Дар як қисми ҳарбии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар вилояти Бадахшон, акнун лижаронӣ дар баробари дигар машғулияту тамринҳои ҳарбӣ, ба шуғли асосии сарбозон табдил ёфтааст.
Нахустин гурӯҳи лижаронҳо дар Бадахшон аз 30 сарбоз иборат аст ва, ба қавли мақомот, ҳамагӣ омодаанд дар сурати таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ бо силоҳу борхалтаҳои вазнин ва дигар лавозимоти ҳарбӣ, дар роҳҳои мушкилгузару пурбарфи баландкӯҳҳо бо лижа амалиёти мухталиф анҷом диҳанд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз ҳамин сабаб, барои омода кардани муттахассисон бо дархости вазири дифои кишвар мутахассисон ба қисми низомӣ дар Бадахшон фиристода шуданд ва дар як муддати кӯтоҳ сарбозон нозукиҳои истифодабарии лавозимоти лижарониро аз худ карданд.”
Дар навбати аввал 30 нафар бо лавозимоти лижаронӣ муҷаҳҳаз шуда ва истифодаи онро омӯхтаанд, аммо ба гуфтаи Маҳмадалиев, ба тадриҷ тамоми ҳайати шахсии қисмҳои низомии мустақар дар баландкӯҳҳо бояд лижаронӣ дар кӯҳу дараҳоро аз худ кунанд. Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, омӯзиши лижаронӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ба сарбозон аз сӯе метавонад ба тарғиби ин навъи варзиш миёни ҷавонон ҳам мусоидат кунад.
“Илова шудани ингуна машғулият сарбозонро хушҳол кардааст. Аксарият аз деҳоти мухталифу дурдаст ба хизмат даъват мешавад ва дар деҳот, албатта, лижаронҳо кам ба назар мерасанд. Вақте сарбозон лижарониро меомӯзанд, шавқ зиёд мешавад ва оянда дар манотиқи худ низ онро истифода мекунанд ва дӯстони худро ҳам ба ин навъи варзиш ҷалб месозанд. Ин аз як ҷиҳат тарғиби лижаронӣ дар шароити дашту саҳроҳои кишвар мешавад,”-афзуд ӯ.
Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон илова кард, аз соли 2001 дар вазорати дифоъ клуби марказии варзишии артиш амал мекунад, ки дар он сарбозон дар 10 намуди варзиш машқ мекунанд. Аммо ин барои аввалин бор аст, ки дар назди як қисми ҳарбӣ як гурӯҳ ё як ҷузъи таъиноти махсуси лижаронӣ таъсис меёбад.