Аввалин дарси "Мактаби оилаҳои намунавӣ", ки устодону шогирдонаш аз хонандагони мактабҳои миёна куллан фарқ мекунад, дар анорбоғи шаҳри Норак баргузор шудааст. Интизор меравад, ин гуна барномаи дарсӣ барои ҷавонону навхонадорони дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон низ ба зудӣ роҳандозӣ шавад.
Мураббияҳои "Мактаби оилаҳои намунавӣ" ҷуфтҳои хушбахт, оилаҳои намунаи ибрат мебошанд, ки солҳо бо ҳам зиндагии хуш доштанд, аммо хонандагон ҷавонони синни ба балоғат расида ва ҷуфтҳое мебошанд, ки тоза арӯсӣ карда, ба қале "пасту баландӣ"-и зиндагиро намедонад.
Сайлӣ Расулова, мудири бахши кор бо занони шаҳри Норак дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Мактаби оилаҳои намунавӣ” дар чорчӯби оиннома фаъолият карда ва эҳтироми шавҳар, гӯш додан ба ҳарфи хусуру хушдоман ва сабру таҳаммул дар зиндагии муштарак аз мавзӯъҳои меҳварии он ҳисоб меёбад.
Хонум Расулова афзуд: “Оилаҳои ҷавон дарси ибрат мегиранд, то пойдор бошанд ва зиндагии мустаҳкаму намуна дошта бошанд. Тибқи оиннома дарси аввалро баргузор кардем ва ҷавонон низ ширкати хуб доштанд. Аз ин ба баъд мо инро ҳамчун мактаб амалӣ мекунем, ки ҷавонон зиндагии хубе барои худ бисозанд."
Дар аввалин дарси "Мактаби оилаҳои намунавӣ", ки охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Норак баргузор шуд, ҳудуди 30 нафар ширкат кардаанд, ки оилаҳои тозабунёд ва ҷавонони болиғ будаанд.
Дарси зиндагӣ дар "Мактаби оилаҳои намунавӣ"
Сайёра Зоҳироваи 25-сола, ки маълумоти олӣ дорад, ба тозагӣ издивоҷ карда ва даъвати мақомот барои ширкат дар ин мактабро пазируфтааст. Сайёра аз тариқи ширкат дар ин мактаб дарси оиладорӣ ва эҳтироми хусуру хушдоман ва шавҳарро меомӯзад.
Дар ҳоле, ки Сайёра ду моҳ боз издивоҷ кардааст, дарси аввал барояш писанд афтодааст: "Ҳаёте, ки оилаҳои намунавӣ доштанд, омӯхтам. Ба хусус тарзи муносибат бо бузургсолони хона, бо ҳамсар ва хусуру хушдоман. Ҳамдигарфаҳмӣ ва сабру таҳаммулро бароям талқин карданд. Ҳамчунин зикр шуд, ки мушкили ҷойидоштаро дар якҷоягӣ бояд ҳал кунем. Шавҳарам муҳоҷир аст. Дар ин дарс дар бораи паёмадҳои муҳоҷират низ сӯҳбат шуд. Ба хусус мо занҳо бояд дар набуди мардҳо ба ҳама пасту баландиҳо бояд сабру тоқат дошта бошем.”
Ба гуфтаи масъулони бахши кор бо занони шаҳри Норак, ба дарсҳо ҳамчун мураббӣ оилаҳои намуна, ки солҳои зиёд зиндагии якҷоя ва хушбахтона доштаанд, даъват шудаанд. Равоншиносон, ходимони дин ва коршиносони умури иҷтимоӣ низ ба унвони узви ин мактаб пазируфта шудаанд.
Насиҳат гӯш кун ҷоно...
Гулбой Боеви 82 - сола, сокини деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти "Пулисангин"-и шаҳри Норак аз мураббиёни "Мактаби оилаҳои намунавӣ" аст ва ӯро дар ин кори хайр ҳамсари 80-солааш, ки модари 15 фарзанд аст, ҳамроҳӣ мекунад.
Ин мард мегӯяд, ки 15 фарзандро дар даврони шӯравии пешин ӣ бузург карда ва ҳамакнун давлати пирӣ меронад. Бобои Гулбой, ки ҳамакнун маблағи 200 сомонӣ нафақа мегирад, мегуяд, занеро, ки шавҳараш дар муҳоҷират аст ба сабру таҳаммул даъват кардан осон нест, аммо зимни дарсҳо кӯшиш мекунанд, то онҳо душвориҳои зиндагиро дарк кунанд.
Вай афзуд, ки "ҳозир ягон норозигӣ аз хусуру хушдоман мешавад, ки зан қасди худкушӣ мекунад. Мардҳо аз рӯзи сахтӣ ба муҳоҷират мераванд. Занон танҳо мемонанд. Мешавад, ки бархе аз занон дар танҳоӣ, бе шавҳар маҷбур ба кори дигар даст мезананд. Вазифаи мо фаҳмондани ин занону оилаҳои ҷавон аст, ки пуртоқат бояд бошанд.”
Даъват ба ҷилавгирӣ аз худсӯзӣ ва худкушӣ
Масъулони идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як ҳадафи дигари "Мактаби оилаҳои намунавӣ", ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши оилавӣ, аз ҷумла даст ба худкушию худсӯзӣ задани занону духтарон ва ҳамин тавр ташвиқи оилаҳои ҷавон ба омӯзишу парвариш, мустаҳкамии хонавода ва дигар вижагиҳо мебошад.
Дар ҳамин ҳол, қарор аст дарсҳо дар"Матаби оилаҳои намунавӣ" дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон моҳе як маротиба баргузор шавад ва дар ҳар дарс аз 30 то 50 ҷуфт оилаҳои ҷавон ва ҳамчунин ҷавонони болиғ ширкат кунанд.
Аммо масъулони идораи кор бо занони вилояти Хатлон умедворанд, ки теъдоди ширкаткунандагон дар ин дарсҳо аз моҳи сентябр ба маротиб бештар хоҳад шуд. Чун ҳар ҷавоне, ки дакр ин мактаб ширкат мекунад, дарси зиндагӣ хоҳад омухт. Қарор аст, дарсҳо дар “Мактаби оилаҳои намунавӣ” то баҳори соли 2018 идома кунад.
Тибқи омори расмӣ, дар соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 114 мавриди аз ҳам пошидани оилаҳо, ки аксаран ҷавонон будаанд, сабт шудааст.