Мақомот ҳанӯз ба ин гузориш вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта гуфтаанд, ки на ҳамаи шикоятҳо аз шиканҷа дар Тоҷикистон исбот мешавад.
Як зан ва се ноболиғ
Гузориши нимсолаи Эътилофи зидди шиканҷа дар моҳи сентябр нашру пахш шуд. Дар он омадааст, ки 6 нафар аз шиканҷа дар идораҳои вобаста ба Вазорати корҳои дохилӣ ва ду нафари дигар аз рафтори маъмурони оҷонсиҳои зидди фасод ва зидди қочоқи маводи мухаддир шикоят кардаанд.
Аз 8 нафаре, ки ба гуфтаи худашон ҳангоми боздошт шиканҷа шудаанд, 1 нафар зан ва 3 каси дигар ноболиғ будаанд.
Кӯшиши мо барои гирифтани назари мақомот дар ин бора рӯзи 30-юми сентябр бенатиҷа буд. Сухангӯйи Вазорати корҳои дохилӣ ба зангҳои мо посух надод. Дар Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир гуфтанд, аз ягон боздоштшуда дар бораи шиканҷа шудан шикоят нагирифтаанд.
Ба гузориши Эътилоф, боздоштшудаҳо асосан аз намудҳои зерини шиканҷа шикоят кардаанд:
ҳабсҳои ғайриқонунӣ ва худсарона;
зӯроварии ҷисмӣ ё латукӯб;
гузоштан ба барқ;
таҳдиди таҷовуз ба ҷабрдида ё аъзои оилаи ӯ;
таҳдиди ба ҳабс гирифтан;
таҳқиру пастзанӣ.
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Адвокатҳо ба зерҳимоя дастрасӣ надоранд"
Намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа навиштаанд, ки шароити кор барои вакилони дифоъ ҳам дар кишвар мушкил шудааст. Ба гуфтаи ин эътилоф, аз адвокатҳо имзо мегиранд, ки дар вақти тафтиши пешакӣ ҷузъиёти парвандаро фош накунанд.
Дар гузориши Эътилоф ин талаб ғайриқонунӣ гуфта шудааст, чун ба вакилони дифоъ имкон намедиҳад дар бораи парванда ба гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ маълумоти пурра диҳанд. “Вакилони дифоъ аз вохӯрии фаврӣ бо зерҳимояи худ маҳруманд ва маъмурони боздоштгоҳ барои ин иҷозаи хаттии муфаттишро талаб мекунанд,” -- омадааст дар гузориш.
Бо вуҷуди ин, кормандони Эътилофи зидди шиканҷа навиштаанд, соли равон дар кишвар баъзе аз равандҳои мусбат мушоҳида шуданд. Аз ҷумла, имсол нисбат ба се маъмури Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ҷузъиёти ин парванда маълум нест. Даъвоҳо барои рӯёндани зарари маънавӣ аз мақомот, ба гуфтаи Эътилоф, падидаи дигари мусбат дар роҳи мубориза бо шиканҷа мебошад.
Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ҳамеша танқид мешавад. Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои гирифтани эътирофи гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист. Мақомоти Тоҷикистон онро “худиқрорӣ” меноманд, ҳарчанд марги мармузи баъзе аз боздоштшудаҳо гуфтаҳои мақомотро зери суол мебарад.
Дар баъзе маврид, кормандони ниҳодҳои қудратӣ барои шиканҷа ҷазо мегиранд, аммо дар ҳолатҳои дигар касе муҷозот намешавад. Яке аз намунаҳо қазияи Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб, аст, ки моҳи январи соли 2023 баъди чанд соати дастгир шудан аз сӯи кормандони милиса даргузашт. Се афсари милиса барои шиканҷаи Розиқов 14-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.
Дар марги Меҳроҷиддин Гадозода, сокини шаҳри Ваҳдат, касе ҷазо нагирифт. Гадозодаи 33-сола моҳи апрели соли 2021, баъд аз чанд соати боздошт аз сӯи маъмурони милисаи шаҳри Ваҳдат, дар шароити мармуз ҷон бохт. Дар оғоз нисбат ба як корманди милиса барои хунукназарӣ парванда кушоданд, аммо бар асоси қонуни афв ӯро аз ҷавобгарӣ озод карданд.