Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги сарбози тоҷик. Падараш гуфт, ба худкушии ӯ бовар надорад


Як дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Як дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Як сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз зарби тир ҷон бохтааст.

Мақомот марги Ҳакимҷон Самадови 19-сола, сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Фархорро худкушӣ номида, як фармондеҳи марзбониро бо гумони "берун рафтан аз ҳади ваколат" боздошт кардаанд. Ҳодиса рӯзи 5-уми июл замоне рух додааст, ки сарбоз дар манораи дидбонӣ навбатдорӣ мекардааст.

Ду манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки тир аз зери манаҳи сарбоз зада шудааст ва "тафтиши пешакӣ ба хулосае расидааст, ки ӯ худкушӣ кардааст."

Волидони сарбоз ба ин фарзия бовар надоранд ва ба Додситонии низомӣ шикоят кардаанд, то ҳодиса дуруст таҳқиқ шавад.

Ҳакимҷон Самадов тирамоҳи соли гузашта аз деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент ба артиш ҷалб шуда будааст.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 11-уми июл гуфт, нисбат ба фармондеҳи бахши марзбонии 0307-и Нерӯҳои марзбонӣ дар Фархор ҳанӯз парванда боз нашудааст, вале ӯ дар боздошт аст ва рафтораш дар нисбат ба сарбоз таҳқиқ мешавад.

Ҳалимҷон Самадов, падари Ҳакимҷон Самадов 11-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба худкушии писараш бовар надорад. Ӯ гуфт, аввали моҳи июл телефонӣ бо Ҳакимҷон суҳбат дошт ва ҳолати рӯҳию равониаш хуб ба назар мерасид.

Падари сарбоз иддао дорад, ки писараш зери шиканҷа фавтидааст, чун дар баданаш нақши сиёҳу кабуд ҷой дошт.

"Агар вай худкушӣ мекард, наход худашро ду тир мезад? Як тир аз тарафи гулӯяш рафта ва тири дигар аз кому бинияш баромадааст. Мо ҳамаашро ба навор гирифтем ва даъво мекунем,"—гуфт Ҳалимҷон Самадов, падари сарбоз.

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориши солонаи худ гуфтааст, ки дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шудааст.

Аз ин шумора, ба иттилои Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, “6 нафар аз беморӣ фавтиданд”.

Мақомот пайваста таблиғ мекунанд, ки вазъ дар артиши Тоҷикистон беҳтар шудааст, вале ҳанӯз ҳам волидони бархе сарбозон аз шароити нодуруст ва озору азияти наваскарон шикоят мекунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG