Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Алифмоҳ Худойназарова як моҳ пас пайдо шуд


Алифмоҳ Худойназарова.
Алифмоҳ Худойназарова.

Ҷасади Алимфмоҳ Худойназарова, зани 28-солаи сокини деҳаи Лангари шаҳри Норак, ки ҳудуди як моҳ қабл худро ба дарёи Вахш андохта буд, рӯзи 11-уми июл аз минтақаи нерӯгоҳи Бойғозӣ, пайдо шуд. Додситони вилояти Хатлон рӯзи 12-уми июл бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ин ҷавонзан бар асари муноқишаи хонаводагӣ, худро ба дарё андохтааст. Додситони вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода афзуд, ки шавҳари ин ҷавон аз рӯзи ҳодиса ба ин тараф дар боздоштгоҳ ба сар мебарад ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Алифмоҳ Худойназарова рӯзи 13-уми июн худро дар наздикии нирӯгоҳи барқи обии Норак ба дарёи Вахш партофт. Ба қавли наздиконаш вай думоҳа ҳомила буд. Шавҳари ӯ Муҳаммадзариф Шарифови 42-сола бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ – “ба худкушӣ расондан” ва “чандҳамсарӣ” муттаҳам мешавад. Алифмоҳ аз шавҳари аввалааш талоқ гирифта, як сол қабл ба никоҳи Шарифов даромада будааст.

Ҳодисаҳои худкушӣ ё қасди худкушӣ дар миёни занон дар Тоҷикистон нав нест. Ваҳшатноктарин ҳодиса – худкушии Зӯҳро Маҳмуродова – сокини деҳаи Қибили шаҳри Норак дар якуним соли пеш буд. Ин зан ҳамроҳ бо 4 фарзанди ноболиғаш рӯзи 5-уми феврали соли гузашта худро ба дарёи Вахш афканд.

Ин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, ки дар аксар ҳолат хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад. Соли гузашта дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки 168 нафари онҳо зан будаанд.

XS
SM
MD
LG