Акмал Каримов, масъули ширкати сайёҳии “Love travel” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои онҳо низ номаълум аст, ки чаро Имороти Муттаҳидаи Арабӣ додани визаро барои тоҷикистониҳо мушкил кард.
«Аз худи Сафорат ба мо мактуб омад, ки ба мардон раводид намедиҳем. Аммо агар оилавӣ бошанд ё гурӯҳе, ки миёнашон зану мард ҳаст, ягон мушкил нест барои виза гирифтан,»-афзуд масъули ширкати сайёҳӣ.
Рад шудани дархостҳои раводиди сафар дар замонест, ки ба гуфтаи масъулони ширкатҳои сайёҳӣ, мавсими сафар ба шаҳрҳои Дубай ва Абу-Забӣ оғоз шуда, муроҷиатҳо низ зиёданд.
Акмал Каримов, масъули ширкати сайёҳии “Love travel” мегӯяд, бисёри муштариёни онҳо мардон буданд, ки ҳоло гирифтани раводид барояшон тақрибан номумкин шудааст.
Ба гуфтаи Каримов, «он ҷо гарм ҳам бошад, билетҳо арзон аст. Ҷавонон мехоҳанд гуруҳ-гуруҳ рафта, истироҳат кунанд. Мо ҳамин вазъиятро мефаҳмонем, ки бародарон, узр ки ҳаминхел вазъият шуда истодааст, мактуб, ки омад, мо ҳамин чизро иҷро мекунем.»
Чунин вазъ тоҷирони тоҷикро ҳам нигарон кардааст, ки тиҷораташон ба Дубай сахт вобаста аст. Онҳо нигаронанд, ки тиҷораташон зарари зиёд мебинад ва дар Тоҷикистон ҳам нархҳо боло мераванд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Яке аз ин тоҷирон 30-юми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин вазъ кори соҳибкоронеро мушкил мекунад, ки тиҷоратҳои бузург доранд.
«Соҳибкороне ҳастанд, ки 10-15 сол ба ворид кардани қисмҳои эҳтиётии мошин машғуланд ва гардиши савдояшон шояд 500 ҳазор доллар ё миллион доллар ҳаст. Ба онҳо таъсири калон мерасонанд. Онҳо бояд сари чанд вақт шартнома имзо кунанд, бо роҳбарон мулоқот мекунанд, дуруст, ки баъзе чизҳо бо интернет ҳал мешавад, аммо боз он ҷо буданашон ҳам шарт ҳаст,»-гуфт ин тоҷир.
Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ то ҳол шарҳ надодаанд, ки чаро мардони тоҷикро ба ин кишвар роҳ намедиҳанд. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, аз мушкил хабар доранд ва барои шарҳи масъала ба ҳамтоёни иморотии худ муроҷиат кардаанд.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, бахусус шаҳри Дубай солҳои ахир ба макони кор, тиҷорат ва сайёҳат барои як гуруҳ тоҷикистониҳо табдил шуда буд. Миёни Душанбе ва Дубай ҳафтае чор парвоз сурат мегирад.
Баъди ҳамла ба толори «Крокус» дар Маскав, ки ҳадди ақал 14 зодаи Тоҷикистон ба даст доштан дар он муттаҳам шуданд, сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷ мушкил шуд. Моҳи апрел имсол Туркия бидуни шарҳе низоми бераводид бо Тоҷикистонро аз байн бурд. Шаҳрвандони Тоҷикистон моҳи апрел шикоят доштанд, ки онҳоро ба Гурҷистон роҳ намедиҳанд.
Иддае тахмин мезананд, ки ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар Русия ва батакрор зикр шудани номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайванд ба чанд ҳамлаи террористӣ сабаби чунин тасмимҳо шудааст.