- Салом алайкум устод, Наврӯз муборак бошад!
- Ташаккур, барои Шумо ҳам муборак бошад, саломат бошед. Иншоолоҳ баъди он сардиҳо расидем ба баҳори нав, ба Наврӯз, Худоро шукр, сахтиҳо пушти сар шуд. Умедворем, ки ин баҳор ба некӣ омада бошад.
- Устод барои худи Шумо, ки як каме мариз ҳам будед, чӣ гуна сол буд?
- Бале, андак имсол барои банда душворӣ овард. Хеле сахт бемор шудам, чор моҳ ноҷунбон хобида будам. Ин пизишкҳои мо, масалан, Соҳиб Раҳмонов хеле кӯшишҳо карданд, ки мо шифо ёбем, аввал Худо, баъд онҳо маро аз нимароҳи он дунё боз гардониданд. Фидокорона кушиш карданд. Ташкккур мекунам аз онҳо
- Соҳиб Раҳмонов муовини вазир шуданд.
- Бале, қаблан сардухтури бемориҳои дил буданд. Муборак бошад ба онҳо ин Наврӯз. Баъд ҳам пизишкон лозим донистанд, ки банда сафари Эрон дошта бошам, ки он ҷо ҷарроҳӣ шавад. Алъон саломтӣ хуб аст. Ба кор сар кардам, кам-кам кор мекунам.
- Бале устод, дар воқеъ соли сангине буд, тобистон, ки хеле гарм буд, шумо мариз будед, зимстон ҳам ки омад хеле сард, ки коре анҷом додан мушкил буд, вале ба ҳар сурат коре тавонистед анҷом бидиҳед, чӣ буд?
- Ду рисола доштам, яке аз онҳо «Забони миллӣ ва ҷаҳонгароӣ» ном дорад, ки дар ҳашт шумораи рӯзномаи «Миллат» чоп шуд. Рисолаи дигар ба охир расид, ки «Фитнаи инқилоб» ном дорад. Ин рисола дар мавриди ба истилоҳ Инқилоби Бухоро дар соли 1920 аст, ки то кунун онро инқилоб унвон мекардем, аммо он инқилоби иҷтимоӣ набуд, балки таҷовузкорӣ аз ҷониби артиши бегона буд.
- Устод, мо ки феълан дар манзили Шумо дар утоқи коратон нишастаем ва рӯи мизатон варақу китобҳоеро мебинем, мисле кореро анҷом медиҳед, мешавад бигӯед машғули чӣ коре ҳастед?
- Намунахонӣ мекунам. Як китобе мураттаб кардам аз мақолаҳое, ки зарфи чанд соли охир дар бораи забон навиштаам. Дар бораи вазъи забон дар Тоҷикистон. Соли 2008 соли забон эълон шудаааст, ба ин хотир онро мехоҳам анҷом диҳам.
- Аммо Устод, аз наврӯзи бачагиатон хотирае дар ёдатон мондааст, аз Наврӯзи Бухоро?
- На, мутаассифона, солҳои наврасии ман, яъне солҳои 1930-1940 дар Бухоро ҷаншни Наврӯз мамнуъ шуда буд. Танҳо мешунидем, ки дар гузашта Наврӯз чӣ гуна таҷлил мешудааст.
- Пас Наврӯзро бори аввал дар Душанбе таҷлил кардед. Ва ёд доред чӣ гуна ва бо кӣ?
- Солҳои ҳафтодум буд, хеле талошҳо шуд, ки Наврӯз иҷозаи таҷлил пайдо кунад. Як даъфа Бобоҷон Ғафуров аз Маскав омад ва дар Фарҳангистони улум як ҷаласаи бузурге доир шуд ва он ҷо суханронӣ кард. Ғафуров чанд масъала, аз ҷумла масъалаи таҷлили Наврӯзро ба миён гузошт. Ва баъд бо ҳамин пешниҳод гӯё ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунист меравад ва ҳамин тавр иҷозаи таҷлили Наврӯз дода шуд.
- Ва тафовут дар таҷлили Наврӯз аз он замон то кунун дар чӣ аст?
- Аввалаш ин ки баробари иҷозаи таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон, ин хабар ба Озарбойҷон рафт. Онҳо ҳам даъво карданд ва иҷоза гирифтанд ва баъд дар Узбакистон иҷозаи таҷлили Наврӯз дода шуд. Акнун фарқаш ба фикрам ҳамин ки вусъаташ дар собиқ камтар буд, ҳоло хеле бузург ва ҳамагонӣ шудааст.
- Барои баъди Наврӯз чӣ барнома доред?
- Мехоҳам намунахониро тамом кунам ва баъд ҳам мақолаҳои парокандае, ки дар зарфи 10-15 соли охир нашр карда будам, онҳоро дар як маҷмуъа гирд биорам. Аз ҷумла, мақолаҳо дар мавриди масъалаи табартақсими ҳудуди Осиёи миёнаро, ки ҷабри бузурге ба сари миллати тоҷик овард. Ин тақсимот бисёр ноодилона амалӣ шуда буд.
- Умедворем ба ин ниятҳоятон бирасед ва дар Наврӯзи дигар боз ҳам бо ҳам бубинем ва дар мавриди барномаҳои тозаатон сӯҳбат кунем. Бори дигар Наврӯзатон муборак бошад.
- Ташаккур барои ҳамаи Шумо муваффақият ва сарбаландӣ мехоҳам, Худо қуввататон бахшад. Соли наватон муборак бошад
- Ташаккур аз Шумо, саломат бошед!