Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар радифи идрорпулии муқаррарӣ ва президентӣ, боз се стипендияи дигар, ба номҳои академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, риёзидони тоҷик Мансур Нуъмонов ва шӯрои олимонро эълон кард.
Тавре гуфта мешавад, ин идрорпулиҳо барои донишҷӯёни фаъоли факултаи филологияи тоҷик ва фанҳои дақиқи ин донишгоҳ муқаррар шуда, аз ҳар факулта танҳо ду нафар донишҷӯи фаъол метавонанд онро соҳиб шаванд.
Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, иқдоми ҷорӣ кардани идрорпулӣ ба номи Муҳаммадҷон Шакурӣ аз сӯй фарзандонаш ҷиҳати гиромидошти номи падарашон сурат гирифта, маблағи он аз ҳисоби маоши худи онҳо пардохта мешавад.
Тавре гуфта мешавад, дар сурати пайдо нашудани донишҷӯй фаъол аз факултаи филологияи ин донишгоҳ, довталабони дигар факултаҳои гуманитариву ҷамъиятӣ имкони ба даст овардани ин стипендияро доранд.
Абдуҷаббор Раҳмонов мегӯяд: «Идрорпулии ба номи академик, Мансур Нуъмонов ҳам бо қарори шӯрои олимони факултаи математикаи ва ризоияти худи Мансур Нӯъмонов ҷорӣ шудааст. Барои ҷорӣ кардани ин стипендия риёзидони тоҷик, Мансур Нуъмонов тариқи мактуб ба раёсати донишгоҳ муроҷиат кард. Ин риёзидони тоҷик ва шӯрои факултаи математикаи донишгоҳ дар мактубашон иброз доштаанд, ки барои ҳавасманд кардани «математикҳои ҷавон», ин идрорпули дода шавад.»
Тавре гуфта мешавад, фарзандону набераҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ бо ин тариқ мехоҳанд номи падар ва падарбузургашонро гиромӣ доранд. Аммо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон бори аввал нест, ки ҷиҳати гиромидошти номи шахсиятҳои шинохта идрорпули муайян мекунанд. Чанд соле пештар ба номҳои Абулқосим Лоҳутӣ, Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғаффуров ҳам стипендия муқаррар шуда буд, ки ҳоло бо сабабҳои номаълум барҳам дода шудаанд. Ин аст, ки соҳибназарони тоҷик аз ҷорӣ шудани стипендия ба номи Муҳаммадҷон Шакурӣ низ истиқбол мекунанд. Онҳо меафзоянд, додани идрорпулӣ барои донишҷӯён ба номи чеҳраҳои саршиноси кишвар дар шинохти онҳо боз ҳам кӯмак мекунад.
Додихудо Саймиддинов, собиқ раҳбари Кумитаи забон ва истилоҳот додани кӯмакпулиро бо номи чеҳраҳои саршинос кори хайр унвон кард. Вай мегӯяд: «Ҳамеша ҷонибдори онам шахсиятҳое, ки дар илму адаби форсӣ-тоҷикӣ ё илму адаби муоссир аз худ хизмате кардаанд, номашон ҷовидон монад. Донишҷӯён аз ҳамин тариқ онҳоро шиносанд. Устод Шакурӣ, ки яке аз шахсиятҳои шинохта ҳастанд, сазовори ин гуна стипендия мебошанд.»
Додихудо Саймиддинов ҳамзамон меафзояд агар стипендияи ба номи дигар чеҳраҳои тоҷик ҳам мебуданд хуб буд. Худи донишҷӯён низ аз идрорпулии ба номи шахсиятҳои тоҷик истиқбол мекунанд. Моҳираи Шарифҷон, донишҷӯй соли панҷуми ДМТ мегӯяд, агар стипендияи Абдулқосим Лоҳутӣ, Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ҳам аз байн намерафт, ба эҳтимоли зиёд толибилмон осори онҳоро боз бештар меомӯхтанд. Зеро ҳарчанд инҳо чеҳраҳои шинохта ҳам бошанд, аммо гирандаҳои идрорпулӣ бояд дар бораашон хеле зиёд донанд.
Ба қавли Моҳира, ӯ низ замоне барои соҳиб шудани стипендияи Лоҳутӣ талош мекард ва кӯшиш менамуд дар бораи ин шоири тоҷик ҳарчи бештар омӯзаду аз худ кунад. Ин аст, ки ба қавли Моҳира, додани идрорпулии Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки дар рушди забони тоҷикӣ хизмати зиёд кардааст, набояд танҳо аз ҷониби фарзандони ӯ, балки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сурат мегирифт: «Зеро Шакурӣ дар рушди забони тоҷикӣ хизмати зиёд кардааст, ки то ҳол ба номи ӯ ҳеҷ кӯча, хиёбон ё муассисае номгузорӣ нашудааст.»
Зимнан, гуфта мешавад маблағи муқарраргашта барои барандагони стипендияи ба номи Мансур Нӯъмонов сад сомониро ташкил дода, то ҳанӯз маблағи идрорпулии ба номи академик, Муҳаммадҷон Шакурӣ муайян нашудааст. Аммо гуфта мешавад ба эҳтимоли зиёд он бештар аз сад сомонро ташкил медиҳад. Ҳатто эҳтимол дорад то 80 доллари амрикоӣ муқаррар гардад.
Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, иқдоми ҷорӣ кардани идрорпулӣ ба номи Муҳаммадҷон Шакурӣ аз сӯй фарзандонаш ҷиҳати гиромидошти номи падарашон сурат гирифта, маблағи он аз ҳисоби маоши худи онҳо пардохта мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад