Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардони муҳоҷир, занони танҳо ва кӯдакони мардикор


Ахиран дар назди ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, шӯъбаи ҳуқуқи кӯдак фаъол гардид.

Cалима, як cокини пойтахт мегӯяд, 14 сол пеш шавҳараш ӯву чаҳор нафар фарзандашро инҷо гузошта барои кор ба Русия рафт, вале дар онҷо издивоҷ карда, оилаи аввалаашро фаромӯш кард.

Хӯронидану пӯшонидан ва таълими фарзандонаш барои Салимаи омӯзгор гаронӣ мекунад ва фарзандони мактабхонаш маҷбуранд аз ҳоло бори сангини зиндагиро ба дӯш бигиранд: «Бачам синфи 5 буд, дар мойка ба кор даромад. Пул кор карда оварда ба ман медод, ки оча ман ба либос харед ё ин ки равғану нон харед. Ман бачаҳоямро дар мактаби олӣ хононда натавонистам. Бачам бо стипендияи президентӣ мактабро хатм кард ва ният доштам, ки ӯро ба ягон донишгоҳ дохил мекунам, вале ҳеҷ кас маро дастгирӣ накард. Муаллимаи бепулро кӣ нигоҳ мекунад».

Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон бисёри занҳо сарнавишти Салимаро доранд. Бинобар як пажӯҳиши иҷтимоӣ, ҳарсол то 700 ҳазор мард ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Баъзе аз онҳо дар ғурбат ё издивоҷ мекунанд, ё ҷои кор намеёбанд ё бенишон мешаванд, ки дар натиҷаи зану фарзандонашондар ватан бесарпаноҳ мемонанд.

Бино ба гузориши Созмони байналмилалии кор, феълан дарТоҷикистон наздики 10 ҳазор кӯдак дар кӯча кор мекунанд. Ин кӯдакон асосан дар шаҳрҳо, дар ҷое ки имконияти бештари ёфтани кор ва дар айни замон эҳтимолияти баланди дучор шудан ба истисмор вуҷуд дорад, ҷамъ шудаанд. Зиёда аз 80 дарсади кӯдакони хиёбонӣ дар Душанбе будаанд.

Шаҳрбону, як духтараки 12 сола мегӯяд, аз 6 солагиаш кор мекунад. Ва бо ин роҳ ба бародаронуу модари танҳояш кӯмак мерасонад: «Дар мағоза кор мекунам, тиреза мешӯям, бисёр вақт бовар карда, вазифаи фурӯшандагиро низ бар дӯши ман мегузоранд».

Афзоиши теъдоди азҳампошии оилаҳо, аз таълиму тарбия дур мондани кӯдакон ва ба ин далел зиёд шудани ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, омилҳое ҳастанд, ки сол то сол масъалаи нақз шудани ҳуқуқи кӯдакро дар Тоҷикистон доғтар мегардонанд.
Ахиран барои рафъи ин мушкилӣ дар кишвар бо ташаббуси намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар назди ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, шӯъбаи ҳуқуқи кӯдак фаъол гардид, ки ба гуфтаи муовини мудири ин шӯъба Баҳодур Абдуллоев, фаъолияти он барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак равона гардидааст.

«Лоиҳаи мазкур аз ҷониби намояндагии фонди ЮНИСЕФ ба муддати ду сол дастгирии молиявӣ карда мешавад ва минбаъд аз ҳисоби буҷаи ҳукумат фаъолияти хешро пеш хоҳад бурд. Ҳайати шахсӣ ба тариқи озмун ба кор қабул шудаанд. Се нафар коргар дорем. Ва яке аз самтҳои асосии фаъолияти шӯъба, бевосита ҳифзи давлатии ҳуқуқи кӯдак мебошад».

Аммо мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки бо вуҷуди фаъолияти ниҳодҳои зиёди давлатӣ, назири Комиссияи ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак, шӯъбаҳои марбутаи пулису Кумитаҳои ҷавонону занон, ҳуқуқи кӯдак дар кишвар то ҳол ба таври бояду шояд ҳимоят намешавад.

Тоҷиддин Ҷалолов, роҳбари созмони мавсум ба Маркази ҳуқуқи кӯдак дар робита ба ин гуфт: «Дар назди шӯъбаҳои корҳои дохилӣ хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни кӯдакону ноболиғон ҳаст. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ чор то панҷ нафар кормандон дар ин хадамот фаъолияти корӣ доранд. Ҳол он, ки дар ин ноҳияҳо 18-20 ҳазор нафар фарз кардем ноболиғону кӯдакон ҳастанд. 4-5 корманди хадамот ва 1 коргари шӯъбаи ҳуқуқи кӯдак магар метавонад, он проблемае, ки дар байни ноболиғон ҳаст, онҳоро ҳаллу фасл намояд, не. Мутаассифона, бинобар нарасидани маблағ, онҳо наметавонанд, ки штатҳои кориро зиёд намоянд».

Ба таъкиди Тоҷиддин Ҷалолов, имрӯз мушкилии аз ҷониби кормандони мақомоти қудратии кишвар нақз шудани ҳуқуқи ноболиғон ва ҳам кӯдакони зиёди тоҷик, ки дар Русия таваллуд шудаанд ва ё ин ки падару модарашон дар муассисаҳои ислоҳии ин кишвар қарор доранду онҳо бе сарпаноҳ мондаанд, низ масъалаҳоеанд, ки бояд шӯъбаи навтаъсис дар мадди аввал пайи ҳаллу фасли онҳо гардад. Вале баъзе аз ҳуқуқшиносон боз шак доранд, ки Омбудсмени ҳуқуқи кӯдак ҳам битавонад ба ин ҳама мушкил расидагӣ кунад.

Соҳибаи Кароматуллоҳ, Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG