Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RWB: "Матбуоти мустақил дар Тоҷикистон зери фишор аст"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Созмони Хабарнигорони бидуни марз (RWB) дар остонаи раъйпурсии 22-май дар Тоҷикистон, бо нашри як гузориш маҳдудият ва фишор ба матбуоти мустақил дар ин кишварро маҳкум кардааст.

Созмони Хабарнигорони бидуни марз ё Reporters Without Borders марказаш дар Пориси Фаронса рӯзи шанбеи 21-уми май гузорише ба нашр расонд ва дар он маҳдудият ва фишор ба матбуоти мустақил дар Тоҷикистонро маҳкум кард.

Дар гузориш омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо бастани сомонаҳои хабаргузориҳои мустақил, бо таҳдиди рӯзноманигорон фишорро ҳамчунон идома медиҳад ва мавқеи Тоҷикистон дар шохиси Озодии Матбуот дар ҷаҳон хеле поин рафтааст. Дар гузориши ин созмон гуфта мешавад, ки сомонаҳои расонаҳои маъруфи хабарӣ, мисли Азия-Плюс ва Озодагон баъд аз чопи мақолаҳо дар бораи раъйпурсӣ, баста шудаанд.

Чунин намунаҳо дар солҳои охир дар остонаи тадбирҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили раъйпурсӣ ва интихоботҳо ба анъана даромадааст. Дар ин гузориш ҳамчунин дар бораи тағйиру иловаҳо дар Қонуни Асосӣ намунаҳо оварда шудааст.

Рӯзи 14 май хабаргузории Азия-Плюс номаеро чоп кард, ки аз вазорати фарҳанг гирифта буд. Дар ин нома мақолае “таблиғоти террористӣ” арзёбӣ шуда буд. Дар ин мақола хабаргузорӣ аз рӯзномаи “Financial Times” иқтибос оварда буд, ки тундравҳои "Давлати исломӣ" чанд пул дастмузд мегиранд. Дар мақола нуктае ба ҷонибдорӣ аз фаъолиятҳои террористӣ дида намешуд.

Созмони Хабарнигорони бидуни марз бар ин ақида аст, ки ҳукумат ба баҳонаи талошҳои мубориза бо терроризм, матбуоти мустақилро метарсонад ва ба худсонсурӣ маҷбур месозад .Тоҷикистон дар гузориши Озодии Матбуот дар ҷаҳон дар соли 2016 аз зинаи 150 ба зинаи 180 афтодааст. Соли ҷорӣ ҳеҷ кишвар ба ин андоза поин нарафтааст.

Нашри гузориши созмони Хабарнигорони бидуни марз дар ҳолест, ки аз рӯзи 20-уми май ва дар остонаи раъйпурсии умумиллӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон, дар қаламрави кишвар дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва сомонаи пурбинандаи Ютюб маҳдуд шудааст.

Маъмулан қабл ё ҳангоми маърака ё ҳодисаҳои муҳим шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон маҳдуд мешаванд. Тирамоҳи соли гузашта зимни амалиёт алайҳи Абдуҳалим Назарзод, генерали собиқи Вазорати мудофиа Тоҷикистон, сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баста шуданд.

Коршиносон мегӯянд, ки пас аз баргузории интихоботи парлумонӣ ва баъдан даргириҳои моҳи сентябри соли 2015, ки мақомот аз он ҳамчун кӯшиши табаддулоти давлатӣ ном мебаранд, фазо барои плюрализими сиёсӣ танг шуд ва р\зноманигорону фаъолони ҷомеаи журналистӣ мавриди фишор қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG