Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия дар Душанбе маркази додани раводид таъсис дод


Бинои сафорати Туркия дар Душанбе
Бинои сафорати Туркия дар Душанбе

Сафорати Туркия дар Душанбе маркази додани раводид ё виза таъсис додааст. Фаъолияташ рӯзи 5-уми август шуруъ хоҳад шуд. Ин тасмим пас аз севуним моҳи ҷорӣ шудани виза барои сафари тоҷикон ба Туркия эълон шуд.

Як намояндаи раёсати консулгарии Туркия дар Душанбе рӯзи 30-юми июл гуфт, дар ин марказ раводиди сайҳёӣ, корӣ ва таҳсилу тиҷорат медиҳанд. Дар Душанбе ба мисли ин маркази визадиҳии кишварҳои аврупоӣ ҳам амал мекунад.

Як масъули маркази визадиҳии Туркия, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, рӯзи сешанбе гуфт, тахминан 90 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани визаи сайёҳӣ муроҷиат мекунанд.

“Чунин виза 60 доллар нарх дорад ва барои сафари якдафъаина дода мешавад. Инчунин барои бимаи сафар ва хидматрасонӣ 120 доллар пешбинӣ шудааст. Дар маҷмуъ нархи раводиди сайёҳӣ ба 180 доллар баробар мешавад. Арзиши визаи корӣ бештар хоҳад буд,” – афзуд ӯ.

Корманди маркази визадиҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати дуруст будани санади дархосткунандаҳо муҳлати таҳияи он “3-5 рӯзро дар бар гирад”. Ин дар ҳолест, ки қаблан баъзе аз хосторони визаи сайёҳии Туркия ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ҳафтаҳои дароз мунтазири ҷавоб монданд.

Туркия дар моҳи апрели соли 2024 барои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон раводид ҷорӣ кард, вале далели онро шарҳ надод. Иддае тахмин мезананд, ки ҳодисаи “Крокус” дар Русия ва боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақши эҳтимолии онҳо дар ҳамла ба як калисои Туркия дар гузашта сабаби чунин тасмим шудааст.

Туркия дар миёни кишварҳое, ки рӯйи кору хидматрасонӣ ва тиҷорат дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд, мақоми 14-умро дорад. Гардиши солонаи мол миёни ду кишвар ба 363 миллион доллар расида буд, вале низоми раводид ба коҳиши он сабаб гардидааст.

XS
SM
MD
LG