Худсензура ва бӯҳрон - поёни кори матбуоти мустақил?

Таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки вазъи матбуоти мустақили тоҷик “бӯҳронӣ” шуда, аксари онҳо зери бори фишор кор мекунанд. Аксар намояндагони расонаҳои мустақил мегӯянд, фишори онҳо пеш аз ҳама ба фазои кории онҳо, набуди имкони гуфтани танқиди сиёсӣ ва ҳам мушкилоти молӣ иртибот мегирад.

Аз як сӯ бӯҳрон, аммо аз сӯйи дигар худсензура ё парҳез аз нашри матлабҳои ҷиддии сиёсиро, таҳлилгарону соҳибрасонаҳо далели аслии ба мушкил ғӯтидан ва каммутолиа шудани нашрияҳо унвон мекунанд.

Набӣ Юсуфов, раиси созмони «Медиа консалтинг» рӯзи 26 октябр гуфт, беш аз нисфи расонаҳои чопии Тоҷикистон ба шароити феълӣ тоб наоварда, аз бозор берун хоҳанд шуд. Юсуфов бо таваҷҷӯҳ ба мӯҳтаво ва сифати нашрияҳои имрӯза гуфт, фаъолияти бештари онҳо ба эҳтимоли зиёд дер давом намекунад.

Дар ҳолате, ки дар рӯи мизаш чанд нашрияи пештози маҳаллиро дошт, Набӣ Юсуфов гуфт, “ҳоло нашрияҳоро як бор варақ зада метавонам бигӯям, ки чанд кас онро мехонад. Бо он сифате, ки ҳоло чоп мешаванд, наметавонанд пеш раванд. Аввал ин, ки тақдими матлаб кӯҳна аст ва баъдан бо сифати хеле паст нашр мешаванд. Аз сӯйи дигар, нархи Интернет барои истифода назар ба нашрияҳо барои мардум муносибтар аст.”

Набӣ Юсуфов

Як пажӯҳиши ин созмон муайян кардаааст, ки матбуоти чопии кишвар беш аз 50 дар сад хонандаҳои фаъоли худро аз даст додааст. Аз як сӯ бӯҳрон, аммо аз сӯйи дигар худсензура ё парҳез аз нашри матлабҳои ҷиддии сиёсиро, таҳлилгарон ва соҳибрасонаҳо далели аслии ба мушкил ғӯтидан ва каммутолиа шудани нашрияҳои Тоҷикистон унвон мекунанд. Маҳдуд шудани доманаи озодии баён ва афзоиши худсензура дар матбуоти Тоҷикистон бештар аз як сол ба ин сӯ мушоҳида мешавад. Соҳибрасонаҳо ҳам иқроранд, ки акнун дар бозтоби мавзӯъҳои муҳиму сиёсӣ аз эҳтиёт кор мегиранд ё умуман худдорӣ мекунанд.

Иршод Сулаймонӣ, як масъули хабаргузории “Озодагон”, мегӯяд, расонаҳо натавонистанд дар ин як сол мавзӯъҳои барои хонандаи худ ҷолиб ва ҳодисаҳои муҳими кишварро инъикос кунанд. Ба гуфтаи Иршод Суларймонӣ, дар ин муддат соҳибрасонаҳо ба нашри матлабҳои барои худ “дардисарсоз” умуман роҳ надоданд.

“Дар фазои имрӯза, ки матбуоти мо бӯҳронитарин давраи мавҷудияти худро аз сар мегузаронад, фаъолияти журналистӣ худ як қаҳрамонӣ аст. Маоши бисёр ночиз доранд, фазои номусоид, муҳити начандон солим фароҳам аст, вале бо ин вуҷуд ба хотири бархе аз ормонҳо фаъолият доранд. Ҳоло аз ҳисоби кори рӯзноманигорӣ нони бароҳат хӯрдан мушкил аст”, - таъкид кард ӯ.

Иршод Сулаймонӣ

Ба таъкиди Иршод Сулаймонӣ, матбуот ҳоло дар як марҳилаи тасмимгирӣ қарор дорад, ё бақояшро бо роҳе пайдо мекунад, ё аз байн меравад. Лола Олимова, хабарнигори тоҷик, ки ба омӯзондани таҳқиқоти журналистӣ машғул аст, мегӯяд, ҳоло хабарнигорон бештар ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ рӯ овардаанд. Олимова аз он нигаронӣ мекунад, ки дар ин як сол бо далелҳои мухталиф хабарнигорони бомаҳорати тоҷик тарки касб ва ҳатто кишвар карданд.

Чанд моҳи пеш созмони Гузоришгарони бидуни марз аз тарки кишвар ва дархости паноҳандагӣ кардани ба камияш даҳ журналисти тоҷик аз кишварҳои аврупоӣ иттилоъ дода буд. “Мо бо хабарнигорони ҷавон кор мекунем ва онҳоро меомӯзонем. Аз 45 хабарнигоре, ки мо дар соли 2014 ҳамкорӣ мекардем, ҳоло танҳо 5 ё 6 нафар бо мо ҳастанд ва дар самти таҳқиқоти журналистӣ кор мекунанд”, - гуфт Лола Олимова.

Ин хабарнигори тоҷик гуфт, маҳдуд кардани озодии баён ва дастрасиву пешниҳоди иттилои дақиқ ба омма, паёмади чандон хуб надорад. Ӯ гуфт, “набояд расондани ҳақиқат ба одамон манъ шавад. Ба ин набояд роҳ дод. Бояд ҷомеа тавонанд озодона дар робита ба ҳар мавзӯъ баҳс кунад ва назари худро баён созад. Вақте чунин нест, ин ба он маъно аст, ки дар кишвар чӣ мушкил вуҷуд дорад, ки садди сӯҳбатҳои озод мегардад.”

Лола Олимова

Дар ду соли охир вазъи сиёсии Тоҷикистон тағйир ёфтааст. Вакилони дифое ҳам, ки бо матбуот сӯҳбат мекарданд ё дигар иҷозаи фаъолият надоранд ё бо иттиҳомҳои гуногун боздошт шуданд. Дасти журналистон дар ин муддат ба манбаъҳои иттилоотӣ ва ҳамсӯҳбати озодандеш кӯтоҳтар гашт.

Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон як бастаи пешниҳодҳоро барои ислоҳи қонуни матбуот ба порлумон фиристодааст. Матни комили тарҳи тағйиру иловаҳо то ба ҳол барои ҷомеаи хабарнигорон дастрас нест. Танҳо гуфта мешавад, иловаҳои нав имлоӣ буда, мазмуну талаботи қонун дар бораи матбуотро тағйир намедиҳад.