Ин луғат, ки аз 7500 калима иборат аст, чаҳор сол пеш нашр шуда буд. Любомир Новак дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки, аз нигоҳи ӯ, омӯзиши забони яғнобӣ чун яке аз лаҳҷаҳои забони суғдӣ барои омӯзиши таърихи забони форсӣ аҳамияти бузург дорад.
Ошноии ин ҷавони чех бо забони яғнобӣ чанд сол пеш дар як мактаби тобистона дар ...Италия шурӯъ шуд. Ӯ мегӯяд, ки дар ин мактаб донишманди шинохтаи тоҷик Сайфиддин Мирзозода на фақат ба ӯ забони яғнобиро омӯзонд, балки пешниҳод кард, ки ба Тоҷикистон биёяд ва дар манзилаш зиста, омӯзиши забони тоҷикиву яғнобиро идома диҳад. “Ман соли 2007 бори аввал ба Тоҷикистон рафтам ва се ҳафта дар рустои Дуоба зиндагӣ кардам. Ҳамон вақт фурсат ёфтам, ки барои чаҳор рӯз ба водии Яғноб равам... Баъд аз он боз ду соли дигар ҳам паи ҳам чанд муддатӣ дар Яғноб будам”, мегӯяд Любомир.
Аз ӯ суол кардем, ки чаро маҳз ба омӯхтани забони яғнобӣ таваҷҷуҳ кардааст? Ӯ посух дод, ки замони таҳсил дар риштаи бостоншиносии Донишгоҳи шаҳри Плзен (Ҷумҳурии Чех) дар мавзӯи “Тирукамон дар замони бостон” кори илмие анҷом дод ва ин мавзӯъ ӯро ба омӯхтани таъриху забонҳои скифҳо моил кард. Любомир меафзояд, “ҳамон вақт фаҳмидам, ки забони яғнобӣ яке аз забонҳои скифист ва аз пайи пайдо кардани дастурҳои омӯхтани он шудам”.
Акнун ӯ дар бораи таърихи забонҳои Эрони шарқӣ ва забони яғнобӣ дар факултаи забоншиносии донишгоҳи Чарлзи Прага рисолаи номзадӣ менависад. Ва ҳамзамон, ба гуфтаи Любомир, болои Фарҳанги этимологии забони яғнобӣ ҳам кор мекунад ва иқрор мекунад, ки воқеъан ба кори сахте даст задааст. “Мехоҳам дастури забони яғнобиро ҳам нависам, зеро ба назрам, дастури пешини Алберт Хромов, ҳарчанд хуб аст, аммо хатои зиёд дорад. Ҳамчунин ба фикрам дастури забони яғнобӣ бо забони англисӣ ҳам зарур аст”, мегӯяд Любомир Новак ва меафзояд, ки дар бораи таърихи Яғноб ҳам китоб навиштанист, аммо то ҳол маводи зарурӣ зери даст надорад.
Любомир Новак гуфт, ки аз мардуми меҳмоннавози Яғноб хело миннатдор аст, ки ҳар дафъа ӯро хуш истиқбол мекунанд.
Солҳои пеш “Луғати тоҷикӣ-чехӣ”-и ховаршиноси машҳур Йиржи Бечка низ сазовори чандин ҷоиза шуда буд. Шинохти забон ва адабиёти форсу тоҷик дар Ҷумҳурии Чех аз асрҳои миёна бо баргардони осори Абӯалӣ ибни Сино ва Закариёи Розӣ шурӯъ шудааст ва дар қарнҳои 20-у 21 профессор Ян Рипка ва шогирдаш Йиржи Бечка дар бораи таърихи адабиёти форсу тоҷик чандин рисолаи пурарзиш таълиф карданд. Баъд аз даргузашти Йиржи Бечка дар соли 2005 пажуҳиши адабиёти форсу тоҷик дар Чехия “сағир” монд. Зимнан, то ҳол чанд дастнависи ин донишманди маъруф нашрношуда боқӣ мондаанд. Охирин китоби ӯ "Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва зебоӣ" , ки як тазкираи адабиёти форсизабон аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то Сӯҳроби Сипеҳрист, як сол баъд аз даргузашташ дар нашриёти "Континент"-и шаҳри Прага чоп шуд. Дар он дар бораи тақрибан сад шоири форсу тоҷик маълумоти мухтасар дода, намунаҳое аз осори онҳо оварда шудааст. Донишгоҳи Чарлзи Прага ин китобро ҳамчун дастури таълимӣ истифода мебарад. Китоби дигари доктор Бечка - тазкираи адабиёти тоҷик аз Айнӣ то Фарзона то ҳанӯз дар шакли дастнавис боқӣ мондааст...