Бори аввал дар солҳои ахир талоқ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш аст. Махфират Хидирова, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар семоҳаи аввал дар ҷумҳурӣ 75 ҳолати камшавии талоқ назар ба ҳамин давраи соли гузашта сабт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ба назар мерасад, ки ин раванд идома дорад ва сабаби аслӣ – “талошҳои давлат барои ҳифзи суннатҳои оиладорӣ дар кишвар аст”.
Махфират Хидирова меафзояд, ба кумитаи онҳо занҳое зиёде бо “дарди дил”-и худ муроҷиат мекунанд, аз ҷумла, занҳое, ки бо шавҳарҳошяон вориди баҳсҳои додгоҳӣ шудаанд, хостори машвара мешаванд, аммо то ҳол зане барои мусоидат дар талоқ муроҷиат накардааст. “Мо пайваста таъкид мекунем, ки вазифаи мо – мусоидат кардан ба пойдорӣ ва таҳкими оила аст ва вақте ба мо барои ҳалли мушкили хонаводагӣ рӯ меоваранд, мо кӯшиш мекунем, ки волидон, хешу табор ва одамони обрӯмандро ҷалб кунем, то зану шавҳар сулҳу созиш кунанд ва аз талоқ сарфи назар шавад”. Мусоҳиби мо таъкид мекунад, ки талоқ аз тариқи SMS ҳам дар Тоҷикистон хело кам шудааст.
Ҷалолиддин Раҳимов, муовини раиси ЗАГС - Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, ки имсол раванди коҳиши талоқ ба чашм мерасад, ҳарчанд соли 2014 азҳампошии хонаводаҳо афзоиш ёфта буд. Ӯ бо такя ба омори расмӣ мегӯяд, ки соли гузашта 9132 ҷуфт аз ҳамдигар ҷудо шудаанд, ки нисбат ба як соли пеш 9,5 дар сад зиёд буд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, “оилаҳо дар Тоҷикистон асосан бо чанд далели аслӣ – омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, пойин будани маърифати ҳуқуқии оиладорӣ, хушунати хонаводагӣ, дахолати шахсони сеюм, яъне волидайн ва хоҳарону бародарон, бадмастиву мӯътодӣ ва набудани таълими оиладорӣ дар мактабҳо аз ҳам мепошанд”.
Ҷалолиддин Раҳимов меафзояд, занҳо ба ЗАГС барои лағви никоҳ фақат баъд аз он муроҷиат мекунанд, ки шавҳарҳояшон ба муҳоҷирати корӣ рафта, дар он ҷо бо занҳои маҳаллӣ хонадор мешаванд. Занҳое, ки кӯдакони ноболиғ надоранд, роҳ сӯи ЗАГС мегиранд ва занҳои кӯдакдор – роҳ сӯи додгоҳ. Шаҳодат Ҳайдарова, мутахассиси аршади Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, оморе дар бораи он ки чӣ теъдод аз занҳо ба ЗАГС ё додгоҳ муроҷиат мекунанд, мавҷуд нест ва “барои муқаррар намудани муроҷиату занон чанд як-ду ҳафта вақт зарур аст”.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мусоҳибони мо, чун аксари мардуми Тоҷикистон мусалмонанд, масоили марбут ба талоқро аз рӯи шариат ҳам ҳаллу фасл мекунанд – мардҳо занҳоро талоқ медиҳанд, занҳо бошанд барои дарёфти ҳаққи талоқ дари Раёсати фатвои Шӯрои уламои мусалмонро мекӯбанд. Аммо аксари онҳо боре ҳам мафҳуми “хулъ”-ро нашунидаанд. ва мутмаинанд, ки талоқ додан фақат ҳаққи мард аст.
ХУЛЪ – ҲАҚҚИ ЗАН Ё СИЛОҲИ МАРД?
...Аз чаҳор зани тоҷик, ки бо онҳо ҳамсӯҳбат шудем, танҳо Ситора, як сокини шаҳри Душанбе, тасдиқ кард, ки вожаи “хулъ”-ро боре аз шавҳараш шунида буд. Шавҳараш чанд моҳ кори доимӣ надошт ва пули пайдокардаашро сарфи арақ мекарду дар хона аламҳояшро аз ӯ мегирифт. “Писари ягонаам бечора аз ин ҷангу ҷанҷолҳо “заика” шуд ва ҳар вақте, ки падараш маст ба хона меомад, аз тарс меларзид ва мижгонҳояш беист мепариданд... Кӯдака “чилёсин” кардем, вазъаш беҳтар шуд. Он вақт ба отааш гуфтам, ки тамом, маро сар деҳ, аз рӯи шариат сар деҳ, агар сар намедиҳӣ, худам ба қозиёт меравам ва талоқ талаб мекунам”. Рӯзи дигар шавҳари Ситора, ғайриинтизор ҳушёр ба хона омад ва гуфт, ки пеши домуллое рафта будааст. “Ман талоқат намедиҳам, лекин майлаш, рав талоқ талаб кун, аммофаҳм, ки хулъ гуфтанӣ гап аст. Маъноияш он ки ман чӣ қадар пуле, ки талаб кунам медиҳӣ ва баъд - чор тарафат қибла!”
