Рӯзи 27 март дар Тоҷикистон ҳамзамон машқҳои низомии нерӯҳои муштараки Тоҷикистону Русия ва Тоҷикистону Амрико шурӯъ шуд. Агар дар бораи размоиши муштараки нерӯҳои амниятии Амрикою воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД Тоҷикистон расман ҳанӯз ду ҳафта пеш эълон шуда буд, дар бораи машқҳои муштараки Тоҷикистон Русия матбуот танҳо охири ҳафтаи гузашта хабар ёфт.
Дар муқоиса бо теъдоди 250-нафараи низомиёни гурӯҳи аввали тамринӣ, нерӯҳои Тоҷикистону Русия дар ҳайати беш аз 40-ҳазонафарӣ дар чандмайдони низомии кишвар ва ҳам бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангии аз пойгоҳи низомии Қирғизистон ҷалбшуда машқ хоҳанд кард.
Агар дар бораи размоиши муштараки нерӯҳои амниятии Амрикою воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД Тоҷикистон расман ҳанӯз ду ҳафта пеш эълон шуда буд, дар бораи машқҳои муштараки Тоҷикистон Русия матбуот танҳо охири ҳафтаи гузашта хабар ёфт.
Тоҷикистон бо Афғонистон марзи муштараки 1300-километрӣ дорад ва қаламрави Осиёи Марказиро дар ҷабҳаи аввали таҳдидҳои террористӣ қарор медиҳад. Дар ҳоле, ки ИМА ва Русия аз шарикони низомии Тоҷикистон дар амри муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ ва терроризм арзёбӣ мешаванд, вуҷуди бархе ихтилофҳо дар стратегияи сиёсии онҳо ин кишварҳоро ба рақибони стратегӣ дар минтақа табдил медиҳад.
Ҳамзамонии размоишҳо: Рақобати абарқудратҳо ё тасодуф?
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон, дар машқҳои муштараки низомии Тоҷикистону Русия, ки субҳи рӯзи 27 март оғоз гардида ва се рӯз идома хоҳад кард, беш аз 40 ҳазор тан аз низомиёни тоҷик ва 2 ҳазор сарбозу афсарони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, техникаи низомӣ, ҳавопаймоҳои ҷангию борбар ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳадафи ин размоиш ҳамоҳангсозии амалиёт дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ буда,он дар размоишгоҳҳои “Ҳарбмайдон”, “Момирак” ва “Москва”-и Вазорати дифоъи Тоҷикистон ва “Лоҳур”-у “Самбулӣ”-и пойгоҳи низомии 201-и Русия анҷом мешавад.
Ҳамзамон бо ин, субҳи 27 март дар ҳудуди Тоҷикистон машқҳои низомии неруҳои амниятии Тоҷикистону Амрико шурӯъ шуд, ки дар онҳо аз ҳар ду ҷониб 250 тан аз низомиён ширкат карда ва ду ҳафта идома хоҳад кард. Бино ба иттилои Сафорати Амрико дар Душанбе, ин машқҳои низомӣ аз ҷониби Фармондеҳии марказии ИМА дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои давлатии Амрико ва ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда ва ҳадафи аслии он мубориза муштарак алайҳи терроризми фаромиллӣ будааст. Ин манбаъ гуфт, аксари машқҳои низомӣ дар ҳудуди Тоҷикистон барпо гардида, бахши хурди ин онҳо дар манотиқе сурат мегирад, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон интихоб шудааст.
Дар ҳоле ки масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон аз шарҳи далели ҳамзамонии размоишҳои муштараки Тоҷикистон бо Амрико ва Русия худдорӣ мекунанд, Ҷефф Райденаур, масъули бахши иттилоотии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин иқдоми Русия ногаҳонӣ будааст”. Вай гуфт: “Ҷониби Амрико чанд моҳе пеш дар мавриди машқҳои муштарак бо Тоҷикистон расман хабар дода буд. Мо дар бораи имкони баргузории машқҳои кишварҳои дигар бо Тоҷикистон маълумот надоштем. Ин нохост баргузор шуд”.
