврдӣ хеле гарон меафтад. Зеро барои фиристодани як кайҳоннавард ба кайҳон, ҳатто барои Амрико маблағи ҳангуфт сарф мешавад. Аммо ман фикр мекунам, ки ҳукумат тасмимгир аст ва самтеро дар ин замина интихоб мекунад ва лозим медонад, ки оё фардеро ба кайҳон бифиристад ё хайр. Умед аст, оянда аз миёни тоҷикон низ кайҳоннавардон пайдо шаванд."

Дороти Меткалф-Линденбургер
Дороти Меткалф-Линденбургер

Озодӣ: Чӣ бояд кард, то тоҷикистониҳо низ битавонанд то кайҳон бирасанд?

Дороти Меткалф-Линденбургер: "Ман ба ин назарам, ки мардуми Тоҷикистон бояд ба кайҳон ва соҳаи кайҳоннавардӣ таваҷҷӯҳи бештар пайдо кунанд ва илмҳоеро дар ин замина омӯзанд. Фикр мекунам, ин амр имкон медиҳад, то аз миёни шаҳрвандони Тоҷикистон низ афроди кайҳоннавард пайдо шавад ва кайҳонро фатҳ кунанд."

XS
SM
MD
LG