Як таҳқиқоти донишгоҳи Принстони Амрико мегӯяд, раванди афзоиши корбарони Facebook – пурхонандатарин шабакаи иҷтимоии имрӯз - метавонад дар ниҳоят хеле зуд ба поён бирасад. Муҳаққиқон, ки маризиҳоро барои сохтани давраҳои вуҷуди расонаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, ин равандро ба маризии сироятие монанд мекунанд, ки метавонад бо як суръати тунд густариш ёфтаву якбора, яъне баногоҳ бимирад.
Бахши механика ва аэросфераи Донишгоҳи Принстон дар ин таҳқиқот пешбинӣ кардааст, ки Facebook-ро коҳиши босуръати шумори корбаронаш дар пеш аст ва дар натиҷа ин маъруфтарин шабакаи иҷтимоӣ дар байни солҳои 2015-2017 шояд то 80 дарсади муштариёни давраи авҷи аълои рушдашро аз даст бидиҳад. Пажӯҳишгарон мегӯянд, “идеяҳо, мисли маризиҳо, дар байни мардум хеле зуд сироят мешаванд, вале дар ниҳоят мемиранд.” Ин таҳқиқоти мабнӣ бар моделҳои эпидемиологӣ, ки барои таҳқиқи дурнамои шабакаи иҷтимоии Facebook истифода шудааст, ҳанӯз аз ҷониби марказҳои дигари илмиву коршиносӣ тақриз нашудааст, ки оё то куҷо қобили эътимод аст.
Аммо қаблан дар моҳи ноябри соли 2013 худи масъулони Facebook эътироф карда буданд, ки ин шабака маҳбубияташ дар байни корбарони ҷавонро батадриҷ аз асдт медиҳад. Зуҳури шаклҳои нави расонаҳои иҷтимоӣ, ба мисли Instagram, WhatsApp, Snapchat, ки бо пешниҳоди моделҳои ҷадиди мукотиба дар байни бавижа қишри ҷавон тарафдори зиёд пайдо карданд, Facebook-ро дар рӯбарӯи чолиши ҷиддие қарор додааст. Ин шабака талош кард, бо роҳандозии Facebook Chat ва Facebook Poke ақибмониаш дар бозорро ҷуброн кунад, вале чандон муваффақ нашуд ва зоҳиран баъди ин ба харидани рақибони ояндадораш пардохт. Facebook дар апрели соли 2012 Instagram - маъруфтарин пойгоҳи табодули аксҳоро харид ва ҳоло бо пешниҳоди пули зиёд ба дили муассиси Snapchat Эван Шпигел роҳ меҷӯяд. Бархе манобеъ мегӯянд, ки Facebook ба Эван Шпигел барои ин шабакаи алакай дорои 26 миллион муштарӣ ҳатто 3 миллиард долларр (!!!) пешниҳод кардааст.
Бо вуҷуди пешбиниҳои начандон хушбинонаи пажӯҳишгарон Принстон, Facebook, ки соли 2004 аз сӯи Марк Зуккерберг сохта шудааст, ҳанӯз дар тобистони соли 2013 аз марзи 1 миллиарду 200 миллион нафар гузашт. Ҳар рӯз дар саросари дунё 720 миллион нафар ҳатман дастикам як дафъа саре ба ин шабакаи иҷтимоӣ мезананд. Шумори коргарони ин шабакаи иҷтимоӣ, ки дар ҳоли ҳозир ба беш аз 70 забони дунё дастрас аст, 5299 нафар гуфта шуда, қимати Facebook дар бозор 104 миллиард долллар баровард мешавад.
Теъдоди корбарони тоҷики Facebook ҳудуди 50 000 гуфта мешавад. Аммо муҳаққиқони масоили Интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ин шабакаи иҷтимоӣ аз нигоҳи маъруфият дар байни корбарони тоҷик аз шабакаҳои иҷтимоии русӣ, ки аз нигоҳи забонӣ корбурдашон барои тоҷикҳо осонтар аст, ақиб мемонад. Барои мисол, дар шабакаи русии “Одноклассники” чандин гурӯҳе ҳаст, ки ҳар кадом дастикам 50 000 узв дорад. Яъне баробари тамоми шумори корбарони тоҷики Facebook.