Ҳамасола аз Юнеско гирифта то олимони саршинос ба ҳифзи ин забонҳо даъват мекунанд, аммо акнун “Гугл” -- яке аз калонтарин ширкатҳои интернетӣ мехоҳад, ки ҷаҳон дар ин масъала аз сухан ба амал гузарад.
Раҳбари барномаи “Забонҳои зери хатар” дар ин ширкат, Ясон Риссман гуфт, “мурдани забонҳо” дар ду даҳсолаи охир суръат ва вусъати бештар гирифтааст: “Ин як лаҳзаи таърихист. Мо медонем, ки забонҳо ба ҳад ва суръати бесобиқае аз байн мераванд. Аммо дар айни ҳол фанновариҳое акнун мавҷуд аст, ки метавонад барои ҳифз ва нерӯ додан ба онҳо дар саросари ҷаҳон истифода шавад. Пайванди мушкил ва имконият, ба назари мо, роҳи муҳими тағйири вазъ аст.”
Хатари сахт пеш аз ҳама ба 3054 забоне таҳдид мекунад, ки хатти худро надоранд. Мурдани ҳар кадоме аз ин забонҳо ба маънии маҳви таҷрибаи инсонӣ ва рангомезии фарҳангии хос аст.
Дар ҳоле ки “Гугл” мегӯяд, ҳафт забон дар Тоҷикистон зери хатари нобудиянд, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Додихудо Саймуддинов шумораи чунин забонҳоро як адад бештар медонад. Вай мегӯяд, инҳо -- яғнобӣ, шуғнӣ, рӯшонӣ, вахонӣ, ишкошимӣ, мунҷонӣ, сариқолӣ ва язғуломиянд, аммо ҳеҷ хатари марговаре ба онҳо таҳдид намекунад: “Ман фикр намекунам, хатари ҷиддии он ки ин забонҳо фавран аз байн раванд, дар миён нест. Барои он ки муҳити ҷуғрофии ин минтақаҳо – ҳам Бадахшон ва ҳам Яғноб, ба гунаест, ки аз замонҳои қадим ин мардумро нигоҳ доштааст. Яъне бо мардумони дигар омезиш намеёбанд, робитаҳои зич надоштанд, лекин имрӯз роҳҳо ба тарафи Бадахшон то Туркиситони Чин боз шуданд ва таъсири фарҳангҳои дигар он ҷо имкон дорад.”
Забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ дар зери ҳимояти Қонуни забони Тоҷикистонанд, вале мақомоти расмии кишвар эътироф мекунанд, ки чунин ҳимоят бештар аз таҳқиқи онҳо иборат аст, то корбурд ва рушд. Донишманди ҷавони тоҷик Умед Ҷейҳонӣ мегӯяд, ин кофӣ нест ва вазъи забонҳои дар ҳоли сакарот танҳо замоне тағйир мекунад, ки бо ин забонҳо одамон сӯҳбат кунанд, шеъру достон нависанд, корҳои илмӣ анҷом диҳанд, яъне забон садо диҳад ва кор кунад.
Ширкати “Гугл” пешниҳод дорад, ки соҳибони чунин забонҳо ё муҳаққиқони забонҳои бехат пажӯҳишҳои марбута, намунаҳои гуфтор ва навиштори ин забонҳоро дар бахши махсуси “Гугл”, ба таврри электронӣ, ба истилоҳ “анбор” кунанд. Ба ин тартиб сарвати ин забонҳо на танҳо ҳифз, балки дастраси миллионҳо нафар гардад. Яъне як олами маҷозии забонҳои дар ҳоли нобудӣ ба вуҷуд оварда шавад, ки ба ҳаёт ва рушди ин забонҳо ёрӣ расонад.
Дар як моҳи аввали эълони ин тарҳ бо мадади донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида садҳо санад ва наворҳои савтию видеоии даҳҳо забон ҷойгоҳеро дар шабакаи ҷаҳонии интернет пайдо карданд. Ба ин васила забонҳое муаррифӣ мешаванд, ки теъдоди соҳибони онҳо аз 10 то 60 ҳазор нафар буда, калимаҳое аз ин забонҳо ва тарҷумаи англисии онҳоро шунидан мумкин аст. Як навъ “чеҳранигорӣ”-е аз забонҳо нодир. Мисли ин наворе, ки талаффузи вожаҳои “ман”, “ту”, “вай” ва “мо”-ро ба забони дунғонӣ, ки 42 000 нафар гӯянда дошта, онҳо дар марзи Қирғизистону Қазоқистон зиндагӣ мекунанд.
Ширкати “Гугл” умедвор аст, ки нашри чунин мавод на танҳо ба омӯзиши ин забонҳо сабаб мегардад, балки барои гурӯҳҳои аз ҳам ҷудо ва дурафтодаи соҳибони забон фурсатҳои муоширатро ба вуҷуд меорад. Аммо Николас Остлер, мудири бунёди “Забонҳои зери хатар” дар Лондон мегӯяд, ба ин тарҳи “Гугл” шарик нашудааст:
Ҷаноби Остлер мегӯяд, "Ман аз се чиз нигаронам. Аввалан, сатҳу дараҷаи таваҷҷӯҳ ба ин забонҳо баланд нест. Сониян, пахши мавод аз ҷониби афроди номутахассисе, ки мумкин аст, аҳдофи худро доранд. Ва эҳтимоли ворид шудани носаҳеҳиҳо зиёд аст, ки метавонад, ба саҳву ғалатҳо сабаб гардад. Ҳарчанд дар ҳоли ҳозир, маводе нашр шудааст, ки, зоҳиран, хуб аст.”
Бояд гуфт, то лаҳзаҳои омода шудани ин гузориш ҳеҷ маводи марбут ба забонҳои помирии Тоҷикистон ё забони яғнобӣ дар пойгоҳи “Гугл” пайдо нашуда буд. Маълум нест, ин баёнгари дастрасии маҳдуд ба интернет аст ё беҳавсалагии соҳибони забонҳо. Аммо ба эҳтимоли зиёд, аввалин мавод ба ин торнамо аз тарафи дӯстдорони забони ишкошимӣ ворид хоҳад гашт, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гурӯҳи худро доранд ва дар ин гурӯҳ ба забони ишкошимӣ радду бадал мекунанд.