Сафир: Беш аз 30 ҳазор тоҷикистонӣ дар Олмон ҳастанд

Йорк Шуграф

Йорк Шуграф, сафири Олмон дар Душанбе, гуфт, зиёда аз 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвари Аврупо кору зиндагӣ доранд, вале омори дақиқи паноҳҷӯён ва мухолифони ҳукуматро номбар накард.

Дар ҳоле ки баъзе аз сокинони Тоҷикистон дарёфти раводид ё визаи Олмонро душвор меноманд, сафир бовар дорад, ки дар як соли охир қабули муҳоҷирони забондон ва соҳиби касб сода шудааст. Аз ҷумла, тавассути “Корти имконият”. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз дипломати олмонӣ дар бораи ҳамкориҳои Душанбеву Берлин, таъсири ҷанги Русия ва риояи ҳуқуқи инсон низ пурсиданд.

“БА ТОҶИКИСТОНУ МИНТАҚА ТАВАҶҶУҲИ ВИЖА ДОРЕМ”

Радиои Озодӣ: Сатҳи ҳамкориҳоро миёни Тоҷикистон ва Олмон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Бештар ба кадом самт ҳаракат дорад?

Шумо шикояти онҳоеро шунидаед, ки виза нагирифтаанд. Аксари онҳое, ки виза мегиранд, чизе намегӯянду ором сафар мекунанд.

Йорк Шуграф: Тоҷикистон ва Олмон дӯстони қадимиянд. Робитаи фарҳангии мо решаи дуру дароз дорад. Олмон кишвари нахустини аврупоӣ аст, ки дар соли 1992 бо кишвари ҷавони Шумо муносибатро барқарор кард. Созмони GIZ ва KfW-и Олмон ва ниҳодҳои дигар дар бисёре аз гӯшаҳои кишваратон саҳми худро гузоштаанд. Дар бахши кишоварзӣ, энергетика, тиб ва ғайра. Ҳоло ҳамкории мо бештар ба масоили минтақаӣ, тағйирёбии иқлим ва мавзуъҳои дигар равона шудааст. Мо дар сиёсати хориҷӣ Тоҷикистонро шарики хуби худ медонем. Чанде пеш бо ташаббуси Олмон ва Намибия аҳдномаи наве дар бораи оянда қабул шуд. Тоҷикистон ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мусоидати бузург карданд, то дар ҳамаи самтҳо ҳамкорӣ карда тавонем. Навгонии дигар ин аст, ки Олмон як сол пеш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории минтақаиро сар кард. Ин маънои онро дорад, ки мо таваҷҷуҳи махсусе ба минтақа ва кишвари Шумо дорем.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон талошҳои Олмон дар масъалаи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ бисёр садо медод, аммо дар солҳои охир чунин нест. Чунин бардошт то куҷо дуруст аст?

Йорк Шуграф: Мо дар 20 соли охир дар ин ҷо сармоягузории назаррас кардем. Танҳо ба воситаи BMZ (Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд) 400 миллион евро ва дар бахшҳои дигар ба воситаи Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузориро ба роҳ монда будем. Айни ҳол тамркуз бештар ба ҳамкориҳои минтақаӣ аст. Мо Форуми “иқтисоди сабз”-и Осиёи Марказиро бо 250 миллион евро сармоягузорӣ кардем. Сарпарастии мо аз тарҳҳои дигар идома хоҳад ёфт. Дар масъалаи ҳамкориҳои саноатӣ ва сармоягузорони олмонӣ. Ҳамеша ин чолиш вуҷуд дошт, ки масофаи кишварҳои мо аз ҳамдигар бисёр дур аст. Зербиноҳо бояд ҷавобгӯ бошанд. Имкон ва шароити кор низ бояд хуб ва ҷавобгӯ бошад. Таваҷҷуҳи сармоягузорони олмонӣ ба Тоҷикистон ҳамеша ҳаст. Дар мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар Остона сармоягузорон ва соҳибкорони тоҷик бо ҳамкорони олмонии худ вохӯрда, сармоягузориро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи хоси мо ба соҳаҳои кӯҳканӣ, маъдан ва сохтани зербунёдҳо равона карда шудааст. Ба содироти маҳсулот низ таваҷҷуҳ дорем.