Ситора мегӯяд, ки тарбуз аз бағалаш афтод ва фикри он ки аз куҷо пул меёбад, азобаш медод. Аммо, ба бахти ӯ, шавҳараш кори доимӣ пайдо намуд ва оҳиста-оҳиста арақнӯшиву озори зану кӯдакашро бас кард. “Тфу, тфу, чашм нарасад, чанд моҳ шуд, ки муносибаташ хубай, бачаамон ҳам дубора ба отааш одат карда ва паридани мижаҳояш ҳам қариб гум шудааст”.
Қобилҷон Боев, рӯҳонии тоҷик, мегӯяд, ки хулъ - ҳолатест, ки зан метавонад ба шавҳари худ маблағеро ба унвони ҳаққи талоқ пардохт намуда, аз ӯ талоқ гирад. Ба гуфтаи ӯ, “хулъ дар мазҳаби Ҳанафӣ роиҷ аст ва дар “Матни Мухтасар” омадааст, хулъ фақат дар ҳоле ҷоиз аст, ки сабаби муҳиме барои талоқ гирифтан аз шавҳар вуҷуд дошта бошад”.
Дар ҳолати “хулъ” мард метавонад боқимондаи маҳрияи занро, яъне маҳри муаҷҷалро, ки ҳангоми никоҳ муқаррар шуда буд, назди худ ҳифз намояд ва илова бар ин, бахшиш ё ҳазинаи иловагие аз зан дарёфт бикунад. Ба гуфтаи рӯҳониён, Аллома Ваҳбаи Зуҳайлӣ дар китоби “Фиқҳи хонавода дар ҷаҳони муосир” нигоштааст, “хулъ, сулҳ ва ё фидя ба маънои поён додан ба робитаи заношӯӣ дар баробари молест, ки зан онро ба шавҳараш мепардозад ва ё маҳрия, ҷиҳоз ва ғайраро, ки дарёфт кардааст, ба ӯ пас медиҳад”. Гуфта мешавад, хулъ ба ҳар моле раво аст, хоҳ пул бошад, хоҳ мол, яъне, молҳои рӯзғор, қолину палос,боғ, замин ва хоҳ нақд бошад хоҳ насия. Падар ё бародари зан ҳам метавонанд ба домодашон пешниҳоди хулъ диҳанд...
ТАЛОҚ БАЪДИ ЧАҲОР СОЛИ ТАНҲОӢ
Қобилҷон Боев иқрор мекунад, ки то имрӯз ягон бор бо ҳодисаи истифода аз “хулъ” аз сӯи занон ё пайвандони онҳоро рӯбарӯ нашудааст ва шояд сабаб он аст, ки аз як сӯ на ҳамаи занҳо дар бораи хулъ иттилоъ доранд ва аз тарафи дигар, онҳо ҳатто зиндагии сангин бо шавҳарро аз бешавҳарӣ беҳтар мехонанд, яъне, "қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад". Ва шумораи онҳое, ки баъди "ба устухон расидани корд" роҳҳои ҷудо шудан аз шавҳарро меҷӯянд, хело кам аст.
Мусоҳиби мо - корманди собиқи Раёсати фатвои Шӯрои уламои мусалмонҳои Тоҷикистон, меафзояд, чун занҳо чӣ будани “хулъ”-ро намедонанд, ба ин идора барои дарёфти фатвои талоқ меоянд, дар ҳоле, ки баъзеи онҳо – занҳои аз бадмастӣ ё мӯътодии шавҳарҳо бадодомада метавонанд бо пардохти маблағе ё молу амволе аз шавҳарҳояшон талоқ бигиранд.
Ба гуфтаи Қобилҷон Боев, ҳоло дари Раёсати фатворо занҳое ҳам мекӯбанд, ки шавҳарҳояшон солҳо боз нопадиданд ё зани худро тарк намуда, вале аз талоқи ӯ сарпечӣ мекунанд. Ин Раёсат ҳақ дорад, ки баъд аз таҳқиқ ба ин гуна занҳо хатти талоқ диҳад. «Дар ҳоле, ки мард чаҳор сол беному нишон бошад, зан метавонад талаби талоқ кунад ва аммо барои ин зарур аст, ки раиси маҳалла ҳам дар он маҳалла зистани он зану ҳам зиёда аз чаҳор сол гумном будани шавҳари ӯро тасдиғ кунад. Сипас бо шоҳидии ду марди дигар, ки пайвандони зан, яъне волидайн ё фарзандони ӯ набошанд, бо гирифтани шиноснома ва баёноти онҳо бар пояи қарори Шӯрои уламо аз соли 2001 ба ин зан хатти талоқ дода мешавад”. Аммо, меафзояд мусоҳиби мо, аз занҳое, ки ҳам никоҳи давлатӣ ва ҳам никоҳи шаръӣ доранд, хоҳиш карда мешавад, то барои дарёфти талоқ ЗАГС ё ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Зимнан, занони дигар кишварҳои исломӣ аз ҳаққи худ – хулъ фаровон истифода мекунанд. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии “Ар-Арабия”, дар Арабистони Саъудӣ соли гузашта бо ташаббуси занон 2033 никоҳ лағв шудааст. Аз ҳаққи худ барои талоқ, аз ҷумла, 921 зани сокини Макка ва 362 бонуи муқими Ар-Риёз истифода бурдаанд.