Абдуманнон Додозода, раҳбари дастгоҳи Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи 28 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар интихоботи Маҷлиси Олӣ, ки қарор аст моҳи феврали соли оянда баргузор шавад, дар раъйдиҳӣ ва ҳисобу китоби овозҳо тағйироте нахоҳад буд. Дар робита ба истифодабарӣ аз фановариҳои муосир дар маъракаи интихоботӣ, аз ҷумла, насби системҳои ҷадиди компутарӣ ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз барномаеро рӯи даст нагирифтааст. Ба гуфтаи Абдуманнон Додзода, имкони таъмини беш аз 3200 қитъаи интихоботӣ бо компютерҳо ваё камераҳои назоратӣ айни ҳол ғайримумкин аст, зеро маблағ нест. Ӯ афзуд, «қаблан мехостем, ки рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагонро тартиб диҳем. Дар ин мавзӯъ ду сол пеш дар шаҳри Душанбе нишасте бо ширкати созмоҳнои байнулмиилалӣ ва мутахассисони интихоботӣ аз Украинаву Гурҷистон ҳам созмон дода будем. Аммо таҳияи ин рӯйхат аз сабаби набудани маблағ мавқуф гузошта шудааст».
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, барои таҳияи рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандаҳо дасти кам 2 миллион доллар зарур аст. «Интихоботи моҳи феврал чун интихоботи пештара баргузор мешавад ва шояд дар интихоботи соли 2020 ягон тағйирот шавад», мегӯяд Абдуманнон Додозода.
Вале Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мутмаин аст, ки дар қарни 21 интихобот бояд ҳатман бо истифода аз фанновариҳои муосир истифода шавад ва барои ин Тоҷикистон ҳам имкон дораду ҳам қудрат. Ӯ иддаеро, ки гӯё ҳукумат тавони бо камераҳои назоратӣ таъмин кардани қитъаҳои интихоботиро надорад, рад мекунад ва мегӯяд, сабаби аслӣ он аст, ки насби ин гуна камераҳо ба манфиати ҳукуматдорон ва ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ нест, зеро баъзе аз қонуншиканиҳо, аз ҷумла, ба қуттиҳои овоздиҳӣ андохтани даста-даста баргаҳои изофӣ ба манфиати ҳизби ҳоким ё номзади аз сӯи мақомот «пазируфташуда» ошкор хоҳанд шуд. «Агар гап сари маблағ равад, бубинед… дар Тоҷикистон барои бо компютеру дигар таҷҳизот таъмин кардани мактабҳо маблағи бузург сарф шудааст, ва зимнан,
беҳуда сарф шудааст, зеро дар аксар мактабҳо, аз ҷумла, дар деҳот онҳо аслан истифода намешаванд. Маблағи барои ин компутарҳои «намоишӣ» сарфшуда аз маблағи барои бо камераҳои назоратӣ таъмин кардани қитъаҳои интихоботӣ зарур даҳ баробар бештар аст». Раҳматулло Зоиров меафзояд, «барои назорати электронии ҳавзаҳо назар ба он маблағе, ки барои камераҳо дар вазорати умури дохила ва Кумитаи амнияти миллӣ насб кардаанд ва ё таҷхизоте, ки ҳукумат барои гӯш кардани телефонҳои мардум харидааст, даҳҳо баробар камтар маблағ зарур аст… Ва чаро барои гӯш кардани сӯҳбатҳои шаҳрвандон бояд маблағ ҷудо шаваду барои таъмини ҳатто нисбатан шаффофи интихобот не?».
Раҳматулло Зоиров аз он ҳам изҳори нигаронӣ кард, ки даҳ сол боз Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон батаҳияи рӯйхати ягонаи электронии интихобокунандагон муваффақ намешавад, ҳарчанд ваъдаи қатъӣ дода буданд, ки ин феҳрист то интихоботи парлумонии соли 2015 комилан таҳия хоҳад шуд. «Агар ҳозир ин рӯйхат мебуд, ман фикр мекунам, ки30-40 дар сади кафолати интихоботи шаффофу демократиро таъмин кардан мумкин буд. Чун ин рӯйхат нест, аз рӯи ҳисобу китоби мо, маҳз ҳамин қадар, яъне, 30-40 фоизи тақаллубҳо бо ширкати интихобкунандаҳо дар интихобот вобастагӣ дорад", мегӯяд мусоҳиби мо.
Солҳои ахир, дар бархе аз кишварҳои шӯравии собиқ, ба хотири озоду шаффоф доир кардани интихобот аз фановариҳои муосир фаровон истифода мешавад. Миёни онҳо, Эстония нахустин кишварест, ки аз соли 2007 ба ин сӯ интихобот ба парлумон аз тариқи интернет сурат мегирад. Барои ин 90 дар сади аҳолии кишвар бо ID-корт таъмин шудаанд, ки он ҳам чун санади шахсӣ ва ҳам чун ташхисдиҳандаи шаҳрванд дар ҳама хадамоти электронӣ хизмат мекунад. Рӯзи интихобот раъйдиҳанда қитъаи интихоботӣ намеравад, ӯ ID-корташро ба компютери хонагӣ ҷой мекунад, номи худро дар рӯйхати ягонаи электронӣ пайдо мекунад ва бо ворид намудани рамз ё PIN-и шахсӣ ба номзади дилхоҳаш овоз медиҳад. Баҳори соли равон шаҳрвандони имкони раъйдиҳӣ аз тариқи телефони ҳамроҳ – Mobil-ID-ро пайдо карданд.
