Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр соҳибкори маъруф Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард.
Бар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ, ки қозии парванда Шавкат Абдулхайров рӯзи 25 декабр дар анҷоми ин мурофиаи пушти дарҳои баста эълон кард, молу мулки Зайд Саидов низ ба фоидаи давлат мусодира хоҳад шуд. Хабарнигори "Озодӣ" мегӯяд, ин ҳукм бар асоси танҳо 6 парвандаи алайҳи вазири собиқи саноат ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав буда, мақомот гуфтаанд, тафтиши парвандаҳои дигар алайҳи Зайд Саидов идома хоҳад ёфт.
Эълон шудааст, ки телевизионҳои давлатии Тоҷикистон шоми 25 декабр як барномаи махсусе дар бораи Зайд Саидов ва ҳукми ӯ нашр мекунанд.
Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили Зайд Саидов гуфт, Додгоҳи олӣ шахси зери ҳимояашро бар асоси чаҳор банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон « таҷовуз ба номус», «бисёрзанӣ», «қаллобӣ», «фасод ва ришвастионӣ» гунаҳкор донистааст: «Қозӣ аз рӯи моддаи 319 қисми сеи Кодекси ҷиноӣ ба муҳлати 19 сол ҷазо таъйин кард. Моддаи 138 қисми 3, 248 қисми чор ва моддаи 170(дузанагӣ) 7 соли дигар ҷазо таъин кард. Дар маҷмӯъ додгоҳ ба Зайд Саидовро ба 26 сол маҳкум кард.»
Шӯҳрат Қудратов, вакили дигари Зайд Саидов гуфт, додгоҳ ҳеҷ яке аз ваҷҳҳои онҳоро дар мавриди бегуноҳии зерҳимояашон ба эътибор нагирифт ва баръакс аз дидгоҳи айбдоркунандаи давлатӣ ҳимоят кард: «Натанҳо парвандаи Зайд Шерович, балки ҳукми суд дар нисбати вай сиёсӣ аст. Мурофеа воқеан якҷониба сурат гирифт ва имрӯз хабарнигорони мустақилро қозии парванда нагузошт, ки дар маросими эълони ҳукм иштирок кунанд, вале ду наворбардор, ки яке корманди оҷонсии зидди фасод буд, эълони ҳукмро ба навор гирифт.»
Хабарнигори "Озодӣ" қаблан гузориш дод, ки дар лаҳзаҳои эълони ҳукм нирӯҳои амниятӣ наздикони Зайд Саидовро аз назди боздоштгоҳ пароканда карда, тақрибан 10 хабарнигорро аз назди боздоштгоҳ иҷборан дохили қаҳвахонаи "Табака", поёнтар аз бинои боздоштгоҳ кардаанд. Журналистҳо имкони аз қаҳвахона баромадан надоштанд.
Кормандони интизомӣ ҳамчунин ҳудуди 40 нафар наздикону дӯстониЗайд Саидовро аз назди СИЗО пароканда карданд.
Дар рӯзи эълони ҳукми Зайд Саидов дар атрофи боздоштгоҳи Кумитаи амният ҳузури нирӯҳои амниятӣ тақвият ёфта, онҳо тавассути баландгӯ издиҳоми ҷамъшударо ба пароканда шудан даъват мекунанд.Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, нирӯҳои амниятӣ хабарнигоронро низ аз наворбардориву аксбардорӣ манъ карда, наворбардори хабаргузории "Озодагон" Абдураҳим Шукуровро боздошт карда, ба дохили боздоштгоҳ бурдаанд. дар "Озодагон" гуфтанд, ки Шукуров то соати 18-30 ҳанӯз озод нашуда буд.
Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, ки то ҳол аз боздошт раҳо нагардидааст, мегӯяд, маъмурони пулис ӯро мавриди латту кӯб қарор додаанд. Вай афзуд, ин латту кӯб ҳангоми овардани ӯ аз назди боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ то шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сурат гирифтааст. Баъд аз шикояти масъулони “Озодагон”, маъмурони пулис ӯро барои ташхис бурдаанд.
Ба гуфтаи хабарнигори "Озодӣ", бисёре аз хабарнигорон аз тарси боздошт дастгоҳҳои худро пинҳон карда, ҳатто бо телефон бо эҳтиёт сӯҳбат мекунанд. Нерӯҳои амниятӣ ба рӯзноманигорон пешниҳод кардаанд, ки ба яке аз ресторанҳои наздики маҳали баргузории мурофиа даромада ва ба ҷамъомадагон ҳамроҳ нашаванд.
Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, дар назди боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ тақрибан 30-40 нафар аз наздикону дӯстони Зайд Саидов ҷамъ шудаанд. Дар байни онҳо ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар Ойниҳол Бобоназарова, коргардони театр Барзу Абдураззоқов ва иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров
низ ҳастанд.
Афзоиши тадобири амниятӣ дар атрофи боздоштгоҳи Кумитаи амният дар ҳолест, ки рӯзи 25 декабр, соатҳои тақрибан 13-40 дар инҷо мурофиаи ниҳоӣ барои эълони ҳукми соҳикбори маъруф Зайд Саидов шурӯъ шуд.
