Рӯзи 15-уми декабри имсол вазирону дигар аъзои ҳукумати Тоҷикистон баъди таъйин шудан дар мақомҳояшон дар ҳузури раиси ҷумҳур савганд хӯрданду таъзим ҳам карданд. Аксҳои вазирон бо сари хам баҳси зиёдеро дар вебсайти Радиои Озодӣ барангехт.
Ба бисёриҳо чунин кори вазирону раисон хуш наомадааст, ки онҳоро сахт танқид карда, гуфтаанд, "ифрот дар парастишу ситоиши ҳар нафаре кори дуруст нест ва ба манфиати ҷомеаи Тоҷикистон ҳам нест".
Шарҳи корбареро мехонем, ки худро "Ҳайрат" муаррифӣ кардааст: "Бояд ба номи мардуми Тоҷикистон савганд ёд кунед, чун маоши Шуморо мардум медиҳанд, на президент аз кисаи худ. Наход аз роҳи Туркманистон ва Кореяи Шимолӣ биравед? Чӣ пешрафту хубӣ доранд, ин давлатҳои диктотурӣ? Бо ин рафтор ояндаи фарзандонро аз даст медиҳем. Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя даҳҳо сол ақиб мемонад, ки пайомадҳои нохуш меорад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Корбари дигаре, ки худро дар вебсайти Радиои Озодӣ Шамс муаррифӣ кардааст, тарҳрезони чунин шеваи савганд ёд кардан дар ҳузури раиси ҷумҳур ва тарғибгарони мадҳу ситоиши ӯро танқид кардааст.
Ӯ менависад: “Қариб мондааст, ки барои вазифа ҷанобро Худо эълон кунед. Ба Худо, айб аст. Агар ба таърих назар андозем, дар давлатдории тоҷикон чунин корҳо набуд.”
Аммо як корбари дигаре гуфтааст, вазирону раисони кумитаҳои Тоҷикистон на дар назди раиси ҷумҳур сар хам мекунанд, балки таъзимашон баҳри китоби муқаддасе аст. Шарҳи ин корбарро, ки худро Файз муаррифӣ кардааст, аз вебсайти Радиои Озодӣ мехонем:
"Савганд ба номи президент нест. Он ҷо китоби муқаддасро ба даст гирифта, қасам мехӯранд, ки баҳри Ватани азизамон содиқона хизмат мекунанд. Онҳо дар назди китоби муқаддас таъзим карда истодаанд."
Воқеан, он чӣ ки дар дасти вазирону раисони кумитаҳо ҳаст ва ба раиси ҷумҳур медиҳанд, матни савганд аст ва на кадом як китоби муқаддасе, ки ин корбар гуфтааст.
Барномаро дар Ютуб бинед:"Онҳо дар назди китоби муқаддас таъзим карда истодаанд"
Як корбари дигаре ҳам дар вебсайти мо навиштааст, сари таъзим фуруд овардан дар назди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон айбе надорад ва чанд далел ҳам овардааст. Ин корбар худро "Одам" муаррифӣ кардааст ва бо муроҷиат ба онҳое, ки танқид кардааанд, чунин навиштааст:
"Як мулло чаҳор ҳарфи арабӣ нишон медиҳад, каме афсона нақл мекунад, то дами марг назди ӯ сар хам мекунед. Барои тамоми кори хонаатон муллоро меореду бологузар мекунед ва ин ҳеч гап надорад. Ин мард дар Тоҷикистон ин қадар ободӣ ва тинҷиву осудагӣ кардааст ва кӯтоҳи гап миллион баробар боло аст."
Аммо теъдоди зиёди корбарон гуфтаанд, метарсанд, ки чунин шеваи изҳори садоқат дар миёни тамоми мансабдорони Тоҷикистон ривоҷ меёбад.
Корбаре дар вебсайти мо бо киноя чунин навиштааст: "Президент – раиси ҳукумат. Яъне, тобеони ӯ дар пеши раисашон савганд мехӯранд. Анъанаи хуб, бояд давом дод. Муовинон дар пеши вазирон, сардорони сарраёсатҳо дар пеши муовинон, сардорони раёсатҳо дар пеши сардорони сарраёсатҳо, сардорони шӯъбаҳо дар пеши сардорони раёсатҳо, сардорони шӯъбачаҳо дар пеши сардорони шӯъбаҳо, сардорони бахшҳо дар пеши сардорони шӯъбаҳо, кормандони одӣ дар назди сардорони бахшҳо ва ҳамин тавр тамоми мардум бояд дар пеши роҳбарашон таъзим кунанд."
Корбари дигаре ҳам бо номи "Штирлитс" айни шарҳро дар вебсайти Радиои Озодӣ гузоштааст ва он ҳам ингуна: "Бадии кор дар ин аст, ки дар оянда таъзим ба ҳамаи мактаббачаҳо омӯзонида мешавад. Мебинед, ки дар вақти сафари ягон вазир, намояндаи ҳукумат, сарвари ҳукумат ба шаҳру ноҳияҳо таъзим ҳатмӣ мешавад. Таъзим накардӣ, "бо аҳли авлодат ифротӣ ҳастӣ" ва ба зиндон."
Шумо дар бораи таъзим кардан дар назди раиси ҷумҳур ва ё ҳар раҳбари дигар чӣ назар доред. Нависед, ё дар видео бигӯеду бифристед. Вотсап, Вайбер ва ё Телеграму Имо дорем. Охирин барномаи Озодӣ Онлайн дар соли 2020 ба поён расид. Соли наву хубе дошта бошед. То дидор дар барномаи оянда ва дар соли 2021.