Додгоҳи Хуҷанд 7 сокини аксаран ҷавони Истаравшанро бо ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави "Ансоруллоҳ" маҷмӯан барои 55,5 сол маҳкум ба зиндон кард.
Додгоҳи Хуҷанд рӯзи 28 май 6 сокини аксаран ҷавони Истаравшанро бо ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави мазҳабии «Ансоруллоҳ», ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ мебошад, маҳкум ба зиндон кард.
Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеъи ду тан аз ҷавонони маҳкумшуда рӯзи 29-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи Хуҷанд сокинони Истаравшан - Далер Эргашев, Ҷамшед Ҳомидов, Исмоилҷон Ҳомидов, Умед Латифов , Рустам Сабуровро 9-солӣ ва Ҳомид Рӯзиевро ба 9 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон кард.
Як сокини дигари Истаравшан бо номи Фурқат барои огоҳ буданаш ба қавли додгоҳи Хуҷанд аз ҳамкории рафиқонаш бо "Ансоруллоҳ" ва саривақт хабар надодан ба муддати 1 сол аз озодӣ маҳкум шудааст.
Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъ мегӯяд, 6 нафар ҷавонони истаравашанӣ бо моддаи 187 қисми 2 - узвият дар иттиҳоди ҷиноӣ ва моддаи 307 қисми 2 - ҳамкорӣ бо гурурҳи экстремистӣ ва террористӣ ва моддаи 307 қисми 3 - ҳамкорӣ бо созмонҳои экстремистие, ки фаъолияти онон аз тарафи Додгоҳи олӣ мамнуъ шудаанд гунаҳкор дониста шуданд.
Вай мегӯяд, вақте дар моҳи январи соли ҷорӣ ин 6 нафарро боздошт карданд, маъмурони раёсати мубориза бо созмонҳои ҷиноӣ, маъруф ба "6-ум отдел", бидуни ҳузури вакили мудофеъ ҷавононро пурсиш кардаанд ва онҳо маҷбурӣ ҳамкории худро бо «Ансоруллоҳ» ба гардан гирифтаанд. Аммо се рӯз баъд, вақте ки онҳо дар ҳузури вакили мудофеъ пурсида мешаванд, ҳамаи ҷавонон ҳамкории худро бо ин созмон рад мекунанд.
Вале мақомот мегӯянд, ки ҳамкории онҳо бо ин созмони тундрав дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ собит шудааст.
Ба қавли вакили мудофеъ Исмоил Зарифов, яке аз ин ҷавононон, ки 20 сол дорад, кӯшиши аз тариқи Истамбул ба Сурия рафтан мекунад, аммо падараш огоҳ шуда, ӯро аз Истамбул бармегардонад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо назардошти ин ки гӯё ӯ бо мусоидати «Ансоруллоҳ» ба Сурия мерафт, ӯро боздошт кардаанд.
Ҷаноби Насруллоев мегӯяд, ки ду боздоштшудаи дигар - Умед Латифов ва Исмоилҷон Ҳомидов - танҳо ба хотири ин ки ба наздикони 53 нафари бо ҷурми ҳамкорӣ бо «Ансоруллоҳ» дар соли 2011 маҳкум шуда буданд, ҳудуди 500 сомонӣ ва 300 сомонӣ кӯмак кардаанд ва гӯё ин корро бо дастури масъулони «Ансоруллоҳ» карда бошад, боздошт ва маҳкум шудаанд: "Умед Латифов, соҳибкор буд ва ба модари яке аз маҳкумшудаҳо аз гурӯҳи 53-нафара, ки дар кӯчаҳо гадоӣ мекунад, садақа кардааст ва ин ҳам сабаби ҳамкории ӯ бо «Ансоруллоҳ» дониста шудааст."
Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеъи 6 сокини Истаравшан мегӯяд, ки аз ҳукми додгоҳ комилан норозӣ аст ва ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят хоҳад бурд.
Ансоруллоҳ, ба гуфтаи мақомоти амниятии Тоҷикистон, як гурӯҳи тундрави мазҳабиест, ки аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон бархоста, аъзои тоҷики он Ҳаракатро муттаҳид мекунад. Бовар меравад, ки маркази ин гурӯҳ дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон ва дар Афғонистон аст ва ба он Домулло Амриддин, як узви собиқи ҳизби наҳзати исломӣ, ки шароити сулҳи мухолифин бо давлати Тоҷикистон дар соли 1997-ро напазируфт ва дар Афғонистон монд, раҳбарӣ мекунад.
Исми Ансоруллоҳ бори аввал дар пайи ҳамлаи маргталабона алайҳи як воҳиди вижаи пулис дар шаҳри Хуҷанд дар сентябри соли 2010 расонаӣ шуд. Як сомонаи чирикиҳои чечен хабар дод, ки масъулияти ин ҳамларо Ансоруллоҳ ба дӯш гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон баъди кушта шудани Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, як фармондеҳи собиқи мухолифин дар водии Рашт баъд аз 8 моҳи амалиёти вижа дар апрели соли 2011 низ эълон карданд, ки аз пинҳонгоҳи охирини ӯ парчами Ансоруллоҳро ёфтаанд.