Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбол Мирзоев: Ягона орзуям ин аст, ки рӯзе ба по хезам. ВИДЕО


Шаҳбол Мирзоев. Рӯзи 30-юми апрели 2019
Шаҳбол Мирзоев. Рӯзи 30-юми апрели 2019

Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки панҷ сол пеш ҳангоми хидмат дар артиш маъюб шуд ва ҳанӯз рӯи бистари беморӣ хоб аст, ба синни 27 расид. Дар ин рӯз хабарнигори Радиои Озодӣ ба аёдати ӯ рафт.

Шаҳбол Мирзоев ҳоло дар бемористони шаҳри Хуҷанд табобат мегирад. Вай гуфт, баъди маъюбӣ дар артиш волидону дӯстон, хешу табор ва одамони нек ӯро бо дарду ғамаш танҳо нагузоштанд.

Рӯзи 30-юми апрел, вақте ба дидорбиниаш рафтем, модару ду холаи Шаҳбол дар канораш буданд. Табиби дармонгоҳ дастонашро масҳ мекард. Ҳарчанд дар ҳуҷраи Шаҳбол Мирзоев фазои пурфараҳи таҷлил аз зодрӯз мушоҳида намешуд, ӯ гуфт, аз субҳ чанд паёми табрикӣ гирифтааст. "Сартабиби дармонгоҳ омада, табрик карданд. Аз раёсати тандурустӣ занг заданд. Дӯстонам тамос гирифтанд", -- гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Шаҳболи маъюб: "Орзуям ин аст, ки ба по хезам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00

​Барои Шаҳбол телефони ҳамроҳ ва Интернет василаи иртибот бо ҷаҳони берун аз беморхона ва дидору суҳбат бо дӯстонаш аст. Аммо дар арафаи зодрӯз чунин имконияти ӯро маҳдуд кардаанд.

Ӯ гуфт: "Фейсбукро бастаанд. Хостам, ки даромада табрикоти дӯстонро хонам, боз намешавад. Вайберу ИМО кор мекунад, аммо Фейсбук не."

Шаҳбол моҳи марти соли 2014 бар асари латту кӯби шадиди як ҳамхидматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, ки устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати дароз лозим мешавад.

Ҳоло дастони Шаҳбол нисбатан озодона ҳаракат мекунанд, аммо ҳанӯз ба пояш хеста ва роҳ гашта наметавонад. "Ягона орзуям ин аст, ки рӯзе ба по хезам. Рӯзи 6-уми май аз бистарӣ шуданам 5 солу 2 моҳ мегузарад", -- афзуд ӯ.

​Дар панҷ сол Шаҳбол Мирзоев аввал дар бемористонҳои Тоҷикистон ва баъдан дар як шифохонаи Русия ҷарроҳӣ ва муолиҷа шуд. Солҳои охир дар бемористони шаҳри Хуҷанд аст ва ба қавли наздикон ройгон табобат мегирад. Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол мегӯяд, дар манзили худ дар деҳа, ки шароити хуб, аз ҷумла барқи доимӣ надоранд, нигоҳубини ӯ душвор аст.

Ӯ гуфт, "ба маркази ҷарроҳии асаб дар Тошканд ҳуҷҷатҳои Шаҳболро бурдам. Табибон гуфтанд, ки ба марказ дастгоҳу таҷҳизоти муосири табобатӣ овардаанд. Шаҳболро ба он марказ бурданӣ ҳастем."

Нуъмон Мирзоев ва пайвандони дигари Шаҳбол
Нуъмон Мирзоев ва пайвандони дигари Шаҳбол

Барои латту кӯби Шаҳбол Мирзоев додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдершери воҳиди низомии нерӯҳои марзбониро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ҳамин қисми низомиро ба 1,5 соли корҳои иҷборӣ маҳкум кард. Вале баъди содир шудани қонуни афв, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.

Бо қарори додгоҳ, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ӯ ҳудуди 40 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ пардохт.

Бадрафторӣ яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мемонад, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин зуҳурот ҳама корро анҷом медиҳанд.

Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, бадрафториву шиканҷа ва муносибати дағалона дар сафи нерӯҳои мусаллаҳро решакан кунад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, Шаҳбол Мирзоев яке аз сарбозонест, ки қурбонии бадрафторӣ дар артиш шудааст.

XS
SM
MD
LG