Як сокини лӯлитабори ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ барои ҳамқавмонаш дар ин минтақаи вилояти Хатлон мактаб сохтааст. Акбаралӣ Идолмасов, ин мактабдори, ба қавли худаш, "бе маълумот" мехоҳад, кӯдакони лӯлиро ба таълиму тарбия фаро бигирад. Дар ду деҳа - "Коммунизм" ва "Максим Горкий"-и ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ - беш аз 3 ҳазор лӯлӣ зиндагӣ мекунанд.
Одати дерина
Дидам, ки халқ бе хатту савод буд, тасмим гирифтам, аз калонҳо иҷозат гирифта ҳамин хонаҳоро мактаб кунем
Лӯлиён ё ҷӯгиҳо дар Тоҷикистон асосан ба талбандагӣ машғул ҳастанд ва волидон кӯдакони худро ҳар субҳ ба ҷои таҳсил ба талбандагӣ мефиристанд. Намояндагони ин қавм мегӯянд, ки талбандагӣ одати деринаи онҳост ва аз насл ба насл идома хоҳад кард. Акбаралӣ Идолмасов ҳам мегӯяд, то порсол ин маҳалли зисти онҳо мактаб надошт ва талоши мақомот барои ба мактабҳои дигар фиристодани фарзандони лӯлиён бе натиҷа буд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Акбралӣ Идолмасов соли гузашта бо 50 ҳазор сомонӣ як хона сохт ва дертар ба ин хулоса расид, ки он мактаб бошад. "Дидам, ки халқ бе хатту савод буд, тасмим гирифтам, аз калонҳо иҷозат гирифта ҳамин хонаҳоро мактаб кунем", - гуфт ӯ рӯзи 16-уми январ дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ.
Бо вуҷуди онки синфхона танг аст...
Ҳоло дар ин бино мактаби рақами 8 ҷойгир аст ва 60 кӯдак дар он таҳсил доранд. Инчунин, то 30 калонсол дар басти дувум ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо вуҷуди онки синфхонаҳо танг аст ва ҷой намерасад, Акбаралӣ Идолмасов кӯдаконро дар рӯзҳои таътил ба мактаб меорад ва ба хондан ташвиқ мекунад.
Фотима ва Заҳрои 8-сола моҳи сентябри соли гузашта ба мактаб рафтанд. Ин ду нафар бо вуҷуди хурдсол будан, шояд намунаҳои нахуст аз рӯйоварии лӯлиҳои деҳа ба зиндагии нав бошанд.
Ин хоҳарон рисолати худро шояд дарк намекунанд. Ҷойи талбандагӣ аз воситаи дигари таъмини рӯзгор ҳарф мезананд. Фотима ва Заҳро чун аз хона берун мешаванд, шомили муҳите мегарданд, ки ҳанӯз дар он афкори қабилавӣ устувор аст ва ҳам ба ояндасозии онҳо таъсир дорад.
"Ҳеч лӯлӣ барои қонуни масъулияти волидон ҷавобгар нашудааст"
Ҳафт писари Қизбас Ёвонова дар Русия муҳоҷири корӣ ҳастанд. Ӯ аз наслест, ки мехоҳад шеваи зиндагӣ ва дарёфти рӯзии лӯлӣ бояд тағйир накунад. Барои ин ваҷҳҳои динӣ меорад ва мегӯяд, аз замони Одаму Ҳаво ин фарҳанг боқӣ мондааст. Ин тасаввурҳои Қизбас Ёвонова, дар асл қонуни як қавм аст. Азбаски он ба ояндаи кӯдакон низ таъсир дорад, мақомот мехоҳанд нуфузи онро камтар кунанд.
Лӯлиҳо кӯдаконро ба талбандагӣ мефиристанд, ки хилофи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи волидон дар Тоҷикистон аст. Албатта, аз ҷониби мақомот, лӯлие барои нақзи қонуни падару модар ҷавобгар нашудааст. Ин маънои онро надорад, ки чунин далоил вуҷуд надорад. Дар идораи ҷамоати “Ҳаливард”, ки деҳаҳои лӯлинишини Комунизм ва Максим Горкий ба он шомиланд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, лӯлиҳо аз фарҳангҳои қаблии худ ба тадриҷ даст мекашанд.
"Лӯлиҳо ба зиндагии нав рӯ меоранд"
Як мақоми маҳаллӣ рӯзи 16-уми январ гуфт, "мунтазам дар деҳаҳои лӯлиҳо мулоқот мешавад. Шахсан худам бо зани лӯлиҳо дар бораи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар, оид ба таълиму тарбияи фарзандон вохӯрӣ гузарондам."
Ба гуфтаи ин мақоми маҳаллӣ шеваи таъмини молии лӯлиҳо аз чанд сол пеш фарқ мекунад. Ҳоло лӯлиҳо камтар ба талбандагӣ мераванд ва даромадашон аз хоҷагиҳои деҳқонист. Ду хоҷагии бузург дар ҳудуди ҷамоати “Ҳаливард” ба лӯлиҳо тааллуқ дорад ва онҳо аз онҷо рӯзии худро меёбанд. Мақомот мегӯянд, ин ҳам боис гардидааст, ки кӯдакон ба хотири талбандагӣ аз хона берун нараванд.
Орзуи Идолмасов
Аммо Акбаралӣ Идолмасов -- қаҳрамони достони мо, ки пайваста ба кӯдакон аз мактабу дониш мегӯяд, як намои талоши дигар аст, ки мехоҳад аз тариқи ҷалби кӯдакон ба таълим ҳаёти ҳамтаборони худро тағйир диҳад. Мегӯяд, агар дар инҷо як мактаби бузургтаре сохта шавад, вазъ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Орзуе, ки маълум нест чи гуна ва кай хоҳад расид.