Вале низомиёни Русия мегӯянд, ин машқҳо бо ширкати ҳазорҳо низомиён ба ҳеҷ сурат “тасодуфӣ” ва “бидуни нақша” набуд. Як масъули дафтари матбуоти пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ танҳо гуфт, ки “размоиши муштарак бо нерӯҳои Тоҷикистон аз қабл тарҳрезӣ шуда ва имрӯз оғоз гардид”.
Дар изҳороти вазорати дифои Русия аз рӯзи 27 март гуфта шудааст, ки ин размоишҳо “Бар асоси нақшаи ҳамкориҳо миёни вазоратҳои дифои Русия ва Тоҷикистон дар ҳудуди Тоҷикистон аз 27 то 30 март машқҳои муштараки фармонеҳию ситодӣ ( командно-штабное) баргузор мешавад. Дар ҷараёни ин машқҳо масоили банақшагирӣ, идора ва ҳамоҳангии неруҳо дар амалиёти муштарак алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ тамрин мешавад”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазорати дохилӣ гуфтааст, ки дар машқҳо аз ҷониби Русия гурӯҳҳоизудамали низомии раёсати низомии Округи ҳарбии Марказӣ, пойгоҳи 201, воҳидҳо ва қисмҳои ҷудогонаи округи ҳарбӣ, гурӯҳи ҳавопаймоҳои дурпарвоз, ҳарбию нақлиётӣ, ҷангӣ ва артишӣва аз ҷониби Тоҷикистон, бригадаи тирандозӣ ва десантии ҳамлавгар, таъйиноти махсусу таъминот, гурӯҳи тактикии бригадаи авиатсионӣ ҷалб шудаанд.
Коршиносҳо: Рақобати қудратҳо ё намоиши нерӯ?
Рашид Ғанӣ, коршиноси тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмулан размоишҳои низомии муштарак чанд моҳе ё ҳатто соле қабл ба нақша гирифта шуда, ҷузъиёти он, ба мисли теъдоди ширкаткунандагон, маҳалҳои баргузорӣ, истифодаи техникаи низомӣ ва масоили дигар ҳамоҳанг мешаванд.
Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, “тадорукоти чунин чорабиниҳо вақти зиёд мехоҳад. Аз сӯи дигар, дар як вақт анҷом шудани машқҳои низомӣ бо Русия ва Амрико ҳодисаи фавқулоддае ҳисоб намеёбад. Зеро Тоҷикистон сиёсати бисёрсамтиро пеш гирифта ва ин сиёсат дар бахши низомӣ низ истифода мешавад. Ҳамчунин, ҳадафҳои Амрикою Русия мубориза алайҳи терроризм аст ва ин ду кишвар дар ин замина бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд. Гузашта аз ин ин, ду абарқудрат аз вазъи ноороми Афғонистон дар ташвиш ҳастанд ва талош мекунанд, ин нооромӣ ба кишварҳои минтақа сироят накунад. Дар ин ҷо бештар ҳамкорӣ ба чашм мехӯрад, на рақобати абарқудратҳо”.
Александр Князев, коршиноси масоили минтақавӣ низ таъкид дошт, ки размоишҳои мазкур ба ҳеҷ ваҷҳ нишонае аз рақобати Амрикою Русия дар Тоҷикистон нест. “Дар размоиши Тоҷикистону Амрико танҳо 250 нафар ширкат мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар тамриноти муштараки Тоҷикистон бо Русия ва кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳазорон нафар сарбозу афсар ва теъдоди зиёди техникаи ҳарбӣ, бо шумули тонкҳо, зиреҳпӯшҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҷалб мешаванд. Дар размоиши муштараки Тоҷикистону Амрико аслан табодули таҷруба сурат хоҳад гирифта, ҳатто масъалаи ҳамоҳангсозии нерӯҳо дар амалиёти ҷангӣ матраҳ нахоҳад шуд”.
