Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ аз хона то "Хонаи Худо" пуршебу фароз мешавад


Намозгузорон дар орзуи бозгашти айёмеанд, ки дар масҷидҳо онҳо буданду ҷойнамозу Худо.

...Хуршед, як сокини шаҳри Душанбе, аз ягон намози ҷамоат ақиб намемонад. Ӯ мегӯяд, ки агар “пояш дар гил” ҳам бошад, ҳама кору борро як сӯ гузошта ,сӯи масҷид мешитобад. Хуршед муҳандиси барқ аст, аммо дасташ дар корҳои сохтон ҳам чира шудааст ва гоҳ-гоҳ, ба гуфтаи худаш ”таксӣ мезанад”. Намози шомро ҳамеша дар масҷиди маҳалла мегузорад, вале намози хуфтанро дар манзилаш ҳамроҳ бо писари наврасаш адо мекунад, зеро солҳои ахир, ба гуфтаи ӯ, баъд аз намози шом дар масҷид тақрибан касе намемонад. Ягона чизе, ки Хуршедро ҳамеша нороҳат мекунад, дурбине аст, ки дар бинои масҷид гузошта шудааст. “Ду-се сол пеш беҳтар буд... мардум баъд аз намози шом ҳамроҳ ғизо мехӯрданд ва то фарорасии намози хуфтан сӯҳбат мекарданд. Албатта, гап фақат аз дину диёнат набуд, баъзеҳо аз ҳарфҳову шӯхиҳои ноҷо ва ғайбат парҳез намекарданд... Аммо ҳоло баъди шом дар масҷид касе нест, шояд аз камера (дурбин) ҳарос доранд...”

Сафарбек, мусоҳиби дигари мо мегӯяд, ки талош мекунад то дар намози ҷамоат ва намози ҷумъа ҳузур дошта бошад, аммо баъзан кори оҷиле садди роҳаш мешавад. Ба гуфтаи ӯ, “аз рӯи ҳадисҳо, савоби намози

ҷамоат назар ба намози танҳоӣ ҳафтод баробар бештар аст, аз ин рӯ ҳар марди мусалмон кӯшиш мекунад, ки дар ибодати дастаҷамъӣ ширкат дошта бошад”. Сафарбек ҳам аз он нороҳат аст, ки моҳҳои ахир назорат дар масҷидҳо сахт шудааст ва баъзан намозгузорон ҳатто ба ҳамдигар бо назари шубҳа менигаранд...

Аз нигоҳи донишманди илми фиқҳ Зубайдуллоҳи Розиқ, намози ҷамоат фалсафаи худро дорад ва мусалмонон дар масҷид ҷамъ омада, на фақат ибодат, балки бо ҳам муошират мекунанд, аз ҳоли ҳамдигар огаҳ мешаванд, дар баъзе масъалаҳои муҳим аз ҳамдигар машварат мегиранд. Ӯ мегӯяд, ки “замони Паёмбари ислом Муҳаммад (с) масҷид ҳам идораи давлатӣ буд, ҳам табобатхона буд, ҳам макони дастгирии фақиру мискинҳо буд, ҳам ҷойи маслиҳату машварат буд... Аммо ҳоло талош мекунанд, ки мардумро аз ҷамоат дур кунанд, байни масҷиду ҷомеъа тафриқа андозанд, аҳамияти масҷидро аз байн баранд...”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, айёми то шӯравӣ ҳар мусофирро дар масҷид меҳмон мекарданд ва ӯ он ҷо шабро рӯз мекарду ба роҳаш идома медод.

Зубайдуллоҳи Розиқ
Зубайдуллоҳи Розиқ

Ин анъана дар бархе аз шаҳру рустоҳои Эрону Афғонистон боқӣ мондааст. Вале дар кишварҳои Осиёи Марказӣ –Тоҷикистону Узбакистон масҷид ҳоло ба ҷое табдил шудааст, ки одамон намоз мехонанд ва зуд пароканда мешаванд, зеро медонанд, ки ҳар амалу ҳаракаташон таҳти назорат аст – дар ҳама масҷидҳои ҷомеъи Тоҷикистон дурбинҳо ё камераҳои назоратӣ гузошта шудаанд, дар Узбакистон бошад, дар ҳар ибодатгоҳ як ё ду корманди амниятӣ ҳамеша ҳозиру нозиранд. Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, масҷид ҷоест, ки кас худро он ҷо амну бояд ором эҳсос кунад, фишоре болояш набошад ва тамаркузаш фақат сӯи Худо бошад...

Масъулини ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Узбакистон сабаби таваҷҷӯҳ ба масҷидҳоро шарҳ намедиҳанд, вале коршиносон мегӯянд, ки ин пеш аз ҳама, бо таҳдиди гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабие чун “Ансоруллоҳ”-у

“Ҷундуллоҳ”, “Салафия”, Ҳизбуттаҳрир ва дар ин авохир – “Давлати исломӣ”, ки дар сафҳояш шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон ҳам меҷанганд, ва имкони дар минтақа нуфузу ҷойи пой пайдо кардани онҳо рабт мегирад. Бархе аз сиёсатмадорон далел пеш меоваранд, ки ҷунбиши “Толибон” дар масоҷиду мадрасаҳои Покистон арзи вуҷуд кард ва беш аз ду даҳсола боз Афғонистону Покистонро ба саҳнаи ҷанг табдил кардааст.

