Севинч: Аз Тоҷикистон ба Узбакистон хотираи нек мебарам. ВИДЕО

Севинч Мӯъминова, овозхони маъруфи узбакистонӣ

Севинч Мӯъминова, овозони маъруфи узбакистонӣ, гуфт, ба ояндаи хуби равобити Тошканду Душанбе умедвор аст. Ӯ рӯзи 11-уми май дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта низ риштаи ин иртибот канда набуд.

Бори аввал гуруҳи бузурги овозхонҳои узбакистонӣ дар ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳри Турсунзода иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.

"Тоҷикистон ва Узбакистон бо ҳам иртиботи хуб доштанду доранд. Муносибатҳои мо дар оянда боз ҳам беҳтар хоҳанд шуд", - афзуд Севинч.

Ин овозхон гуфт, ки баробари поин шудан аз ҳавопаймо бо истиқболи гарми тоҷикон рӯбарӯ шуд ва афзуд, хотираи хубе ба Узбакистон мебарад.

Навори видео дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Севинч: Аз Тоҷикистон ба Узбакистон хотираи нек мебарам

Севинч Муъминова гуфт, барномаи ҳунарии ӯ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор шудааст. Вай гуфт, барномаи ҳунариаш ҳамроҳи овозхонҳои дигари узбакистонӣ рӯзи 10 май дар Душанбе гузашт ва аз истиқболи мухлисон зиёд шод ҳастанд.

Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон баъди "чанд соли танаффус" рӯзи сешанбе шуруъ шуда, шоми 12 май ба поён хоҳад расид. Севинч Муъминова гуфт, ки чунин барномаҳо эътимод ба якдигарро бештар мекунад ва аз тоҷикистониҳо низ даъват намуд, бо барномаҳои худ ба Тошканд бираванд.

Шабнами Сурайё

Вай дар идомаи ин суҳбаташ гуфт, дар феҳристи таронаҳои ӯ бо забони узбакӣ ва русиву озарӣ сурудҳои тоҷикӣ низ ҷой доранд. “Аз миёни овозонҳои тоҷик бо Шабнами Сурайё низ ҳамкории бештар дорам. Ин овозхони тоҷикро дар Тошканд ҳам хуб мухлисӣ мекунанд”, - афзуд ӯ.

Севинч Мӯъминова, ҳунарманди узбакистонӣ, ки барои ҳаводорони тоҷикаш солҳои зиёд тавассути оҳангу суруд ва ҳамчунин нақшҳои ҳунариаш дар синамои имрӯзаи Узбакистон хуб ошност, аз ин пеш ҳам дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда буд. Аз ҷумла, ӯ моҳи декабри соли 2009 дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе бо овозхони маъруфи эронӣ Афшин ва овозхони тоҷик Фирӯза Ҳафизова консерти якҷоя дода буд.

Видео: Шурӯи Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Роҳи тӯлонии 25-солаи фарҳангиёни узбак ба Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд дар соли 1998 қарордод дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Узбакистон ба имзо расида ва ҳамон сол дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуда буд, вале дар сатҳи расмӣ ҳамкориҳои фарҳангиву ҳунарӣ тақрибан сурат нагирифтааст.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода низ рӯзи 10 май дар як нишасти муштарак бо намояндагони фарҳанги Узбакистон гуфт, дар гузашта танҳо сафарҳои ҳунарии ситораҳои эстрадаи Тоҷикистону Узбакистон ба таври ғайрирасмӣ анҷом шуда, аммо шумораи ин гуна сафарҳои ҳунарӣ маҳдуд буданд. Дар гузашта Юлдуз Усмонова ва Фирӯза Ҷумъаниёзова, овозхонҳои маъруфи узбакистонӣ бо барномаҳои ҳунарӣ ба Тоҷикистон омада буданд.

Ҳунарнамоии Севинч Мӯъминова дар шаҳри Душанбе. 10 майи 2017

Муносиботи Тоҷикистону Узбакистон пас аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини он кишвар, дар моҳи сентябри соли гузашта ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев беҳтар шудааст. Бори аввал гуруҳи бузурги овозхонҳои узбакистонӣ дар ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳри Турсунзода иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.