Вале коршиносони ғарбӣ мегӯянд, паёми ҳама гуна рамоишҳо пеш аз намоиши нирӯ ва мавқеи он давлат аст. Мерҳат Шарифҷон, шореҳи масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ гуфт, ки “Маскав ба ҳузури худ дар Тоҷикистон ва минтақа таъкид ва паём медиҳад, ки ин қаламрав дар меҳвари манфиатҳои Русия қарор дорад ва ин ҷоро тарк карданӣ нест”.
Брюс Паннир, шореҳи дигари сиёсии Радиои Озодӣ гуфт: «Ҳарду барои Тоҷикистон муфид аст. Тамринҳо бо Русия возеҳан қудратнамоӣ аст. Агар шумо дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бошед ва ин рамзмоишҳоро мебинед, ки нерӯҳои зиёде онҷо ҳастанд ва бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳо, танку тӯпхона ҳимоят мешаванд. Размоиш бо нерӯҳои амрикоӣ дигар аст, ки ҳадаф аз он радёбӣ ва маҳви гурӯҳҳои хурд аст».
Ҷаноби Паннир гуфт, Русия дар маҷмӯъ аз ҳузури ИМА дар минтақа хушҳол нест ва ҳатто дар нисбати ҳузури 10 низомии ин кишвар дар ин қаламрав ҳассосият нишон медиҳад. Вай гуфт, ба ҳар сурат, донишу малакае, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз амрикоиҳо меомӯзанд, ба хотири таҷрибаи 15-солаи ҳузури онҳо дар Афғонистон ва муқобила бо шӯришиёни мусаллаҳ дар он кишвар ба манфиати низомиёни тоҷик хоҳад буд.
Русия, Толибон ва «Давлати исломӣ»
Баргузории машқҳои низомии муштараки нерӯҳои русиву тоҷик як моҳ баъди боздиди президенти Русия Владимир Путин аз Тоҷикистон сурат мегирад. Владимир Мухин, шореҳи низомии “Незвисимая газета” мегӯяд, дар ҳоле, ки Владимир Путин дар ҷараёни дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар авохири моҳи гузашта Тоҷикистонро “кишвари калидӣ дар таъмини амнияти минтақа” хонда буд, вале ҷаноби Раҳмон барои таҳкими равобити низомӣ бо ИМА талош мекунад. Ба эътиқоди ҷаноби Мухин, ин амр ба манфиатҳои Русия дар минтақа мухолифат дорад.
Вале мақомоти ИМА ҳамеша таъкид кардаанд, ки аз сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон дар дигар кишварҳои минтақа пуштибонӣ мекунанд ва ҳеҷ гоҳ хилофи ҳамкориҳои суннатии ин кишварҳо бо шарикони дигарашон нестанд.
Нозирон мегӯянд, ки эҳтимол, ҳассостар шудани мавзӯи тамринҳои муштарак дар хоки Тоҷикистон сабаби дигар ҳам дорад. Дар ҳукумати ИМА бархе низомиёни баландпоя ҳарчи бештар дар бораи эҳтимоли ҳамкориҳои Русияву Толибон – мухолифиони мусаллаҳи ҳукумати Кобул ҳарф мезананд. Русия пайваста ин иттиҳомотро рад кардааст. Вале бархе мақомоти амрикоӣ ба афзоиши нерӯи ин кишвар дар Афғонистон ва мусоидат дар амри таъмини амният ба артиши ҳукуматии ин кишвар даъватҳо мекунанд. Ҳанӯз маълум нест, ки то куҷо президент Доналд Трамп ва маъмурияти ӯ ба ин даъватҳо розӣ мешавад, вале мусаллам аст, ки таъмини амният барои мақомоти Кохи Сафед аҳамияти муҳим дорад.
Зимнан, кӯмакҳои низомии Амрико ба Тоҷикистон ҳамасола афзоиш ёфта ва дар чанд соли ахир миқдори ин кӯмакҳо ба 260 миллион доллар баробар шудааст. Кӯмакҳои низомии Чин ба Тоҷикистон дар ду соли ахир беш аз 30 миллион долларро ташкил медиҳад.