Мусоҳибони мо ҳам мегӯянд, ки ҳадаф, албатта, ҷилавгирӣ аз имкони бархӯрди байни намозгузорон, роҳ ёфтани ақидаҳои бегонаву ифротгароёна миёни мардум аст. Солҳои пеш дар баъзе масоҷид намозгузорон ва пайравони ҷараёни Салафия, ки дар бораи тарзи адои намоз назари дигар доранд, бо ҳам занозанӣ карданд... Аммо ҳамзамон ва шояд дар таҳкими ҳамон талоши ҷилавгирӣ аз терроризму ифротгароӣ, ба гуфтаи Зубайдуллоҳи Розиқ, дар масҷидҳо баъзан таблиғи сиёсати давлат ҳам сурат мегирад, барои тафсири қарорҳои муҳими ҳукумат мардумро дар масоҷид ҷамъ меоваранд, зеро ҳарфи мулло дар ҷомеа ҳанӯз ҳам эътибор дорад.

Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, дар дигар кишвари Осиёи Марказӣ – Қирғизистон, баъди ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастану ба ҷанги Сурия рафтани ҷавонони қирғиз, ба зарурати назорат аз болои масҷидҳо мутмаин шуданд. Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, ахиран дар як нишаст хостори тақвияти назорати масоили мазҳабӣ аз сӯи давлат шуд ва гуфт, ин кор бояд ба хотири амнияти давлат анҷом шавад. Ӯ гуфт, ки “чун сухан дар бораи масоили амнияти миллӣ меравад, танзими давлатӣ дар арсаи дин боз ҳам тақвият дода хоҳад шуд”.

Созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башару бархе кишварҳои пешрафтаи олам низ пайваста ба нақзи ҳуқуқҳои намозгузорон дар ду

Алмосбек Отамбоев дар сафи намозгузорон
Алмосбек Отамбоев дар сафи намозгузорон

кишвари минтақа - Тоҷикистону Узбекистон таъкид мекунанд. Дар гузориши ахири солонаи вазорати умури хориҷии Амрико оид ба озодиҳои мазҳабӣ, аз ҷумла, гуфта шуд, Тоҷикистон ягона кишвари олам аст, ки қонунҳояш фаъолияти динии афроди зери сини 18-соларо иҷоза намедиҳанд. Муаллифон таъкид кардаанд, ки занҳо ҳам бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон аз рафтан ба масҷид маҳрум мондаанд. Дар идомаи гузориш омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон гурӯҳҳои мазҳабии мамнӯъ ва ғайримамнӯъ ва аъзои онҳоро яксон мавриди озору азият қарор медиҳанд. Ба навиштаи муаллифони гузориш, "фаъолиятҳои динӣ дар Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон... фақат дар ҳоле метавонанд амалӣ шаванд, ки агар давлатҳо ба он иҷозат диҳанд».

Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон ҳоло дар кишвар 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 3591 масҷиди панҷвақта, 6 мадрасаи мутавассит, як ҷамоатхона ва як ҷамоатхонаи динии ғайриисломӣ фаъолият мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Ҳоҷӣ Абдулло Ҳабибов, дар Тоҷикистон масҷидҳое бунёд мешаванд, ки даҳ-бист сол пеш ҳатто орзуяшон маҳол буд. Яке аз ин гуна масҷидҳо, ки Ҳоҷӣ Абдулло масъули бунёдаш аст, бо ибтикори шаҳрдории Душанбе дар маҳаллаи “Автовокзал”-и Душанбе бунёд мешавад. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, айни ҳол корҳои сохтмонӣ тақрибан хатм шудаанд ва рӯзҳои наздик гунбадаш насб хоҳад шуд. Дар ин масҷид, ки тарҳашро меъмори маъруфи тоҷик Сироҷиддин Зуҳуриддинов бо назардошти анъанаҳои бунёди масоҷид дар Бухорову Самарқанд кашидааст, ҳамзамон севу ним ҳазор нафар метавонанд намоз гузоранд. Ҳоҷӣ Абдулло Ҳабибов ин масҷидро бештар маркази фарҳангиву исломӣ мехонад ва мегӯяд, қарор аст дар таҳхонаи он чанд хона барои омӯзиши компутару забонҳои хориҷӣ ҳам ҷудо карда шавад...

Аммо бархе аз мусоҳибони мо бо киноя мегӯянд, ки агар дар ин масҷид ҳам дурбинҳо сабт шаванду кормандони амниятӣ таҳти назорат бигиранд, шояд теъдоди забономӯзон аз намозгузорон бештар шавад. Зеро мусалмони асил ба он бартарӣ медиҳад, ки намозашро дар ҳар ҷое, ки набошад, орому осуда хонад, дар ҳоле хонад, ки ӯ бошаду ҷойнамозу Худо...

XS
SM
MD
LG