Камераҳои назоратии масоҷиди Кӯлоб ҳеҷ наворе сабт накардаанд

Аксари камераҳои назоратии масоҷиди Кӯлоб амалан ҳеҷ навореро сабт ва ҳифз намекардаанд. Ба имомхатибон супориш шудааст, то анҷоми соли 2014 ҳамаи камераҳои назоратиро фаъол гардонанд.

Зимни як санҷиши кормандони Шӯъбаи корҳои дохилаи Кӯлоб маълум шудааст, ки масоҷиди ҷомеи Кӯлоб, ки дар атрофашон камераҳои назоратӣ насб шудаанд, марказҳои ҳифзи навор надоранд. Як масъули шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ба шарти зикр нашудани исмаш ба Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши камераҳои назоратии масоҷид дар ҳоле иттифоқ афтод, ки онҳо барои бозкӯшоии як ҷиноят мехостанд, аз онҳо истифода баранд.

"Аслан, камераҳои назоратӣ бояд дар боз кардани ҷиноятҳо ба муфаттишон кӯмак расонанд. Вақте, ки онҳо дуруст кор мекунанд, ошкор кардани ҷиноят осонтар мешавад ва як далели хуб барои муфаттишон ҳам ҳаст. Ҳадафи насби камераҳо ҳам ба ҳамин хотир аст. Аммо мутаассифона дар аксар масҷидҳои шаҳр онҳо фаъол набуданд, ки мо ба имомхатибон супориши фаъол гардонидани онҳоро додем."

Дар ҳамин ҳол, Шариф Абдулҳамидов, намояндаи Кумитаи кор бо дин ва танзими расму оинҳо дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар ин минтақа 57 масҷиди ҷомеъ фаъол аст, ки дар ҳамаи онҳо камераҳои назоратӣ сабт шудаанд. Ҷаноби Абдулҳамидов мегӯяд, воқеан, имомхатибон чанд рӯзи пеш чунин супориш гирифта буданд ва ҳоло тақрибан тамоми камераҳои назоратӣ дубора фаъол шудаанд.

Ӯ гуфт: “Ин хел набуд, ки дар як масҷид ҳамаи камераҳои назоратиаш кор накунад. Масалан, аз чор камера як ё ду тоаш кор намекард. Ҳоло ҳамаашон кор мекунанд ва ҳатто дар вақти хомӯш шудани барқ, онҳо тариқи генератори барқӣ фаъол мешаванд. Мо худ ҳам зуд-зуд инҳоро хабар мегирем. Имомхатибон ҳам эҳсос мекунанд, ки камераҳо барои амнияти ҷомеа хеле муҳиманд.”

Дар муассисаҳои давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон насби наворгир ё дурбинҳои назоратӣ аввали соли 2011 оғоз ёфт. Ин иқдом дар сояи амалҳои террористии солҳои ахир ва афзоиши ошкор нашудани ҷиноёт бар асоси амри раисҷумҳури Тоҷикистон анҷом шуд. Ба дунболи ин амри раиси ҷумҳур, ҳамаи муассисоту идораҳо ва корхонаву марказҳои фароғативу истироҳатии давлативу хусусӣ муваззаф шуда буданд, то 15-уми апрели соли 2011 насби наворгирҳои назоратиро анҷом диҳанд.

Барои муассисаву корхонаҳо, харҷи насби наворгирҳои назоратӣ аз буҷаи мақомоти маҳаллӣ ихтисос дода шуда буд. Аммо корхонаҳои хусусӣ ва масҷидҳо ин иқдомро бо сармояи худ анҷом доданд.