Масалан, соли гузашта ба бунёди нерӯгоҳи “Себзор” 10 миллион евро, барои тарҳи бузурги ташкилоти GIZ 20 миллион доллар ҷудо гардид. Ба 60 миллион евро ду тарҳи минтақаии дигар дорем. Яъне, ҳамкории мо давом хоҳад ёфт. Соли оянда дар Тоҷикистон дафтари ҳамкории минтақаии GIZ боз хоҳад шуд. Додугирифт қаноатбахш набошад ҳам, соли гузашта аз 60 миллион евро ба 80 миллион евро расид. Яъне, 30 дарсад афзуд. Мо аз кишвари Шумо ба Олмон кам маҳсулот ворид мекунем. Инҳо асосан маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ҳастанд. Тоҷикистон аз Олмон ба миқдори бисёр зиёд маҳсулот ворид мекунад. Агар мавзуъ перомуни сармоягузорӣ дар кишвари Шумо биравад, пас, бояд гуфт, ки ин тасмими шахсии соҳибкорони олмонӣ аст. Дар ин масъала зерсохторҳои кишвар ва чизҳои дигар ба назар гирифта мешаванд. Ҳоло як системаи олмонӣ ва аврупоие мавҷуд аст, ки агар ширкатҳои олмонӣ маҳсулотеро аз кишвари дигар ворид кардан хоҳанд, бояд собит созанд, ки шароити корӣ ба талабот ҷавобгӯ аст. Онҷо масъалаи ҳокимияти қонун ва ҳуқуқи инсон ба назар гирифта мешаванд.

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, ҷанги Русия дар Украина оё ба равобит миёни Тоҷикистон ва Олмон таъсир дошт?

Йорк Шуграф: Ин як суоли бисёр печида аст. Ман фикр мекунам, ҳамлаи ноодилонаи Русия ба як кишвари соҳибистиқлол ба тамоми низоми ҷаҳон таъсир дорад. Ман фикр мекунам, мо дар Тоҷикистон фаъол хоҳем монд. Аз нигоҳи сиёсӣ низ равобити мо беҳтар шудааст. Натиҷаи мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмонро дар Остона бинед. Дар онҷо тавзеҳотеро пайдо хоҳед кард, ки мо, ҳама, садри аъзами Олмон ва Осиёи Марказӣ аз оинномаи Созмони Милал ҷонибдорӣ менамоем, ки соҳибихтиёрии кишварҳо аз ҷониби кишварҳои қудратманд риоя бигардад.

“ОЛМОН ШАХСОНИ СОҲИБИ ТАХАССУСРО МУНТАЗИР АСТ”

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, бо назардошти бад шудани вазъи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия давлатҳои аврупоӣ ба қабули муҳоҷирон омодагӣ мебинанд. Баъзе аз кишварҳо барномаҳоеро роҳандозӣ кардаанд. Олмон дар ин замина барои қабули муҳоҷирони тоҷик чӣ пешниҳод ё барномаҳое дорад?

Йорк Шуграф: Ҳукумати федеролии Олмон ҳамчун кишвари муҳоҷирпазир чанд соли охир қонунҳое таҳия кард, ки аз тарафи порлумон пазируфта шуданд. Онҳо муҳоҷирати кориро сабуктар мегардонанд. Соли гузашта ин имконият ба муҳоҷирон дода шуд, ки агар забони англисӣ ё олмониро медонанд ва қарордоди корӣ доранд, ба Олмон сафар кунанд. Аз тобистони имсол “Корти имконият” пайдо шуд. Шаҳрвандони таҳсилдидаи Тоҷикистон, ки ба меъёрҳо посухгӯ ҳастанд, метавонанд ба Олмон бираванд ва сипас барои худ шуғле ёбанд. Ногуфта намонад, ки пас аз 5 сол иқомат метавонанд шаҳрвандӣ бигиранд. Бурдани аъзои оила низ барояшон осонтар шудааст. Олмон шахсони соҳиби тахассусро ҳамеша мунтазир аст.

Радиои Озодӣ: Ин барномаи сафар ё корте, ки гуфтед, чӣ талабот ё низомнома дорад? Масалан, агар ҷавонони тоҷик бихоҳанд сафар кунанд, бояд чӣ кор кунанд?

Йорк Шуграф: Ин корт ба мисли Австралия ва Зеландияи Нав ҷойи кории аниқ ва муайян наметалабад. Аввал онҳое интихоб мегарданд, ки ба талаботи бозори кор ва ҷомеаи Олмон ҷавобгӯ ҳастанд. Яъне, забон медонанд, соҳиби касб ҳастанд ва ғайра. Ба онҳое, ки ин мавзуъ барояшон ҷолиб аст, тавсия медиҳам, дар вебсайти ҳукумати федеролӣ (ба забони русӣ низ ҳаст) маълумот бигиранд. Агар ба ин талабот розӣ ҳастанд, метавонанд раводидро аз сафорати мо бигиранд.

Радиои Озодӣ: Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки дарёфти виза ё раводиди сафар ба Олмон душвор аст ва донистан мехоҳанд, ки чаро?

Йорк Шуграф: Ин суол барои ман ошност. Мушкил ин аст, ки Шумо танҳо шикояти онҳоеро шунидаед, ки виза нагирифтаанд. Аксари онҳое, ки виза мегиранд, чизе намегӯянду ором сафар мекунанд. Бино ба қонунҳои “Шенген” ва қоидаҳои Олмон, ҳуҷҷатҳоро мӯшикофона месанҷем ва ба онҳое, ки бо шартнома ё гувоҳномаи нодуруст ариза пешниҳод мекунанд, посухи рад медиҳем. Дар соли 2023 зиёда аз 4000 виза додем, ки нисбат ба соле пеш аз он бештар аст.

Лаҳзае аз суҳбат

КИРО БОЗДОШТУ ТАСЛИМ МЕКУНАНД, КИРО НЕ

Радиои Озодӣ: Чӣ қадар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон кору зиндагӣ мекунанд? Маълум аст, ки чӣ шуморе паноҳҷӯ ё паноҳандаи сиёсӣ ҳастанд?

Йорк Шуграф: Зиёда аз 30 ҳазор тоҷикистонӣ дар Олмон истиқомат доранд. Шумораи онҳоеро, ки паноҳҷӯ ҳастанд, намедонам. Сиёсати ҳукумати федеролӣ ҳаст, ки ин оморро расонаӣ намекунад.

Радиои Озодӣ: Оё ҳузури мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар Олмон ба ҳамкориҳо миёни Душанбеву Берлин таъсире дошт ё дорад?

Йорк Шуграф: Дар расонаҳо ин нукта ҳамеша нодуруст инъикос меёбад, ки гуё дар Олмон танҳо мухолифон ба сар мебаранд. Дар Олмон табибон, коргарон, ҳунармандон ҳастанд ва онҳое низ, ки худро мухолиф медонанд. Маҳз онҳо дар ҷомеа дар мадди назаранд. Зеро онҳо аз озодии баён ва ҳуқуқи инсон дар Олмон истифода мекунанд. Ҳам барои ҳукумати федеролӣ ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон одамоне, ки дар давлати якдигар умр ба сар мебаранд, боигарие ҳастанд, ки ба таҳкурсии муносибатҳои дуҷониба осебе намерасонанд.

Радиои Озодӣ: Дуруст, вале ҳузури мухолифон метавонад таъсир гузорад? Бо назардошти он ки аз ҷониби Олмон ё кишварҳои дигари аврупоӣ баъзе аз мухолифони ҳукумат ё фаъолони сиёсӣ истирдод мешаванд...

Йорк Шуграф: Ман танҳо назари ҷониби Олмонро дар ин замина баён мекунам. Дар Олмон ин гуна аст: баъзан онҳое ҳам, ки мақоми паноҳандагӣ ё гурезагӣ доранд, ихроҷ карда мешаванд. Онҳое, ки даст ба ҷиноятҳои вазнин, ба мисли куштор, терроризм ва ғайра мезананд, бар асоси қонунҳои Олмон маҳкум мегарданд, бозпас фиристода, ба мақомоти дахлдор супорида мешаванд. Чунин амал зери назари Конвенсияи ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад. Дигар ин ки мо бо Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо терроризм ҳамкорӣ дорем.

Радиои Озодӣ: Солҳои охир чунин ба назар мерасад, ки Олмон ва кишварҳои дигари Аврупо фаъолони сиёсӣ ё мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро ба осонӣ аз қаламрави худ истирдод ё ихроҷ мекунанд. Ҷаноби сафир, ба назари Шумо ин хилофи ҳифзи ҳуқуқи инсон нест?

Йорк Шуграф: Агар чунин аст, пас, Шумо бояд ба ман мисоле биёваред. Ман ба суол аллакай ҷавоб додам, ки ҳукумати федеролӣ ҳеч шахсеро, ки воқеан мақоми гуреза ё паноҳҷӯ дорад, истирдод намекунад.

