Шабакаи иҷтимоии «Одноклассники», ки аз пуристифодабарандатарин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад, сар аз 18-уми июл дигар тариқи аксари ширкатҳои дастраскунандаи интернет боз намешавад.
Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло маълум нест, ки бар кадом асос шабакаи "Одноклассники" баста шудааст. Ӯ гуфт, бо далели рӯзи истироҳат будан намедонад, ки тариқи чанд ширкати фароҳамкунандаи интернет ин шабака дастрасиаш маҳдуд шудааст. Аммо Атоев мегӯяд, як ҳафта боз тақрибан тариқи ҳамаи ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет «Ютюб», шабакаи пахши наворҳои видиоӣ дар Тоҷикистон баста аст. Ӯ мегӯяд,
ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ҳеҷ дастури хаттие барои маҳдуд кардани «Ютюб» нагирифтаанд, вале аз эҳтимол дур нест, ки онҳо бо дархости шифоҳӣ ин корро анҷом дода бошанд.
Аммо талоши мо барои гирифтани назари Хадамоти алоқа, ки назорати ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетро бар дӯш дорад, бинобар дар истироҳат қарор доштани кормандонаш бе натиҷа анҷомид. Худи истифодабарандагон мӯътақиданд, ки ин шабакро ба хотири фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ ва нашри наворҳои зиддиҳукуматӣ аз ҷониби мухолифон маҳдуд кардаанд.
Маҳмудҷони Исмоил, як истифодабарандаи фаъоли «Одноклассники» мӯътақид аст, ки ин шабака чанд моҳи ахир ба як минбари тарғиби ақоиди ифротӣ дар Тоҷикистон табдил ёфта буд. Аз ин рӯ, ӯ мӯътақид аст, ки маҳз бо ҳамин сабаб ин шабакаро маҳдуд кардаанд.
«Ҷавонони тоҷик, ки дар Сурия ҳастанд, наворҳои худро дар ин ҷо нашр мекарданд. Тамоми гурӯҳҳои ифротӣ бо забони тоҷики фикру ақидаҳои худро дар «Одноклассники» нашр мекунанд. Аз вақте, ки Ютюб баста шуд, дигар ҳама аз ин ҷо истифода мекарданд. Ин ҷавонони ифротӣ бисёр ҳарфҳои нохуб мегуфтанд, ки фикр мекунам, ки ба дигар ҷавонон бетаъсир набуд. Тахмин мекунам, ки ба ҳамин хотир ин шабака маҳдуд шудааст.»
Дар ҳамин ҳол, Аҳлиддин Салимов, рӯзноманигори ҷавони тоҷик мегӯяд, воқеан фаъол шудани пайравони гурӯҳҳои ифротӣ дар ин шабака боиси нигаронӣ буд, ки ба таври густарда ақоиди худро тарғиб мекарданд. Аммо ӯ мегӯяд, аз тарафи дигар «Одноклассники» як роҳи содаву осон ва арзони тамоси муҳоҷирони тоҷики муқими Русия бо пайвандонашон дар Тоҷикистон буд.
Ӯ гуфт: «Як воситае ҳаст ин шабака, ки аксари муҳоҷирон бо пайвандонашон дар тамос мешаванд. Бо ин тариқ дар тамос шудан бо наздикон тақрибан ройгон аст. Аз ин нуқтаи назар бастани ин шабака тамоси муҳоҷирон бо пайвандонашонро каме гаронтар мекунад. Тақрибан муҳоҷире нест, ки дар ин шабака саҳифа надошта бошад. Наздиконаш аксҳои ӯро мебинад ва навиштаҳояшро мехонад. Тариқи телефон ин мушкил ва гарон аст. Аз ҳамин паҳлӯи масъала, ин шабака манфиат дорад, аммо фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ воқеан боиси нигаронӣ аст.»
Аммо Анвар Раҳимов, устоди яке аз макотиби миёнаи Душанбе ҷонибдори ба таври ҳамешагӣ бастани ин шабака дар Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, «Одноклассники» на танҳо ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайвандад, балки насли ҷавони тоҷикро аз таълиму тарбияи дуруст дур мебарад. Ба унвони мисол Раҳимов мегӯяд, дар мактаби миёна дар як синфе, ки ӯ дарс медиҳад, аз 25 хонандаи синф 23 нафараш аз ин шабака истифода мебаранд, ки таълиму тарбияаашон хеле бад шудааст:
«Ҳарчанд, овардани телефон ба мактаб манъ аст, аммо мушоҳида мекунем, ки пинҳонӣ зери миз телефон истифода мебаранд. Вақте телефонро аз дасти хонанда мегирӣ, ӯ дар «Одноклассники» ҳаст. Ҳушу рӯҳи хонандагон тамоман дигар шудааст. Ҳамонҳое, ки истифода намебаранд, як камее таълиму тарбияаашон хуб аст. Аз ҳамин ҳисоб ман ҷонибдори пурра бастани ин чиз ҳастам.»
Нигаронии ин омӯзгор аз таъсири бади «Одноклассники» ба хонандагон дар ҳолест, ки ду моҳи пеш бар асари занозании наврасон хонандагони яке аз макотиби Душанбе бар асари зарби корд ҷон дод. Мақомот оғози низои хонандагонро, ки боиси куштор шуда буд, ба «Одноклассники» марбут донистанд. Тибқи гуфтаи онҳо, ҷавонон дар аввал тариқи ин шабака баҳс карда, дар ниҳоят якдигарро ба ҷанги тан ба тани рӯ ба рӯ даъват мекунанд.
Шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» аз пуристифодабарандатарин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи масъулонаш дар Тоҷикистон наздики ним миллион муштарӣ дорад.