Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Узбакистон


Сироҷиддин Аслов бо Абдулазиз Комилов
Сироҷиддин Аслов бо Абдулазиз Комилов

Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз Комилов – вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Узбакистон – мулоқот кардаанд. Масъулони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ин мулоқот рӯзи 6 апрел дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, "тарафҳо вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон ва дурнамои самтҳои он, аз ҷумла дар ҳошияи ИДМ-ро баррасӣ намуда, оид ба проблемаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд." Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои дар гузашта сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон, эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст. Нахустин парвоз дар ин самт рӯзи 11 апрел анҷом хоҳад гирифт. То кунун соҳибкорони узбакистонӣ низ ба Тоҷикистон омада, ин моҳ баргузории намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тошканд дар Душанбе дар назар аст. Дар ҷашнҳои Наврӯзи имсола дар шаҳри Турсунзода як гурӯҳи ҳунармандон аз Узбакистон ҳам иштирок доштанд.

XS
SM
MD
LG