“КӮШИШ ДОРЕМ, ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БЕҲТАР ГАРДАД

Радиои Озодӣ: Суоли дигар ин аст, ки Олмон ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳимояи ҳуқуқи журналистон изҳорот пахш мекарданд, вале дар ин чанд соли охир чунин ба назар намерасад. Сабаб дар чист?

Йорк Шуграф: Ман як сол боз дар инҷо ҳастам ва дақиқ гуфта наметавонам, ки дар гузашта чӣ гуна буд. Ҳоло ин гуна аст, ки ҳукумати федеролӣ масъалаи ҳуқуқи инсоро дар мадди аввал мегузорад. Вазорате, ки ман аз онҷо омадам, роҳбарияшро вазир аз ҳизби “Сабз” ба уҳда дорад. Мо, сафирон, ҳамаи кӯшишамонро ба харҷ медиҳем, ки дар ҳама ҷойи дунё вазъи ҳуқуқи инсон беҳтар гардад.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, дар робита ба ҳамин масъала мехостам як чизи дигарро пурсам, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Олмон ҳастанд, дар Тоҷикистон бо гуноҳи терроризм ё ифротгароӣ муттаҳам шудаанд, яъне нисбаташон парванда боз шудааст. Оё дидгоҳҳои ҷониби Олмон бо Тоҷикистон дар шинохти терроризм ва мубориза ба он тафовуте дорад?

Йорк Шуграф

Йорк Шуграф: Дар Олмон террорист шахсе ҳаст, ки бар асоси қонун ҳукми терроризм мегирад. Баъзе аз тоҷиконе буданд, ки воқеан дар Олмон ва Австрия ба чунин амалҳо даст заданд ва инҳо воқеан террорист ҳастанд, аммо дигарон ба ин шомил намешаванд. Ин ки ҳукумати Тоҷикистон онҳоро чӣ меномад, бояд Шумо инҷо бо ҳукумати Тоҷикистон баҳс кунед.

Радиои Озодӣ: Созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон аз садри аъзами Олмон хоста буданд, ки масъалаи ҳуқуқи инсонро дар дидор бо сарони Осиёи Марказӣ баррасӣ кунад, вале зоҳиран чунин нашуд, чаро?

Йорк Шуграф: Зоҳиран Шумо ин масъаларо аз ман хубтар медонед. То ҷое ки ман мебинам, он суҳбатҳое, ки аз се қисм иборат буданд, дар паси дарҳои баста сурат гирифтанд. Созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон ва ман ҳам онҷо набудем. Гуфта наметавонем, ки чиҳо гуфта шуд. Аммо дар иттилоия дидан мумкин аст, ки дар бораи ҳуқуқи инсон суҳбат шудааст. Ин як ҷузъе аз он мулоқоти стратегӣ буд.

Радиои Озодӣ: Дурнамои ҳамкориҳоро чӣ гуна дидан мехоҳед?

Йорк Шуграф: Моҳи ноябр мо сафари як ҳайати воломақомро аз Олмон интизорем. Дар бораи масоили сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ суҳбат хоҳад шуд. Ман дар инҷо бо ҳукумат дар гуфтугӯ ҳастам. Сафири Шумо дар Берлин ҳамкории бисёр хубе бо мақомоти Олмон дорад. Ман аз сатҳи ҳамкориҳо қонеъ ҳастам, аммо фикр мекунам, ки ҳамкориҳоро бояд боз рушд диҳем.

Радиои Озодӣ: Бардошти Шумо аз Тоҷикистон, ҳамчун кишваре, ки дар он кор мекунед, чӣ гуна аст?

Йорк Шуграф: Ман хушбахтам, ки тӯли як сол инҷо ҳастам. Муҳимтарин чизи хуби ин кишвар, ман фикр мекунам, мардумаш ҳаст. Ҳафтае пеш дар бозор будам. Як бонуи фурӯшанда ба ман туҳфа дод, ки маънои “хуш омадед”-ро дошт. Чунин ҳолат зуд-зуд дида мешавад. Таассуроти хуб медиҳад. Кӯҳҳои сарбаланди сарзамини Шумо маро мафтун мекунанд. Чанде пеш дар Искандаркӯл будам, пиёда гаштам, табиати афсонавӣ дорад. Вақте пиёда мегардеду хаста мешавед ва бармегардеду болои кат нишаста, оби ҷав менӯшед, ҳаловати нотакрор дорад. Ман аз ин бисёр хурсанд ҳастам.

Навори мусоҳибаро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо сафири Олмон дар Тоҷикистон