Коршиносон мегӯянд, ки дар қиёс бо Эстония кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, дар “асри сангин” боқӣ мондаанд. Дар Тоҷикистон, бар пояи иттилои расмӣ, шумораи корбарони Интернет тақрибан 4
миллион нафарро ташкил мекунад. Ҳамзамон солҳои ахир суръати интернет дар кишвар хело боло рафтааст - бино бар гузориши Маркази таҳқиқи ченакҳои интернет -- Оokla, ки аввалҳои соли равон нашр шуд, суръати миёнаи интернет дар Тоҷикистон 12,20 мегабит дар сонияро ташкил дода, аз рӯйи ин шохис Тоҷикистон дар байни 188 кишвари ҷаҳон ҷойи 57-умро гирифтааст. Аз рӯйи ин шохис Тоҷикистон аз кишварҳое чун Италия, Бразилия, Ҳиндустон, Миср, Узбакистон, Кувайт, Сербия, Саудия, Куба ва ғайра болотар буда, дар ҳамсоягӣ бо Қазоқистон (ҷойи 52) қарор дорад, аммо аз аксар давлатҳои аврупоӣ, ИМА, Чину Муғулистон, Гурҷистон ва Молдова поинтар аст. Бо ишора ба ин Аҳмадшоҳ Комилзода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, шояд ҳоло замоне фаро расидааст, ки ҳукумат ҳадди аққал мавзӯи истифода аз фановариҳои муосир дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои кишварро матраҳ кунад. Зимнан, ба гуфтаи ӯ, “бо истифода аз фановариҳо Тоҷикистон, аз як сӯ, ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъмини шаффофият дар интихобот наздик мешавад ва дар бораи ғайридемократӣ гузаштани интихобот камтар танқид мешавад, аз сӯи дигар, таваҷҷуҳ мардум ба ин фановариҳову эътимодаш ба ҳукумат бештар мешавад”. Аммо таҳлилагр бо таассуф меафзояд, ки солҳои наздик ягон кишвари Осиёи Марказӣ аз истифодаи фановариҳои мусоир барои таъмини шаффофияти интихобот кор нахоҳад гирифт, зеро “режимҳои мустабид барои озоду демократӣ ва дар фазои рақобати сиёсӣ гузаштани интихобот манфиатдор нестанд”.
Галия Рабиева, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ки ӯ ва гурӯҳи вакилони парлумон бо таҷрибаи истифода аз фановариҳои муосир, аз ҷумла, таҷҳизоти электронии баршумурдани раъйҳо, дар интихоботи Русия ошно шудаанд. “Албатта, мо ҳам мехоҳем, ки ин гуна таҷҳизоти замонавӣ дошта бошем, вале, мутаассифона, шароити зарурӣ надорем, зеро дар Тоҷикистон мушкили барқ аст ва ин таҷҳизот ҳам арзон нест. Барои овоздиҳии интернетӣ бошад, система ё низоми қавии ҳифзи маълумот зарур аст, то ин маълумот аз ҳамлаи ҳакерҳо эмин бошад”, мегӯяд мусоҳиби мо.Хонум Рабиева меафзояд, ки дар Тоҷикистон барномаи “ҳукумати электронӣ” таҳия шудааст ва шояд дар чаҳорчӯби он истифода аз фановариҳои муосир дар маъракаҳои сиёсӣ низ матраҳ шавад.
Сиёсатмадори тоҷик мегӯяд, ки бори аввал ду сол пеш дар интихоботи президенти Русия аз веб-камераҳо ё камераҳои интернетӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ истифода бурданд, ки таҷрибае хубе буд. Истифода аз ин гуна камераҳо, ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳам мумкин аст, ба вижа, ки онҳо аллакай дар баъзе аз мактабҳои шаҳри Душанбе насб шудаанд.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Галия Рабиева, ҳоло “техникаву технология пеш меравад ва сӯиистифода аз он ҳам осон мешавад... Яъне, ҳамзамон ба истифодаи ин фановариҳо барои ҳафзамон бояд сохтору воҳидҳои махсус ҳам ташкил шаванд”.Зиёда аз ин, бояд таҷрибаи истифода аз ин фановариҳо омӯхта ва мутахассисони варзида тарбяи карда шаванд. Аз нигоҳи хонум Рабиева, хуб аст, ки ин мавзӯъ ҳам дар ҳукумат ва ҳам дар ҷомеъа ба миён гузошта шаванд, то ҳам мардум ва ҳам мақомот сари он андеша кунанд.