Мақомот сабабҳои даст ба худкушӣ задани ин марзбонро таҳқиқ доранд. Ин сарбоз дар яке аз қисмҳои ҳарбии Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ хидмат мекардааст.
Як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, сарбоз Рамазон Ғаниев рӯзи 24-уми август дар назди дарёи Душанбе худро бо банд ба дор овехтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, вақте ҷасадро пайдо карданд дар оғоз шахсияташ маълум набуд ва баъди панҷ рӯз муайян шуд, ки шахси ҳалокшуда сарбоз будааст.
Сабабҳои дақиқи даст ба худкушӣ задани ин сарбози Нируҳои марзбонӣ мушаххас нест.
Рӯзи 2-юми сентябр хабарнигори Радиои Озодӣ ба хонаи волидайни Рамазон Ғаниев рафт, вале пайвандонаш нахостанд дар бораи марги ӯ сӯҳбат кунанд. Танҳо модари Рамазон, ки гиря гулӯгираш мекард афзуд, ки дар Русия буд ва бо шунидани хабари марги фарзандаш ба Душанбе омад:
“Ӯ як ҳафтаина ҷавоб гирифта ба хона омадааст, бояд ба туйи як хешамон мерафт, ба туй нарафтаасту, ҳамин корро кардааст,”- гуфт модари сарбози ҳалокшуда. Хоҳари Рамазон Ғаниев, ки гуфта мешавад, охирин нафаре буд, ки ӯро зинда дидааст, низ бо тақозои хешовандони дигари хонавода аз суҳбат дар ин бобати худдорӣ намуд.
Пайвандони ин сарбоз гуфтанд, ӯ хатмкардаи коллеҷи тиббӣ буда, орзу доштааст, ки пас аз хатми он ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шавад. Вале баъди хатми коллеҷ, Рамазонро ба сафи артиш ҷалб карданд.
Ҳамсояҳои Рамазон Ғаниев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ як ҷавоне буд, ки ба касе озор намерасонд ва ҳамчун табиби ҷавон ҳамеша ба дӯстону ҳамсояҳо дасти кӯмак дароз менамуд.
Марги сарбозон дар пай озору шиканҷа дар сафи артиш борҳо расонаӣ шудааст.
Як рафиқи наздики Рамазон, ки худро Шаҳбоз муаррифӣ кард, гуфт, Рамазон мехост, таҳсилро идома диҳад, вале ӯро иҷборан ба хидмати артиш бурданд.
Худкушии сарбозони тоҷик ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам ҳодисаҳои худкушии сарбозон ва ё дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо мушоҳида шудааст. Бадрафторӣ бо сарбозонро яке аз сабабҳои аслии рух додани фоҷеаҳо дар артиш меноманд. Бархе аз фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, азбаски чунин фоҷиаҳо ба обрӯи хидмати сарбозӣ латма мезанад, дар ҳолатҳои зиёд асрори марги сарбозон пӯшида мемонад ва волидон ҳам бо ҳамин сабаб ба шарҳи расмии марги фарзанд бовар намекунанд.
Дар аксар хабарҳо дар бораи маргумири сарбозон гоҳе мушкили латту кӯб шудани онҳо аз ҷониби кӯҳнасарбозон чун сабаби аслии фоҷеа ном бурда мешавад.