Қасди худкушии Хушнуда. "Гуфт, ки касеро дидан намехоҳад"

Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб як зани ҷавонро, ки қасди худкушӣ дошт, наҷот доданд. Мақомоти донишгоҳ мегӯянд, ин зани ҷавон, ки Хушнуда ном дорад, қасд дошт худро аз ошёнаи ҳафтуми донишгоҳ ба зер партояд.

Вақте ба наздаш рафтам, ҳушдор дод, ки ба зер мепартояд. Аз ӯ пурсидам, чаро ин корро карданист. Гуфт, ки мушкили оилавӣ дорад ва касеро дидан намехоҳад

Манобеи пулис гуфтанд, ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр рух дод ва ҳоло ин зан таҳти бозпурсӣ қарор дорад. То ҳол наздикони Хушнуда дар бораи ин ҳодиса изҳори назаре накарданд, аммо як омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки ӯро наҷот додааст, гуфт, “бештар аз зиндагии хонаводагӣ шикоят кард”.

Орзу Орифов, омӯзгори факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи садои баланди баъзе омӯзгорону донишҷӯён ба берун баромад ва дид, ки ин зан қасд дорад худро аз ошёнаи ҳафтум ба зер афканад. “Вақте ба наздаш рафтам, ҳушдор дод, наё вагарна худамро мепартоям. Аз ӯ пурсидам, ки чаро ин корро карданист. Гуфт, ки мушкили оилавӣ дорад ва касеро дидан намехоҳад”, - нақл кард омӯзгор.

Бархе аз занҳо аз роҳи ғарқшавӣ дар рӯдхонаҳо ба ҷони худ ҷабр мекунанд

Орзу Орифов гуфт, бо як ҷаҳиш духтарро аз макони хатарнок дур кашида, бо ӯ сӯҳбат кард ва аз вуқӯи фоҷиа ҷилавгарӣ намуд. Омӯзгор мегӯяд, баъдан аз зан шумораи телефони ҳамсарашро гирифта, барояш занг задааст. “Гӯширо як зан гирифт ва вақте ба ӯ қазияро фаҳмондам, гӯшӣ хомӯш шуд. Дубора занро бо гап андармон кардам. Рости гап, то ҳол дар ҳолати шок ҳастам. Худам намедонам, чи хел ӯро аз ин кор боздоштам”, - афзуд ӯ.

Мақомоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб гуфтанд, ин зан донишҷӯи онҳо набуд ва маълум нест, аз чӣ роҳе вориди бино шудааст. Омӯзгорон мегӯянд, баъд аз суҳбати аввалия маълум шудааст, ки ӯ сокини шаҳри Кӯлоб буда, ба қарибӣ ба як хонавода дар ноҳяии Восеъ арӯс шудааст. Аз рӯи иттилои аввалия, аз арӯсии Хушнуда ҳанӯз 40 рӯз нагузаштааст, вале дар ин муддат аз зиндагӣ дар хонаи шавҳар хеле азият шудааст.

Тафсилоти аз ин бештар дар бораи қазия дар даст нест.

Раҷаббии Хуршед

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки қазияи худкушии мудҳиши як арӯси чилрӯзаи дигар аз ноҳияи Восеъ дар таърихи 22-юми июни имсол ҳанӯз ҳам сари забонҳост. Дар як изҳороти пеш аз маргаш Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола иқрор шуд, ки шубҳаи ҳамсар ба покдомании ӯ боис ба дилсардӣ аз зиндагӣ шудааст. Моҳи августи имсол додгоҳи ноҳия ҳамсари ӯ Зафар Пировро бо иттиҳоми "то худкушӣ расонидан" ба мӯҳлати 7 сол маҳкум ба зиндон кард.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолатҳо маҳз хушунати хонаводагӣ ва мушкилот дар муносибат бо хонаводаи шавҳар боиси худкушии занони ҷавон мешавад.

Соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки 168 ҳолати он ба занҳо рост меояд. Бархе аз занҳо аз роҳи ғарқшавӣ дар рӯдхонаҳо ба ҷони худ ҷабр мекунанд. Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад.

Қурбониён маъмулан худкуширо ҳамчун роҳҳали мушкилоти зиёди иҷтимоиву иқтисодии худ интихоб мекунанд, ки аз назари фаъолони ҳуқуқи занон, хеле нигаронкунанда аст.