Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд мегӯяд, дар минтақаҳои бо Қирғизистон ҳаммарзи Суғд баъд аз марзбании ин кишвар нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ бетағйир мондааст.
Ҷаноби Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, ки ба хотири ба эътидол овардани вазъ пас аз тирпарронии рӯзи 11 январ байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз дар деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар ин минтақа қарор дорад, дар пайи нашри як матлаби Озодӣ дар бораи асароти манфии раҳбандии Қирғизистон дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Озодӣ гуфт, аз бозорҳои Исфара дидан кардааст ва дар ҳоли ҳозир норасоии ягон маводи ғизоӣ ё баландравии нархи онҳо ба мушоҳида намерасад. “Баръакс мушкили таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ дар Бодканд пеш омадааст,” – афзуд вай.
Сокинони минтақаҳои бо вилояти Суғд ҳаммарзи Бодканд маводи аслии ғизоӣ, мисли орду равған ва шакарро аз Исфараву Хуҷанд дастрас мекарданд. Аммо баъд аз марзбандӣ, ба навиштаи расонаҳои қирғиз, мақомоти ин кишвар чанд сокини ноҳияи Лайлак, ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳангоми аз Тоҷикистон бурдани маводи ғизоӣ дастгир кардаанд.
Вале як тоҷирзани биринҷфурӯш, ки ба бозори марказии Исфара аз Бодканд биринҷи “девзира” меовардааст, ахиран ба Озодӣ гуфт, баста шудани марз ба тиҷораташ таъсири манфӣ расондааст. Вай афзуд, баъди раҳбандӣ нархи биринҷ каме боло рафт ва 1 кило биринҷеро, ки пеш ба 6 – 6.5 сомонӣ мехарид, акнун ба 8 – 9 сомонӣ мехарад.
Муовини аввали раиси вилояти Суғд қимат шудани биринҷро рад кард ва гуфт, нархи он дар бозорҳои Исфара тағйир наёфтааст. Ба гуфтаи вай, мисли пештара навъи аввали биринҷ ба 6 – 6.5 сомонӣ ва навъи олии биринҷи “девзира” бо арзиши то 12 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ҷаноби Сангинов дар тавзеҳи суханонаш гуфт, ки вилояти Суғд дар мавриди таъмини сокинонаш бо маводи аслии ғизоиву рӯзгор ва дигар маводи муҳим барои хоҷагии халқ, мисли орду равғану шакар ва биринҷ ва сӯзишворӣ, ки ҳоло аз Русия бидуни боҷи гумрукӣ ворид мешавад, худкифо аст.
Ба вилояти Суғд аз Бодканди Қирғизистон умдатан меваи хушку биринҷ ворид мешавад ва сокинони Бодканд аз минтақаи шимолии Тоҷикистон бештар маводи ғизоӣ мебаранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад