Дар як соли ахир дар Узбакистон тақрибан даҳ зиндонии собиқи сиёсӣ аз пушти панҷара раҳо шуда, ба хонаҳояшон баргаштанд. Аз ҷумла, собиқ вакили порлумон Самандар Қӯқонов ва журналисти мустақил Муҳаммад Бекҷонов баъди 23 ва 18 соли зиндон озод шуданд. Чанде пеш журналисти мустақил Солеҳҷон Абдураҳмонов, фаъолони ҳуқуқ Аъзам Фармонов ва Ғанихон Маматхонов низ раҳо гардиданд. Раҳоии зиндониёни сиёсӣ дар Узбакистон як бахше аз ислоҳоти раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев гуфта мешавад.
Коршиносон мегӯянд, Мирзиёев дарк мекунад, ки нуфузи ӯро хадамоти пурқудрати амниятии замони Каримов ва ҳам афроди бонуфузи дигар мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Яке аз мухолифони ислоҳот метавонад Рустам Иноятов, раиси хадамоти амнияти миллӣ бошад, ки ҳамоно нуфуз ва ҷойгоҳи қавӣ дорад.
“Як марҳилаи умед”
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва коршинсон аз ин иқдом истиқбол карданд, вале гуфтанд, ки бо ин набояд иктифо кард ва аз пайи ислоҳоти бештару ҷиддитар шуд. Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch, мегӯяд, “ин, воқеан, ҳам як марҳилаи умед аст”.
Ин созмон озод шудани тақрибан 10 фаъоли сиёсиро сабт кардааст. Ба ҳисоби Свердлов, дар замони Ислом Каримов дар як сол як ё ду нафар аз зиндон озод мешуд, вале ин навбат шумори қобили мулоҳизаи зиндониҳои сиёсӣ ба озодӣ баромаданд.
Ӯ гуфт, бо ин вуҷуд, инҳо ҳама қатрае аз баҳр ҳастанд, чунки дар зиндонҳои Узбакистон ҳазорҳо нафари дигар боқӣ мемонанд, ки бо иттиҳомоти сиёсӣ маҳкум шудаанд. Стив Свердлов гуфт, умедвор аст ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Узбакистон, ки 8-уми декабр таҷлил мешавад, шумори бештар рӯи озодиро хоҳанд дид.
Берунории номи 16 ҳазор нафар аз рӯйхати сиёҳ
Маъмурияти президент Шавкат Мирзиёев, тахминан номи 16 ҳазор нафарро аз “феҳристи сиёҳи” гумонбарон дар ифротгароии динӣ низ берун кард. Ин тасмим ва, инчунин, ташкили сӯҳбатҳои ошкорои матбуотӣ иқдоме барои бекор шудани визаи хуруҷ дар ояндаи наздик умедвориҳоеро дар заминаи сиёсати либералии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, ба миён овард ва ин ҳамон чизест, ки бисёриҳо ҳамчун мушкили режими Ислом Каримов арзёбӣ мекунанд.
Мақомоти Узбакистон инчунин ба тадриҷ дар самти озод кардани матбуот ва озодии баён иқдом мекунанд. Дар телевизиони давлатӣ барномаҳои зинда пайдо шуданд, ки мақомоти давлатиро дар муқобили журналистон қарор медиҳанд. Мирзиёв гуфтааст, ки мардуми оддӣ бояд мақомотро бубинанду бидонанд, ки онҳо чӣ кор мекунанд.
Вале барномае, ки моҳи апрел ба кор шурӯъ кард, ногаҳон моҳи август қатъ шуд. Узбакистон гуфтааст, ки моҳи январи соли 2019 муқаррароти доштани визаи хуруҷро низ бекор мекунад. Ин виза ё иҷозати сафар ба хориҷа дар амал барои ҷилавгирии сафарҳои мунтақидони ҳукумат ба хориҷа истифода мешуд.
Ҳамсояҳо
Дар бахши сиёсати хориҷӣ Шавкат Мирзиёев талош дорад, бо ҳама кишарҳои атрофи Узбакистон дар минтақа робитаҳои бозу хуб барпо кунад, он чизе ки дар солҳои охири раҳбарии Ислом Каримов ба назар намерасид. Дар як соли раҳбариаш ӯ ба Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон сафар карда, чанд созиши ҳамкории иқтисодӣ имзо намуд.
Бахтиёр Нишонов, муовини раиси бахши Авроосиё дар як Пажӯҳишгоҳи байналмиалии Вашингтон, гуфт, “дар асл Узбакистон дар амри демократияву ҳуқуқи башар кори зиёде анҷом намедиҳад, вале дар шароити беҳуқуқӣ ҳама гуна тағйироту ислоҳоти кам низ аҳамият пайдо мекунад”.
Дар ҳоле ки аксари озодшудаҳо беш аз нисфи мӯҳлати зиндонро пушти сар карданд, режими Каримов одат дошт, ки ба мӯҳлати анҷомшудаи зиндонии сиёсӣ боз мӯҳлат зам кунад. Узбакистон ҳамоно матбуотро шадидан контрол мекунад ва ҳеҷ нафаре аз матбуот, сиёсатмадорон ва журналистон ҳақ надоранд, ки ба таври ошкор дар бораи сиёсати Мирзиёв назари интиқодӣ бигӯянд.
"Ҳанӯз шиканҷа ҳаст"
Стив Свердлов бо такя ба нақлҳои хешовандони зиндониҳои дигар мегӯяд, дар дохили маҳбасҳо ҳамоно зиндониҳо латту кӯб ва нисбат ба онҳо бадрафторӣ мешавад. Як зиндонии сиёсӣ гуфт, ки моҳи апрел дар зиндони Бекобод зиндониҳо шадидан латту кӯб шуданд ва зоҳиран маъмурияти зиндон мехостанд, онҳоро аз шикоят кардан ба ваколатдори ҳуқуқи инсони Узбакистон боздоранд.
Дар ҳамин ҳол, Свердлов гуфтааст, ки дар як сафари ғайримунтазира намояндагони HRW барои мулоқот бо мақомоти баландпоя, фаъолони маданӣ ва аъзои оилаи зиндониҳои сиёсӣ иҷозат доданд.
Коршиносон дар маҷмӯъ ба ин андеша розӣ ҳастанд, ки Мирзиёев ҷиддан хостори беҳбуд бахшидани обрӯи кишвараш дар саҳнаи байналмилалӣ аст. Ӯ мехоҳад, ки сармояҳои хориҷӣ ба кишвар ворид шуда, вазъи иқтисодӣ беҳбуд ёбад.
Тадбирҳои косметикӣ
Алекс Меликишвилӣ, таҳлилгари аршади Пажӯҳишгоҳи хатарҳо гуфт, озод кардани зиндониҳо ва пок кардани феҳристи сиёҳ бештар тадбирҳои косметикӣ аст, ҳарчанд баёнгари омодагии мақомоти Тошканд ба озод кардани назорати иҷтимоӣ дар кишвар мебошад. Вай гуфт, боздошт шудани журналист Бобомурод Абдуллоев ба талошҳои Мирзиёев дар амри таъмини озодиҳо соя меафканад.
Коршиносон мегӯянд, Мирзиёев дарк мекунад, ки нуфузи ӯро хадамоти пурқудрати амниятии замони Каримов ва ҳам афроди бонуфузи дигар мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Яке аз мухолифони ислоҳот метавонад Рустам Иноятов, раиси хадамоти амнияти миллӣ бошад, ки ҳамоно нуфуз ва ҷойгоҳи қавӣ дорад. Феълан танҳо худи Мирзиёев медонад, ки ислоҳоти ӯ то куҷо мекашад ва маҳдудият хоҳад дошт, ё на.