Пешниҳоди омӯзиши яғнобӣ дар мактабҳо (2 ВИДЕО)

Ахиран пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Фарҳангистони улум ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кард, то дар барномаи таълимии мактабҳо дар манотиқе, ки яғнобиҳо онҷо зиндагӣ мекунанд, дарси забони яғнобӣ ворид карда шавад.

Бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт,шарқшиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Забони модарӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО ҳамасола охири моҳи феврал таҷлил мешавад, нишасте таҳти унвони "Забони яғнобӣ ва омӯзишу мушкилоти он" баргузор гардид. Дар ин нишаст сӯҳбат сари забонҳое буд, дар арафаи нобудӣ қарор доранд ва аз ин рӯ ба ғамхории хос ниёз доранд. Бо дарназардошти ин, аз ҳоло барои ҷорӣ кардани фанни забони яғнобӣ забоншиносон омодагӣ гирифтаанд.

Мудири шӯъбаи забоншиносии ин пажӯҳишгоҳ Сайфиддин Мирзоев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "алифбои забони яғнобиро сохтем. Китоби дарсӣ барои синфҳои 2 - 4 омода кардем. Мақсади асосӣ ҳифзи забонҳои гурӯҳи шарқии эронӣ мебошад, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳастанд. Ҳарчӣ бештар кӯшиш мекунем маводҳоро аз он мардумон ҷамъоварӣ карда, ба табъ расонем."

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ ин пешниҳодро қобили дастгирӣ медонад. Абдусаттор Одинаев, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, "он пешниҳодҳое шуданд, ба онҳо пурра мувофиқ ҳастам. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатӣ" ин масъала қайд гардидааст. Ҳамчунин соли 1997 Қарори Ҳукумати ҶТ дар бораи омӯхтани забони яғнобӣ, забонҳои помирӣ ва дигар забонҳои дар қаламрави Тоҷикистон мавҷудбуда баромадааст."

Ягона аҳдофи яғнобиҳо ҳифзи забони модариашон ҳаст, ки онро сарвати бебаҳои худ медоданд. Масъудҷон, ҷавони 20-солаи яғнобӣ муҳассили Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон аст ва волидайни ӯ 45 соли пеш аз Яғноб - макони аслии зисти яғнобиҳо ба ноҳияи Зафаробод муҳоҷир шуданд. Масъудҷон бо вуҷуди он, ки дур аз ҷамъияти яғнобиҳо зиндагӣ дорад, аммо талош мекунад, то забони бобоии худро ҳифз ва ба ояндагон ба мерос гузорад. Аз ҳоло талош дорад, то дар муҳити хонаводагӣ ба ин забон ҳарф занад. Бо забони яғнобӣ ҳатто шеърҳо мехонад. Ӯ мегӯяд, "мо бисёр мехоҳем забони яғнобӣ аз байн наравад. Барои ин кӯшиш ҳам мекунем."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пешниҳоди дарсӣ забони яғнобӣ

Яғноб дарае дар 150 километрии Душанбе воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд аст. Дар баландкӯҳҳои ин мавзеи дурдаст ҷамъияти кӯчаке бо номи яғнобиҳо зиндагӣ мекунанд, ки забону фарҳанг ва шеваи хоси зиндагии худро доранд. Ин ҷамъияти кӯчак мероси бузурги фарҳангии Суғди қадим, як давлати тоҷикон аз 5 ҳазор сол пешро то кунун ҳифз кардааст.

Ибтидои асри 20 то барқарории ҳукумати Шӯравӣ дар ин мавзеъ дар 32 деҳ ҳудуди 4 ҳазор нафар яғнобӣ зиндагӣ мекард. Соли 1970-и асри гузашта мардуми Яғнобро аз мавзеи зисти таърихӣ ба ноҳияи Зафаробод муҳоҷир карданд. Муҳоҷирате, ки ба дунбол зиёни ҷиддие ба ин забони суғдии нав ё яке аз гуишҳои он, ки мансуб ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ ҳаст, ворид кард. Баъди чанд соли муҳоҷират гурӯҳе аз яғнобиҳо ҳиҷрати иҷборӣ ба Зафарободро чандон хуш надоштанд. Ин буд, ки гурӯҳе аз онҳо пинҳонӣ аз Зафаробод дубора ба дараи Яғноб бармегаштанд.

Бозгаште, ки хилофи сиёсати давр буд ва онро раҳбароне, ки мехостанд, дар водиҳо бо ҳиҷрати иҷбории сокинони кӯҳистон пахтакориро ривоҷ диҳанд, хуш надоштанд. Яғнобиҳои фирорӣ тавонистанд беш аз даҳ деҳаи бобоии худро дубора обод кунанд ва ҳоло дар ин дараи душворгузар ҳудуди 500 нафар забону фарҳанги таърихиеро дар баробари таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз мекунанд. Ин ҷамъияти кӯчак дар қалби кӯҳҳои бузурги Яғноб ягона нишоне аз фарҳанги Суғди қадим боқӣ мондаанд ва талош доранд, то забони худро дар пушти ин куҳҳои осмонбӯс ҳифз кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Абдулло Султон "Яғнобба мурам..."