Хабарнигори "Озодӣ" мегӯяд, ки аз наздикони Зайд Саидов ба ҷуз писараш Хайрулло Саидов ва вакилони дифоъ, ба дигарон, аз ҷумла ба рӯзноманигорон иҷозаи вуруд дода нашудааст. Интизор меравад, имрӯз Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Зайд Саидовро эълон намояд.
Хабарнигори "Озодӣ" мегӯяд, ҳамзамон бо оғози мурофиа, даҳҳо тан аз пайвандону дӯстони Зайд Саидов дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷамъ шудаанд ва неруҳои интизомӣ онҳоро ба канор бурда ва намегузоранд, ки ба дари боздоштгоҳ наздик шаванд. Нерӯҳои интизомӣ аз тариқи баландгӯяк ба ҷамъомадагон хитоб кардаанд, ки агар пароканда нашаванд, боздошт хоҳанд шуд.
Айни ҳол дар атрофии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳудуди 30 нафар аз пайвандону наздикони Зайд Саидов ва хабарнигорон мунтазири ҳукми додгоҳ мебошанд.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов рӯзи 25-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки додраси Додгоҳи олӣ Шавкат Абдулхайров вакилони дифои ӯро барои эълони ҳукми додгоҳ даъват кардааст. Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, қарор аст, соати 13:30 Додгоҳи олӣ ҳукми худро дар мавриди парвандаҳои Зайд Саидов эълон намояд.
Машваратхонаи Додгоҳи олӣ рӯзи 24-уми декабр парвандаи Зайд Саидовро пас аз эълони ҷазои айбдоршавандаи давлатӣ Абдусамеъ Додобоев намояндаи Додситонии кулл, ки 28 соли маҳрумият аз озодӣ эълон карда буд, баррасӣ кардааст. Мурофиаи парвандаҳои Зайд Саидов аз сӯи Додгоҳи олӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ аз 12 сентябр ба ин сӯ пушти дарҳои баста идома дорад.
Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 5 декабр аз додгоҳ барои Зайд Саидов 28 сол ҳукми зиндон хост. Аммо худи Зайд Саидов, ки аз 19 май дар боздошт қарор дорад, рӯзи 10 декабр дар сухани ниҳоияш дар додгоҳ бори дигар ба бегуноҳиаш пой фишурда, гуфтааст, 28 сол ҳукми зиндонеро, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барояш хостааст, ҳамчун "5 маротиба ба қатл расондан ва баробари ба марг маҳкум кардан қабул мекунам." Зайд Саидов қазияашро бори дигар сиёсӣ хонда, вале гуфтааст, ҳанӯз умедвор аст, ки додгоҳ зимни судури ҳукми ӯ танҳо ба қонун такя мекунад.
Соҳибкори маъруф, собиқ вазири саноат ва раҳбари ҳизби сабтнашудаи Тоҷикистони нав аз рӯи чанд банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, дар умум бар пояи 15 модда муттаҳам мешавад.
Аммо асли парванда ва ончӣ дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов мегузарад, то ба ҳол танҳо ба маълумоти вакилони дифоъ ва Ожонси мубориза бо фасод, ниҳоди масъули тафтиши қазия маҳдуд мешавад. Вакилони дифоъ мегӯянд, азбаски дар ин парвандаҳо мӯҳри махфӣ зада шудааст, дар бораи онҳо то поёни додгоҳ иттилоъе дода наметавонанд.
Дар маҳофил мегӯянд, қазияи Зайд Саидов аз оғоз рангу оҳанги сиёсӣ дошт ва бо назардошти нақши бештар нотариалии додгоҳҳо дар низоми адлияи саропо сиёсатзадаи Тоҷикистон сарнавишти ин соҳибкори "густох" низ на дар "хонаи машваратӣ"-и Додгоҳи олӣ ва на аз сӯи қозияш Шавкат Абулхайров, балки дар доираҳои хеле болотар ё ба истилоҳ дар марказҳои қабули қарор ҳал хоҳад шуд. Ба гуфтаи аҳли назар, ҳамин марказҳо тасмим хоҳанд гирифт, ки Зайд Саидов озод шавад ё бояд дар зиндон бишинад?
Ахиран гурӯҳе аз чеҳраҳои саршиноси фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон тайи як нома ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, хостори дахолати ӯ ба қазияи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик шуданд. Мӯъмин Қаноат, Гулрухсори Сафӣ, Мамадшо Илолов ва Мӯсо Диноршоев-- чеҳраҳои саршиноси фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол дошта, хоҳиш кардаанд, ки дар мавриди сарнавишти Зайд Саидов, ки Додгоҳи олӣ дар остонаи содир кардани ҳукми ӯ мебошад, дахолат кунад.
Эълон шудааст, ки телевизионҳои давлатии Тоҷикистон шоми 25 декабр як барномаи махсусе дар бораи Зайд Саидов ва ҳукми ӯ нашр мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад